Танзим ба нафъи халқ аст!

Дар муассисаи таълимии №22-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара оид ба фаҳмонидани нуктаҳои асосӣ ва тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо омўзгорон, одамони касбу кори гуногун ва аҳли ҷамоатчигӣ вохўрӣ баргузор гардид.

Чорабиниро раиси Ҷамоат З.Маҳкамов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси бахши дар Ворух будаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҳмудҷон Ниёзов нуктаҳои тағйиру иловаҳои нави ба Қонуни амалкунанда воридшуда, аз он ҷумла дар бораи минбаъд дар доираи оила гузаронидани тўйи хатнасур, баргузор намудани тўю маъракаҳо дар вақту соати муайян, камхарҷу ихчам гузаронидани онҳоро шарҳ дод.

Омўзгори собиқадор Мелибой Қодиров чунин мулоқотро бамаврид ва судманд арзёбӣ намуда, гуфт, ки Қонун бояд аз ҷониби мардум ба пуррагӣ риоя гардад, зеро он танҳо ба манфиати рўзгори мардум равона карда шудааст. Риоя намудани тағйири иловаҳо ин ҳусни ҷонибдории мо аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. М.Қодиров дар бораи масъалаҳои мубрами рўз, аз ҷумла пўшидани либосҳои миллӣ, пайравӣ накардан ба анъанаҳои ғайру бегонапарастӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро изҳори назар намуд. Боз ҳам беҳтар кардани сифати таълиму тарбия дар мактабҳо, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва ватандўстӣ дар ниҳоди насли наврас вазифаи ҷонии омўзгорон бояд бошад. Дар деҳа ҷойҳои нави корӣ ташкил намудан зарур аст, то ки ҷавонон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар дигар мамлакатҳо фирефтаи ақидаҳои нодурусту номатлуб шуда, ба роҳи хато нараванд.

Фаъолон ва раисони маҳаллаҳо Макиниддин Муҳаммадов, Сафарбой Умаров, Сироҷиддин Ашўров тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзимро ҷонибдорӣ намуда, қайд карданд, ки дар серхарҷ гузаронидани тўйҳо ва маъракаҳои дигар мутаассифона, бештар занону модарон ҳамроҳ мешаванд. Бисёртар дар чунин амалҳо тарафи арўс фаъол аст, ки ба ҷиҳози арўс маблағҳои ҳангуфт сарф мекунанд. Модом, ки маъракаҳо тибқи Қонун ба танзим дароварда шудаанд, онро бояд бечунучаро иҷро кард. С.Умаров ва С.Ашўров зикр карданд, ки якҷоя бо падару модарон бо он ҷавонони берун аз маҳал қарордошта иртиботро ба роҳ монданд. Номи онҳоро дар дафтари махсус сабт карда, бо онҳо ва бо волидайнашон зуд-зуд сўҳбатҳо ташкил менамоянд. Аз кору вазъи зисташон мунтазам хабардор шуда меистанд.

Сардухтури беморхонаи деҳа, вакили Маҷлиси вилоятӣ Каримахон Ҳакимова ҷиҳати харҷ ва сарфҳои беҳуда дар тўйҳо изҳори ақида намуда, гуфт, ки ба ҷойи чунин амалҳо хуб мешуд кўдаконамонро аз касалиҳои гуногун эҳтиёт намоем. Зеро имрўз мушоҳида мешавад, ки аксар духтарони то ёздаҳсола ба бемории камхунӣ гирифторанд.Ба ҷойи сарфҳои нолозим ба фарзандони хеш ғизои сифатан хуб хўронем. Зарур нест, ки ба духтарон либосҳои қимматбаҳо харида диҳем. Ин маблағҳоро барои саломатӣ ва тансиҳатии духтарон сарф намудан беҳтар аст.

Раиси Ҷамоати деҳоти Ворух Зоҳирҷон Маҳкамов дар бораи маъракаи ба Ҳаҷ гуселкунӣ чунин гуфт: онҳое, ки нияти зиёрати Хонаи Худо доранд ё дуюмбора хоҳиши рафтан мекунанд, беҳтар мебуд маблағи онро барои ободии кўчаҳо, маҳаллаҳо, ёрӣ ба одамони камбизоат, маъюбон ва дигар эҳтиёҷмандон сарф намоянд.

Аз суханони баромадкунандагон ва рўҳияи иштирокдорон аён буд, ки зарурият ва муҳимияти татбиқи қонунро ба хубӣ дарк кардаанд ва дар риояву тарғиби тағйиру иловаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳиссагузор мешаванд.

Ҷўра ДОВУДХОНОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh