Неруи фардосоз

Ҷавонон бояд аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод кунанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намоянд, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум, кишвари муқаддасамон бошанд, - таъкид намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ва бо назардошти нақши ояндасози ҷавонон дар ҷомеа соли 2017-умро Соли ҷавонон эълон доштанд.

Аз 14 то 22-юми октябри соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷўён доир гардид. Дар он аз 180 мамлакати дунё ҷавонону донишҷўён иштирок намуданд. Шаҳомати чорабинӣ, иштироки фаъолонаи ҷавонони ҷаҳон, намоиши неруи муқтадиру созандаи ҷавонӣ бори дигар собит сохт, ки дар ҳақиқат шукуфоии фардои кишвар дар дасти ин қишри ҷомеа аст.

 Муҳтавои ин чорабинӣ ба он нигаронида шуд, ки ҷавонон то кадом андоза ба пешрафти ҷомеа бо иқдом ва нерўи созандаи худ нақш мегузоранд. Дар ин Фестивал иқдоми наҷиби ҷавоне бо номи Афроз Шоҳ аз шаҳри Момпайи Ҳиндустон ба иштирокдорон пешкаш карда шуд. Афроз Шоҳ пас аз чанд соли таҳсил дар хориҷа ба Ватани худ баргашт, вале соҳили уқёнуси Ҳиндро, ки макони истироҳати ҳамшаҳриёнаш буд, пур аз партов дарёфт. Дар кори тоза кардани соҳил садҳо ҳамсолонашро сафарбар карда, давоми чанд рўз макони истироҳатии мардумро аз 50 тонна партов тоза намуданд. Ба ҳамин монанд ташаббускориҳои наҷибонаи ҷавонону донишҷўён аз кишварҳои мухталифи дунё, аз қабили бо қувваи ҳашар дар деҳоти дурдаст барои бачагони оилаҳои камбизоат бунёд намудани таълимгоҳ, кушодани синфхонаҳои компутерӣ ва туҳфа кардани компутерҳо барои мактаббачагоне, ки ба ҷуз номаш дар бораи он тасаввурот надоранд, тақдим намудани китоби дарсӣ ба бачагон аз оилаҳои камбизоат ҳамчун намунаи ибрат ба иштирокчиёни Фестивал намоиш дода шуд.

Ҳамаи ин намоиши қудрати созандагии ҷавонон буд, ки онҳо қодир ҳастанд, мардумро ба кори нек сафарбар кунанд, дар беҳбуди вазъи экологии сарзамини худ, баҳри соҳибмаърифат намудани мардуми диёрашон саҳм гузоранд, барои бо техникаву технологияи ҳозиразамон фаро гирифтани тамоми қишрҳои ҷомеа мусоидат кунанд.

-Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки дар ин Фестивал аз мамлакати мо бештар аз 80 нафар, аз ҷумла аз вилояти Суғд 23 нафар ҷавонон ва донишҷўёни лаёқатманду ташаббускор иштирок карданд, - изҳор дошт сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Олимҷон Зоҳидзода. Албатта, ҳар яке аз ин ҷавонон ба Фестивал бо дастовези шоиста омада, барои пешрафти вилоят дар самти рушду нумуи соҳаҳои мухталиф нақши арзанда доранд. Имрўз даҳҳо ҷавонони вилоят дар ҷодаи ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар, пешрафти илм, мустаҳкам намудани тартиботи ҷамъиятӣ, равнақи соҳибкорӣ, рушду такомули ҳунарҳои миллӣ саҳми шоиста мегузоранд, ки боиси ифтихори мост. Дар Фестивал Сурайё Роҳатқулова - донишҷўи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ соҳаи моделйерӣ-дизайнерии миллиро муаррифӣ намуд. Донишҷўёни ҳамин донишкада Рустам Содиров ва Дилшод Музаффаров низ дар соҳаи барномасозӣ навовариҳои худро пешниҳоди иштирокчиёни Фестивал гардониданд. Тоҷикистони моро дар соҳаи санъати сарояндагӣ Сардор Солиев ва раққосагӣ Моҳрў Исмоилова муаррифӣ намуда, дар қалби намояндагони ҷавони кишварҳои олам меҳру муҳаббат нисбат ба санъат ва тамаддуни миллии тоