Хуҷанд: Ним миллион гул шинонида шуд

Бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии сокинон тайи як моҳ аст, ки рўзҳои шанбе ва якшанбе корҳои ободониву тозанамоӣ ва барқарорсозӣ анҷом ёфта истодаанд. Шаҳри аз азал зеботарин бо ташвиқи овезаҳои иборат аз аксу навиштаҷоти таърихӣ, тарғиби фарҳанги худшиносӣ дар кўчаҳои марказӣ, шинонидани чароғпояҳои муосир ва мумфаршкунии роҳҳо аз нав симои дигар гирифта, мавриди таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонон гардидааст.

Тавре ба мо директори Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ» Иброҳим Қаландаров иттилоъ дод:

–Айни ҳол тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ва супоришу вазифагузориҳо амал намуда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ гузаронидани ҷашнҳои сиёсӣ корҳои тозагию ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, кабудизору гулзоркунӣ, чароғону мумфаршнамоӣ ва таъмири биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба иҷро расонида мешаванд. Аз ҷониби қитъаи чароғонкунии Сарраёсат нисбати нигаҳдорӣ, ивазкунӣ, барқарорсозӣ ва хизматрасонии чароғҳои кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 825 фурўзонаки каммасраф, 8388 метр ноқили барқӣ, 2530 чароғи гуногун, 7 қуттии ҳисобкунак иваз ва насб карда шуданд. Инчунин, корҳои ивази лампаҳои каммасраф ва таъмир дар Майдони шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, хиёбони Раҳмон Набиев, маҷмааи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, кўчаи Камоли Хуҷандӣ, назди Лавҳаи Шаҳрвандони фахрӣ, купрўки «Ҷашнӣ» ва варзишгоҳи «Спартак» ба иҷро расонида шуданд. Дар Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ корҳои хобонидани кабели барқӣ, ранг кардани торшерҳо, таҷзия намудани равшанкунакҳо ба охир расида, 14 сутунпояро бо 54 лампаи светодиодии замонавӣ васлу насб кардем. Чароғонкунии шаҳр пайваста идома ёфта, дар хиёбони Рифъат Ҳоҷиев аз гардиши микроноҳияи 12-ум то гузаргоҳи Шимкент, бонки «Имон интернэшнл» то гардиши идораи Бозрасии давлатии автомобилии вилоятӣ ба масофаи 1,5 км. 40 сутунпоя бо лампаҳои светодиодӣ шинонида, ба истифода дода шуданд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кўчаҳои «Бофанда», ба номи Камоли Хуҷандӣ, «60-солагии Октябр», «Сирдарё» ва майдони маҷмааи фаввораҳои Исмоили Сомонӣ ба пуррагӣ бо тарзи замонавӣ бо чароғакҳои светодиодӣ таъмин шуда, ба ҳусни шаҳр зеби дигар бахшидаанд.

Имрўзҳо қитъаи ободонии Сарраёсат сертараддуд буда, барои тоза намудани ҳудуди шаҳр, иваз намудани парчамҳо ва навиштаҷот дар ҷойҳои муқарраргардида ҳамеша корбарӣ менамояд. Аз тарафи қитъа ва муассисаи кабудизоркунии Сарраёсат дар кўчаву хиёбонҳои марказии шаҳр 557 ҳазор бех гулҳои ороишӣ ва маҳаллӣ, 47,2 ҳазор буттагули садбарг, 68,7 ҳазор карнайгул, 107 буттагули палма, 5827 дарахти ороишии сояафкан, 75132 гули навъи карамгул ва 12180 бех виола шинонида шуданд.

Иброҳим Қаландаров гуфт, ки барои обёрии майдонҳои шафати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Боғи устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров қубурҳо хобонида шуда, дар фаввораи саҳни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 5 муҳаррики барқӣ таъмир гардиданд.

Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд барои тозаву озода нигоҳ доштани маркази вилоят кўшишу ғайрат намуда, вазифаҳои худро сари вақт иҷро менамояд. Пардохти маблағ аз истеъмолкунандагони хизматрасонӣ дар ин давра ҳамагӣ 7 миллиону 589 ҳазору 774 сомониро ташкил додааст.

Тозагию ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, корҳои таъмирию барқарорсозӣ ва чароғонкунию гулзоркунии ҳудуди шаҳр вазифаи корхонаву муассисаҳо аст, бинобар он ба қадри меҳнати онҳо расидан вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh