Пири ҳунармандон

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миилат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бобати эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомўзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин ва ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани сафи занҳои муҳоҷир тўли чанд сол аст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сўзанидўзӣ, атласу адрасбофӣ рушд карда, дар ин муддат дар вилоят зиёда аз 150 маркази таълимию истеҳсолӣ таъсис ёфтаанд. Наздик 250 нафар ҳунарманд хушҳол аз он ҳастанд, ки метавонанд ин ҳунари аҷдодиро ба беш аз 1200 нафар шогирд омўзонида, нозукиҳои адрасбофиро сари 500 дастгоҳи атласу адрасбофӣ нишаста, аз худ намоянд.

Хабари хуш парвоз дорад, мегўянд дар урфият. Иқдоми неки эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ Иброҳимҷон Мамадҷонови айни ҳол 83 - соларо хушнуд сохт. Шукри давлати соҳибистиқлол кард, ки барои давом додани касби аҷдодӣ-адрасбофӣ шароит муҳайё гашту метавонад насли навинро бо ҳунари ниёгон ошно намояд.

Зодаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иброҳимҷон-амак ҳанўз аз солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз падару амакҳояш атласбофиро омўхт. Вақте мардону ҷавонписаронро ба ҷанг бурданд, ў ҳамагӣ ҳафт сол дошту ҳамроҳи модараш дар хона бо ин ҳунар машғул буд. Баробари таҳсил дар мактаби ҳафтсола бештар бо меҳнати хонагӣ машғул буданду карбос мебофтанд, ҳам барои худ ризқу рўзӣ мекарданду ҳам барои ғолибият бар адў ҳисса мегузоштанд. Солҳои баъдиҷангӣ аз меҳнати хонагӣ ба фаъолияти артел гузаштанд.

Даъват ба сафи армия Иброҳимҷонро ҳидоятгар ба сўи қуллаи донишу маърифат гардид. Мутахассиси хуби соҳаи сохтмон шуда, ба Ватан баргашт. Дар сохтани як қатор иншооти бузург саҳмгузор гардид. Меҳнати фидокорона ва бурдборонааш сабаб гардид, ки соли 1966 унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро сазовор шуд. Ҷавони соҳибзавқ Иброҳимҷон бо вуҷуди дўст доштани касби бинокорӣ аз ҳунари аҷдодӣ дил канда натавонист. Меҳри атласу адрасбофӣ дар қалбаш маъво гирифта, ҳамроҳи фарзандони ба ҷон баробараш Саодатхону Назокатбону, Оминаҷону Исмоилҷон (шодравон), Исроилу Исобой, Майрамнисову Муҳайёхон ва Мавлудабону, 29 набераву 45 аберааш идомабахши ин ҳунари аҷдодианд. Чабераи дўстрўякаш Абдуҷалил низ бо завқи кўдакона мехоҳад аз нозукиҳои ин ҳунари воло бохабар бошад.

Иқдоми неки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ эҳёи анъанаҳои миллиро пири ҳунармандон ба некӣ пазируфт. Шод аз он шуд, ки дар вилоят ҳунари атласу адрасбофӣ аз нав рушд мекунад. Чун дўстдори касби аҷдодӣ буд, ба бузургсолиаш нигоҳ накарда, бо азму ғайрати дучанд ба фаъолият пардохт.

Аз моҳи августи соли 2015 Иброҳимҷон Мамадҷонов зиёда аз 200 шогирдро ба тарбияи худ гирифта, ҳунари атласу адрасбофӣ омўзонд. Имрўз ин марди хирад давраи пирӣ меронаду шод аз он аст, ки номи неки худро дар симои садҳо шогирду ҳунаромўзон ва пайвандони хеш мебинад.

Марҳабо ИСОБОЕВА,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh