Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара сомонаи расмии худро фаъол намуд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара сомонаи расмии худро фаъол намуд.

Рӯзномаи маҳаллии "Насими Исфара" ба нақл аз Маъруфхӯҷа Бузургхуҷаев — мудири бахши робитаҳои иқтисодии хориҷии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ дод, ки сомонаи мазкур дар суроғаи www.isfara.tj қобили дарёфт аст. Ба иттилои масъулин бо фаъолсозии сомона хабару рӯйдодҳо саривақт пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.  Илова бар ин сокинони Исфара имконият доранд, ки тавассути сомона фикру андеша ва пешниҳодҳояшонро ба роҳбарияти шаҳр расонанд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки сомонаи www.isfara.tj  дорои бахшҳои "Маҷлиси вакилони халқ", "Мақомоти иҷроия", "Иқтисод", "Иҷтимоиёт", "Сайёҳӣ", "Ҷамоатҳо" ва қабулгоҳи электронӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh