Биҳиштест «Зумрад»…

Муколамаи ошноӣ

Сўҳбати мо бо сарвари ҷавони навтаъиншудаи осоишгоҳи «Зумрад» Абдулмўъмин Ҳалимов замоне ба вуқуъ омад, ки мавсуф ҳамчун номзад ба вакилии маҷлиси шаҳрӣ дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Исфара ба қайд гирифта шуда буд ва ба вохўрӣ бо мардум тайёрӣ медид.

Бо меҳру садоқат аз пешрафту гулгулшукуфии Ватани азизамон сухан гуфта, ёдовар шуд, ки ин ҳама бахту иқбол, саодати рўзгори тоҷикону тоҷикистониён ба шарофати талошҳои ҷонсупоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мардуми мо гардидааст.

- Торафт ободу зеботар шудани ҳар як гўшаву канори кишварамон, баланд гаштани сатҳи зиндагии ҳамватанон ва, аз ҳама асосиаш, тинҷиву амонӣ дар мамлакат боиси ҳаваси бисёр давлатҳо мегардад. Мо бояд бо шукрона аз ин ҳаёту аз ин тараққиёт сарзаминамонро дўст дорем ва баҳри боз ҳам шўҳрати ҷаҳонӣ ёфтани он саҳмгузор шавем,-гуфт Абдумўъмин Ҳалимов ва афзуд:

- «Зумрад» ба осоишгоҳи дорои тамоми шароити фароғату табобати ҷавобгў ба меъёрҳои байналхалқӣ мубаддал гашта, истироҳаткунандагонро на фақат аз дохили кишвар, балки хориҷ аз он низ пазироӣ ва меҳмондорӣ хоҳад кард.

Қабои нав ба бар мегирад “Зумрад”

Баъди ба сари вазифаи роҳбарии осоишгоҳ омадани Абдулмўъмин Ҳалимов корҳои созандагиву ободкорӣ дар ин макон ҷўшу хурўши тоза пайдо кард.

Баъзе биноҳои кўҳна аз миён бардошта шудаву дигар иншоот таъмир ва таҷдид шуданд. Аз ҷумла, хобгоҳи рақами 4, ошёнаи дуюми ошхона барои 300 ҷои нишаст, коттеҷҳо барои 20 нафар куллан таъмир гашта, азнавсозии фермаи ширию молӣ барои 100 сар чорвои калони шохдор, сохтмони пойгоҳи бетонтайёркунӣ, кофтани чоҳи амудӣ баҳри таъмини истироҳаткунандагон бо оби хушсифати нўшокӣ ба охир расид.

Алҳол бунёди 4 гармхонаи бузург дар масоҳати 0,42 га дар арафаи анҷомёбӣ буда, аллакай дар яке аз онҳо 10 ҳазор калитаки гул шинонида шуда, аз дигаре зиёда аз 1 тонна бодиринг ҷамъоварӣ ва ба дастархони мизоҷон пешниҳод гардид. ҳоло 3 ҳазор дона лимў пухта расидаву он низ ба ошхонаи осоишгоҳ пешкаш мешавад.

Ҳудуди осоишгоҳ пурра сабзу гулзор карда шуда, бунёди фаввораву шаршараҳои сунъии зебо ва айвончаҳои базеби муосир шурўъ гардидааст.

Бо мақсади тамошо додани ҷойҳои таърихии Исфара ва сайру саёҳати меҳмонони осоишгоҳ микроавтобуси нави «Мерседес» харида шуд.

-Дар оянда биноҳои нави баландошёнаи дамгирию табобатии муҷаҳҳаз бо ҳама дастгоҳу таҷҳизоти нави замонавӣ қомат рост карда, сифати хизматрасонӣ дар осоишгоҳ ба дараҷаи ҷаҳонӣ баробар карда мешавад. Аз ҷумла, сохтмони хобгоҳи ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгў барои 300 нафар, оғози сохтмони маркази ташхисиву табобатӣ ва бинои нави табобатии ҳозиразамон, бунёди фермаи парандапарварӣ барои 20 ҳазор сар мурғ аз нақшаҳои минбаъда дар самти ободонии осоишгоҳ маҳсуб меёбад.

Дар умум, «Зумрад» ояндаи наздик қабои наву рангин ва ҷозибу ҷолиб ба бар гирифта, бо симо ва намои дилрабояш як гўшаи афсонавии Исфараи биҳиштосо мегардад.

Шоири панҷакентӣ Исмоил Зарифӣ солиёни зиёд аст, ки дар осоишгоҳи «Зумрад» истироҳати хешро мегузаронад. Ў ин макони фароғату табобатро бо ихлосу сипос ҷойгоҳи беҳтарини илҳоми хеш медонад ва изҳор мекунад, ки дар маҷмўаи охирини худ бо номи «Лаҳзае то ҷовидон» боби алоҳидаеро таҳти унвони «Аз дафтари «Зумрад» ҷой додааст. Ин байтҳо аз меҳру муҳаббати шоир ба осоишгоҳи овозадор гувоҳӣ медиҳанд:

Гар расӣ бар дари «Зумрад», ту сафо меёбӣ,

Ба ҳама дарди тани хеш шифо меёбӣ.

Дард бидруд бигўяд ба тани хастаи ту,

Шодкомӣ ту аз ин ҷоми бақо меёбӣ.

-Имрўз дар кишварамон шумораи хонаҳои истироҳатӣ ва санаторияҳо бамаротиб афзудааст. Вале «Зумрад» рақобатнопазир аст,-изҳор дошт шоир ва донишманди тоҷик Мирзо Шукурзода ва илова намуд:-Соли пешин ба ифтихори ҷашни 40-солагии ин гўшаи афсонавии диёр ҳамроҳи адиби шинохта Бобоҷон Икромов асаре бо номи «Меъмори кохи дилафрўз» аз чоп баровардем. Ман итминон дорам, ки бо азму талоши роҳбари нав ин махзани солимиву офиятбахшӣ солҳои наздик симояшро куллан дигар мекунад ва ба мавзеи дўстдоштарини мардуми Тоҷикистон ва аҳолии кишварҳои хориҷи дуру наздик табдил меёбад.

Дар анҷом

Бояд зикр намуд, ки алъон дар осоишгоҳи «Зумрад» наздик 200 нафар истироҳаткунанда аз тамоми гўшаву канори мамлакат ба табобату фароғат фаро гирифта шудаанд.

Шумораи хоҳишмандон рўз аз рўз афзуда истодааст ва, бешак, дар мавсими баҳору тобистон теъдоди онҳо бамаротиб зиёд мегардад. Аз ин хотир дар осоишгоҳ аз имрўз сар карда, корҳои бунёднамоиву навсозӣ, ободониву сабзу гулзоркунӣ вусъати тоза касб кардааст.

Ҷомеаи меҳнатии ин махзани дармону шифо шурўъ аз роҳбар то табибону ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони хоҷагиву техникӣ саъй бар он доранд, ки ҳар як меҳмони бо умеду боварӣ ба осоишгоҳи овозадор меомадаро бо маърифати баланд, муносибати гарму самимӣ ва масъулияти комил истиқбол гирифта, барои онҳо ҳамаи шароити хизмату табобати аълодараҷаро муҳайё намоянд.

Субҳиддин САЙФИДДИНОВ,
Мухтадил ҶЎРАЕВ,
аъзои Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh