Дар дил фараҳ физояд нақши баҳори атлас!

Атлас навъе аз матои абрешимӣ ва нимабрешимиест. Аз атласи абрешимӣ асосан либоси занона ва аз нимабрешимӣ кўрпаю кўрпача ва ғайра медўзанд. Дар гузашта атласи Хуҷанд, Самарқанд, Конибодом, Андиҷон хеле машҳур буд. Атласи олисифат ва хушрангро хонатлас меноманд, ки дар дастгоҳҳои махсус мебофанд. Нусхаҳои анъанавиаш шоҳсабз, барги карам ва атласи сиёҳ ном доштанд.

Мардуми тоҷик дар «Шоҳроҳи абрешим» (аз Чин то Fарб) дар давоми ҳазорсолаҳо бо матоъҳои абрешимии худ маъруф буд. Намунаҳои абрешими суғдӣ то имрўз дар осорхонаҳои Аврупо, Осиё ва Амрико ҳифз мешаванд. Матоъҳои нафису ҳайратовар ва нақшу нигоршудаи тоҷик дар бозорҳои мамолики Шарқу Fарб хеле серхаридор буданд.

Хушбахтона, шурўъ аз соли 2005 бо дастгирӣ ва таваҷҷўҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Атласи Хуҷанд» дубора барқарор гардида, дар ин коргоҳ истеҳсоли матоъҳои атласу адрас ба роҳ монда шудааст. Корхонаи «Атласи Хуҷанд» дорои 32 дастгоҳи худкори атласбофӣ буда, зиёда аз 100 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин кардааст. Коргоҳ иқтидор дорад, ки давоми як сол бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда 60 ҳазор метри тўлонӣ матои атлас истеҳсол намояд ва дар сурати ба кор шурўъ кардани басти дуввум ин нишондод ба 160 ҳазор метр хоҳад расид.

Бешак, ин матои хушрангу назаррабо зебандаи ҳар зану духтари тоҷик буда, умед бар он дорем, ки дар бозорҳои дохилӣ беруни кишвар харидорони зиёд пайдо хоҳад кард.

Дар дил фараҳ физояд нақши баҳори атлас,

Рамзи муҳаббати пок ин рангубори атлас!

Норинисо БУЗУРУКОВА,
собиқадори соҳаи маориф

Add comment


Security code
Refresh