«Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо»

Соли 2016 нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд китоби адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Матлубаи Мирзоюнусро таҳти унвони «Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо» интишор намуд, ки маҷмўи мақолаҳои солҳои охир навиштаи ин олимаи номвари тоҷикро гирд овардааст.

Китоб шомили 516 саҳифа буда, масъалаҳои мухталифи адабиёти форсу тоҷик, адабиёти муосир, нақди адабӣ, равобити адабӣ, муколамаи фарҳангҳо ва шинохти мероси занони суханвари форсу тоҷикро фаро гирифтааст.

Зимнан бояд гуфт, ки то имрўз Матлубаи Мирзоюнус бештар аз 150 осори илмӣ ва илмиву методиро дар шинохти адабиёти форсу тоҷик таълиф намуда, асарҳои ў аз қабили «Дар ҷустуҷўи ҷони сухан», «Масъалаҳои сабкшиносӣ», «Таҳлили услуби осори адабӣ», «Шукуфаи андўҳ», «Шамъи Тироз», «Ҳамзоди тўфон», «Пушкин и Восток», «Голубая родина Фирдоуси» (ду китоби охир дар ҳаммуаллифии профессор Б.Ҳоҷибоева) дар шинохти адабиёт ва рушди адабиётшиносии тоҷик нақши мунир доранд.

Матлубаи Мирзоюнус зимни осори илмии хеш бештар ба тадқиқ, бозтобу бозгўии нақш ва мақоми занони порсигўй дар таърихи адабиёти форсӣ, зиндагию осор ва виҷагиҳои мероси маънавии онон таваҷҷўҳ кардааст, ки ҳосили ин паҷўҳишот боиси нашри рисолаҳое аз силсилаи «Хубони форсигў» - «Сиришке дар лола» (Нигоҳ ба зиндагӣ ва осори Робияи Балхӣ), «Шукуфаи андўҳ» (Нигоҳе ба зиндагӣ ва ашъори Фурўғи Фаррухзод), «Шамъи Тироз» (Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Маҳастӣ), «Ҳамзоди тўфон» (Нигоҳе ба зиндагӣ ва ашъори Гулрухсор) гардидаанд.

Китоби «Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо», ки ба шинохти назму наср ва нақди адабии марҳалаҳои гуногун бахшида шудааст, шомили ҳафт бахш аст ва чунонки худи муаллиф дар пешгуфтори китоби мазкур қайд мекунад, «мақолоти дохили бахшҳо на аз рўи тартиби навишташуданашон, балки тибқи замони зиндагии адибоне, ки дар бораашон сухан меравад, ҷойгузин гаштаанд».

Муаллифи асар бахшҳоро аз рўи алоқамандии мазомину мўҳтаво дастабандӣ кардааст. Бахши аввали маҷмўаи мазкур «Масъалаҳои таърихи адабиёт ва сабкшиносӣ» унвон дошта, дувоздаҳ мақолаи муаллифро дар шинохти баъзе аз мушаххасоти адабиёти классикӣ муттаҳид мекунад. Дар ин бахш масъалаи сабки шеър дар асрҳои Х-ХII, веҷагиҳои шеъри оламгири Рўдакӣ, ҳамоҳангии рубоиёти Хайём ва Маҳастӣ, шарҳи девони Ҳофизу ҳунармандии Камол ва мушаххасоти шеъри ў, Фахрии Ҳиравӣ ва «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб»-и ў ва бисёр дигар масъалаҳои адабиёти классикӣ мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии масоили умдаи адабиёти муосирро метавон дар бахши «Ҷусторе дар адабиёти муосир» ошноӣ пайдо намуд, ки мақолаҳои бештари китоби мазкурро сарҷамъ кардааст. Омўзиш ва баррасии ҷанбаҳои шеъри муосири тоҷик аз ҷониби муаллиф зимни шинохти «Ҷараёнҳои шеъри муосири тоҷик ва масоили рушди шеъри сапед дар Тоҷикистон» мўшикофонаву нуктасанҷона сурат гирифта, натиҷаҳои ҷолиберо пешорўи хонанда мегузорад. Ҷолиб он аст, ки нахуст муаллиф ба хонанда маҳфуми «муосир»-ро равшан месозад ва ба натиҷа мерасад», ки «ҳини даврабандии шеъри муосири тоҷикӣ маҳфуми «муосир» ба маънии густурда дар назар аст.

Назарияҳои муқаддимавии адабиётшинос хонандаро ба таври иҷмолӣ бо ҷараёни шеъри муосири тоҷик ошно мекунад. Ба андешаи Матлубаи Мирзоюнус «Ҳоло шеъри нав дар Тоҷикистон ба ду шохаи мустақил ҷудо шудааст, ки яке «арўзи озод» ва дигаре «шеъри сапед» ном гирифта, онро дар Ғарб «модерн, «шеъри мансур», дар Эрон «хусравонӣ ва ё навхусравонӣ» мегўянд. Зимнан, ў интишори ин навъи шеърро (шеъри сапед дар назар аст) дар Тоҷикистон босуръат, вале нақди онро заиф арзёбӣ мекунад. Қайд мекунад, ки қавонини ин навъи шеър ҳанўз таъйид нашудааст. Адабиётшинос бо такя ба назарияҳои суханшносии ҷаҳонӣ забону қолаби ин навъ сурудаҳои шоирони тоҷикро бештар возеҳ гардонидааст. Муаллиф ба натиҷа мерасад, ки «дар адабиёти мо низ асри шеъри нав ва сабки нав фаро расидааст». Ба бовари Матлубаи Мирзоюнус тамоми ҷараёнҳо ҳуқуқи зистан доранд ва маҳаки арҷгузорӣ танҳо ҳунар аст.

Ҳамзамон, муҳаққиқ аз таъсири сабки ҳиндӣ ба шеъри муосири Тоҷикистон сухан ба миён меоварад ва ёдрас мешавад, ки «таъсири сабки ҳиндӣ ба шеъри имрўзаи тоҷикӣ бо ду роҳ сурат мегирад:

1. Мустақим - бо роҳи шинохти веҷагиҳои ҳунар ва шеваи маънигузинии шоирони мактаби ҳиндӣ.

2. Ғайримустақим-тавассути ашъори Сўҳроби Сипеҳрӣ ва пайравони шеъри ў».

Андешаҳо роҷеъ ба веҷагиҳои сабки Лоиқ Шералӣ, таъсири Мавлавӣ ба шеъри муосири Тоҷикистон низ дар ҳамин бахш пешкаши аҳли таҳқиқ ва ҳаводорони адабиёт шудааст. Нигоҳи иҷмолии муаллиф ба як достони навтарҳи Баҳманёр низ дар ҳамин қисмат ҷойгузин шуда, дар шинохти сабку услуби ин нависандаи навгўву навҷў кўмак мекунад. Натиҷагириҳои адабиётшинос роҷеъ ба насри Баҳманёр дақиқ ва асоснок ҷараён гирифтааст. Хонанда тавассути раҳнамоиҳои Матлубаи Мирзоюнус аз зоҳиру зеҳни навиштаҳои Баҳманёр огоҳ мешавад.

Қисмате аз китоби «Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо» ба як самти ковишҳои ҳамешагии профессор Матлубаи Мирзоюнус – «Хубони порсигў» ихтисос ёфтааст, ки намунаҳои ҷустуҷўҳои илмии ин донишмандро роҷеъ ба веҷагиҳои шеъри занони суханвар фаро мегирад.

Аз ин рў, дар ин маҷмўа мақолоти ҷолиб оид ба бонувони сухангустар, амсоли Мастураи Курдистонӣ, Парвини Эътисомӣ, Симини Беҳбаҳонӣ, Гулрухсор ва дигарон ғунҷоиш ёфта, дорои арзиши баланди илмӣ мебошанд.

Муҳаққиқ дар ин китоб оид ба веҷагиҳои осори Симини Беҳбаҳонӣ ду мақолаи хешро ҷой додааст.

