Осорхонаи мактабӣ ва вазифаҳои он

Мутахассисони риштаи осорхонадорӣ осорхонаи мактабиро ҳамчун, яке аз падидаҳои назарраси фарҳанги миллӣ ва маориф шинохтаанд.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ҳангоми ифтитоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Осорхона – оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирўзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад». Таъсис ва ташкил намудани осорхонаи мактабӣ тақозои замона буда, чунине ки дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Тарбияи миллӣ ташаккули тафаккури миллии шаҳрвандро дар назар дорад. Он ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрўзи миллат, аз нав эҳё намудани урфу одат ва анъаноти арзишманди миллӣ, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарҳанги миллӣ, эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад. Тавассути тарбияи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, шаҳрванд бояд мутааллиқи миллат, давлати соҳибистиқлол, соҳиби Ватан ва ҳуқуқу озодиҳо будани худро дарк кунад, онҳоро эҳтиром намояд. Донад, ки вазифаҳои ў дар назди давлат, ҷамъият ва оила аз чӣ иборат аст. Баҳри иҷрои онҳо ҷидду ҷаҳд намояд. Манфиатҳои худро бо манфиати давлат, ҷомеа ва оила пайваста тавонад».

Шаҳрванд бояд қадру қимати худро донад, онро ҳимоя намояд, аз миллат, таърих ва фарҳанги хеш бохабар бошад ва онҳоро гиромӣ донад. 

Хусусиятҳои зинаҳои имрўзии рушди осорхонаҳои мактабиро метавон чунин номгузорӣ кард:

Дар айни замон раванди ислоҳоти соҳавии осорхонаҳои мактабӣ идома дорад. Ба ин бештар намоишҳои мавзўии ҳарбӣ-таърихӣ дахл дорад, ки дар он мавзўъҳои мазкур мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, корҳои зиёди вокунишии ҷустуҷўӣ сарф шудааст. Одатан, дар осорхонаҳо корҳо дар ташкили намоишҳо оид ба таърихи муассисаи таълимӣ, шаҳрак, деҳа, дар бораи хатмкунандагон ва омўзгорони мактаб оғоз меёбанд. Дар осорхона мавод оид ба ҳодисаҳо дар «нуқтаҳои муҳим» иникоси худро меёбанд. Имрўз шавқу рағбати хонандагон ба таърихи муассисаҳои таълимии худ зиёд шудааст. Солҳои охир дар Тоҷикистон осорхонаҳои таърихии мактабӣ зиёде ифтитоҳ ёфтанд. Имрўз осорхонаи таърихи мактаб ба қисми ҷудонашавандаи раванди таълимӣ-тарбиявии муассисаи таълимӣ табдил ёфтааст. Ташкилкунандагони осорхона мутмаин ҳастанд, ки таърихи мактаб – ин таърихи ҳаёти якчанд насл, ҷузъе аз таърихи кишвар ва ҳар як оила дар алоҳидагӣ.

Дар айни замон бо боварии комил метавон таъкид кард, ки фазои педагогӣ-осорхонавии осорхонаи мактабӣ таҳияи шакли нави муҳити зист буда, ҳамчун ба қисми таркибии маърифати фарҳангии замони муосир табдил ёфтааст.

Бояд гуфт, ки масъалаи ҷиҳати кушодани осорхонаи мактабӣ аз тарафи Шўрои муассисаи таълимӣ ва ё Шўрои омўзгорон баррасӣ мегардад. Қарор дар бораи ифтитоҳи осорхона бо мақомоти шўъбаи маориф тасдиқ карда шуда, сипас бо фармони мудири мактаб ба тасвиб мерасад. Дар фармони мудири мактаб дар мавриди омўзиши осорхонаи мактабӣ, соҳаи осорхона ва сарвари он тазаккур дода мешавад. Санаи ба имзо расидани ин ҳуҷҷат ҳамчунин рўзи таъсиси осохона ба ҳисоб меравад. Мудири муассисаи таълимӣ ва сарвари осорхонаи мактабӣ барои амнияти фонд ва фаъолияти пурсамари осорхона масъулияти комил доранд.

Мақсудҷон ВАСИХОВ,
корманди илмии Осорхонаи ба номи
А.Рўдакии шаҳри Панҷакент,
унвонҷўи Пажўҳишгоҳи рушди
маориф ба номи А. Ҷомии АТТ

Add comment


Security code
Refresh