Вазъи табобатгоҳ - зери назорат

Дар назди Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии кўдакон дар вилояти Суғд тибқи лоиҳа Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кўдакони имконияташон маҳдуд фаъолият мебарад ва алҳол дар се ҳуҷраи он кўдакон табобат мегиранд. Дар яке аз он ҳуҷраҳо ҷавонзани нозукандом Заррина - зодаи ноҳияи Мастчоҳ бо се фарзанди маъюбаш ва парастор нишаста буданд. Аз ў аз боби вазъи саломатии фарзандонаш ва тарзи нигоҳубини табибону мураббиён ва ҳамширагони шафқат пурсон шудам.

- Фарзандонам дар чунин ҳолатанд, барои саломатии онҳоро барқарор кардан куҷоҳое, ки нарафтам ва ҳоло дар ин ҷо табобат гирифта истодаем. Хизматрасонӣ, нигоҳубин хеле хуб аст, шароиташ қаноатбахш, рўзе се маҳал хўроки гарм пешкаш мекунанд. Дар фасли зимистон гармидиҳии марказонидашуда, қувваи барқ доимӣ аст, оби полезӣ ва нўшокӣ ҳам ба қавле «деҳқонча», ду чоҳи обкашӣ ҳамеша дар хизмати мо. Аз ҳама хубаш, ба наздикӣ Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ҳамроҳи Вазири нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, бори дигар аз ҳоли мо бохабар гардиданд. Бо пешниҳоди Раиси вилоят бинои нотамом ҳам ба таъмири пурра оғоз хоҳад кард.

Аз тарзи гуфтори ин ҷавонзан, огоҳиаш аз фаъолияти кормандони муассисаи номбурда маълум мегардад, ки ў дерест дар ин ҷо табобат мегирад. Боз чанд нафар наврасон ва модарони онҳоро аз тарзи нигоҳубин ва шароити ин ҷо пурсон шудам, ҳамагон бо як болидагӣ ва қаноатмандӣ сухан гуфтанд.

Хизматрасонӣ мувофиқи матлаб

Воқеан, ин мавзеъ аз соли 1972 чун cанатория барои пешгирии бемории сили кўдакона бо номи Равшан дар хизмати халқ буд ва аз ҳаштуми июли соли 2015 бо Қарори Раиси вилоят Маркази вилоятии солимгардонӣ ва барқарорсозии кўдакона дар вилояти Суғд ном гирифта, он тибқи Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал аз соли 2016 то соли 2020 фаъолият мебарад. Дар се шўъбаи он – шўъбаи асаб (дорои 60 кат), музмини шуш ва роҳи нафас (30 кат) ва бемориҳои дилу тарбод (40 кат), дар як вақт 130 нафар давоми 24 рўз табобат гирифта метавонанд. Аз рўи тавсияи табибон гирифторони бемории асаб пас аз се моҳ ва ё шаш моҳ боз бистарӣ мегарданд. Ҳамаи хизматрасониҳо дар ин муассисаи табобатӣ ройгон, аз ҳисоби Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ сурат гирифта, Корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон низ сарпарастии онро ба зимма гирифтааст. Ба ҷуз ин ду ташкилот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсони саховатпеша ва соҳибкорон дар харидории таҷҳизоти тиббии замонавӣ, маҳсулоти хўрокворӣ ва масолеҳи сохтмону боз дигар лавозимоти зарурӣ дасти кўмак дароз намуда истодаанд. Дар ин муассиса ҳуҷраҳои табобатӣ мавҷуд буда, дар онҳо дастгоҳҳои шифобахшии электрофарез, велоэргометр (барои кўдакони гирифтори бемории дил), тахтаи шифоӣ барои масҳи пой, тўби калон, стенди худсохт барои бачаҳои бемории фалаҷдошта, зинапояи худсохт, бозиҳои шоҳмот ва шашка гузошта шудаанд. Инчунин, соли гузашта бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҷҳизоти замонавии табобатии вибромассаҷ, электрофарез дастрас карда шуд.

Аз рўи саволу ҷавоб бо беморон ва модарони онҳо маълум гашт, ки муносибати табибону дигар кормандон бо мизоҷон хуб ба роҳ монда шуда, аз ҷониби онон ришваситонӣ ва ё тўҳфа гирифтан мушоҳида нашудааст. Беморон бештар аз ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Гулистону Бўстон ва Истаравшан бистарӣ гардидаанд.

 Курси бозомўзӣба манфиати кор

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чор нафар табибон ва ҳамширагони шафқат дар Маркази солимгардонии Чорбоғ, ки дар ноҳияи Варзоб воқеъ аст, курси бозомўзиро гузаронида, дар шўъбаҳои табобатӣ бе истифодаи маблағ ҳуҷраҳои кордармонӣ, тандармонӣ, лўбиёдармонӣ, сенсори торикӣ, мусиқӣ-дармонӣ ва расмкаширо омода сохтаанд, ки дар он кўдакони гирифтори бемории асаб, аз ҷумлаи фалаҷ, остеохандроз, норасоии мағзи сар ва сутунмўҳра табобат мегиранд.

- Мутаассифона, шумораи гирифторони чунин бемориҳо сол аз сол афзуда истодааст, - гуфт ҳангоми сўҳбат иҷрокунандаи вазифаи ҷонишини директори Марказ Муҳайё Тўхтаева. - Агар дар семоҳаи аввали соли 2016 ҳамагӣ 186 нафар табобат гирифта бошанд, имсол дар ҳамин давра 305 нафар бистарӣ гардидаанд.

 Дастгирӣ ҳаст, аммо...

Саҳни Марказ васеъ буда, тавре М. Тўхтаева иброз дошт, зери сарварии мудири хоҷагӣ Неъматҷон Масолиев дар майдони 7,5 гектар боғ ва 2,5 гектар обчакорӣ кардаанд. Дар фасли тобистон рўи дастархон бо маҳсулоти худӣ пур гашта, инчунин, аз маҳсулоти зардолу, помидору бодиринг барои зимистон захираҳои консервагиро низ ба роҳ мондаанд.

Мутаассифона, шўъбаҳо ва саҳни Марказ аз камбудӣ низ орӣ набуданд. Гарчанде барои бартарафсозии норасоиҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сарпараст ва саховатпешагон нақшаҳо тарҳрезӣ гардида бошанд ҳам, аммо кўшишу амал эҳсос намешаванд. Масалан, бо дастури роҳбарияти вилоят биноеро, ки мебоист аз нимаи дуюми моҳи апрел ба таъмири пурра оғоз намоянд, то ҳол аз саршавии кор дараке нест. Ҳол он ки бо ин мақсад аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 750 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

 Толор - ҳуҷраи беморон?

Вақте шўъбаи бемории тармими шуш ва роҳи нафасро аз назар гузарондем, ба сабаби норасоии ҳуҷра дар як толори калон наздик 25 кат гузошта шудааст. Дар асл шўъба мебоист дорои 30 кат бошад ва айни ҳол гузоштани танҳо 25 кат низ сабаб доштааст. Алҳол шумораи табобатгирандагон 25 нафар буда, барои озодтар шудани гаштугузор аз байни катҳо панҷ адади онро муваққатан гирифтаанд. Аммо дар як толор, ки онро шўъбаи тармими шуш ва роҳи нафас номидаанд, аз синни кўдакӣ то 18-солагӣ духтарону писарон табобат мегиранд.

Дар шўъбаи кўдакони бемории асаб ҳаммом ва мабраз ҳолати хеле ногувор дошта, таъмирталаб мебошанд. Сониян, Марказ дар масъалаи табиби амрози кўдакона ва дил низ танқисӣ мекашад. Вақте дар ин бобат сабаб пурсидем, арз доштанд, ки солҳои пешин муассиса нақлиёт дошт ва мутахассисон дар омаду рафт азият намекашиданд. Ҳоло барои аксарият дурии роҳ боиси ноҳинҷорӣ гардидааст.

 Дар хотима

- Хуб мешуд, - арз дошт дар хотимаи сўҳбат иҷрокунандаи вазифаи ҷонишини директори Марказ Муҳайё Тўхтаева, - баҳри солимии кўдакон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва саховатпешагон боз даҳ нафар аз ҳисоби кормандон дар Маркази солимгардонии Чорбоғ барои бозомўзӣ сафарбар карда шаванд.

Тавре бошандагон ва кормандон иброз доштанд, шароити зист, таъминот бо доруворӣ, табобат ва се маҳал хўроки гарм дар Марказ тайи ду соли охир хеле хуб ба роҳ монда шудааст, вале агар он бинои нотамом ба пуррагӣ таъмир меёфт, он гоҳ шўъбаи тармими шуш ва роҳи нафас низ дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи табобатӣ мешуд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд» 

Add comment


Security code
Refresh