Дар мақолаи нахуст агар мавзўву мазомин ва ҷанбаъҳои ҳунарии ғазалҳои Симин баррасӣ шуда бошанд, ситамситезии Симини Беҳбаҳонӣ дар мақолаи сонӣ мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Матлубаи Мирзоюнус дар натиҷагириҳои хеш Симини Беҳбаҳониро «аз табори озодихоҳон» унвон мекунад.

Адабиётшинос дар ин қисмати китоб ба тадқиқи насри Гулрухсор низ пардохта, сабки нигорандагии адиби мазкурро ташреҳ дода, ўро дар эҷоди осори мансур ҳам соҳибистеъдод қаламдод менамояд.

Мақолаҳои бахши «Аз Ховар то фаранг» «Нақши Ҳофиз дар шеъри Пушкин», «Таъсири осори форсӣ ба осори Сергей Есенин», «Девони ғарбию шарқӣ» бозгўи пешинаи робитаи адибону адабиёти халқҳои олам ва собиқаи муколамаи фарҳангҳо ба шумор мераванд, ки бо таҳлилу хулосаҳои мушаххас манзури иродатмандони илми суханшиносӣ ва хонандагони ҳушманд гардидаанд.

Бахши ҷолиби «Нақду баррасӣ» дар мавриди шинохт ва мақоми нақди адабӣ дар адабиётшиносии муосир кўмак мекунад. Аз мушаххасоти муҳим ва умдаи ин бахш бозгўи навҷўӣ, таҷдиди назар ба адабиёт ва таърихи нақди адабӣ мебошад, ки зимни таҳлилу омўзиши нигоштаҳои адабиётшиносон сурат гирифтааст.

Намунаи хотироти профессор Матлубаи Мирзоюнус перомуни донишмандони бузурги муосири мо дар бахши «Ёднома» ғунҷоиш ёфтаанд, ки меҳру иродати муаллифро нисбат ба устодони зиндаёд Муҳаммад Осимӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Абдулманнони Насриддин инъикос мекунад. Ин ёдномаҳо танҳо номаи меҳру ихлоси шахсиятҳои алоҳида набуда, балки намунаи пайванду робитаҳои неку омўзандаи устоду шогирдро пешорўи ҳамзамонон равшан месозад. Бавеҷа, дар нигоштаи «Устоди беназири ман», ки дар бораи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳикоят мекунад, баробари муҳаббатномаи шогирдона буданаш, инчунин, роҳи шинохти шахсиятҳои камназири даврони моро бо тамоми бузургию шаҳомати маънавӣ бо ин адабиётшиноси тоҷик мунаввар мегардонад.

Китоб бо бахши «Сафарнома» ба охир расида, шомили сафаргуфтаҳои муаллиф аст. Муҳаққиқи тавоно Матлубаи Мирзоюнус зимни ёдоварии хотироти хеш аз сафарҳои файзбору судманд нақлҳои ҷолиберо манзури хонандаи хушбин мегардонад ва ҷаҳону одамонро бо рангомезиҳои хос наққошии муҷаллои харитаи мусофиратҳояш номзад мекунад.

Бо ҳамин мулоҳизаҳои мухтасар метавон гуфт, китоби «Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо» ҳомили андешаҳои илмӣ, равишҳои хоси адабпаҷўҳӣ ва мушоҳидаҳои пандомўзонаи муаллиф буда, барои ҳалли масоили меҳварии ҷанбаҳои адабиётшиносии муосири тоҷик нақши намоён дорад.

Аз ин рў, бо итминон метавонем гўем, ки китоби адабиёшиноси шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус «Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо» сазовору арзандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ мебошад.

Баҳром МИРСАИДОВ,
номзади илмҳои филологӣ, дотсенти
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
 академик Бобоҷон Ғафуров, узви
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Мухтор АБДУЛЛОЕВ,
Аълочии фарҳанги
 Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Сурайё ҲАКИМОВА,
номзади илмҳои филологӣ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh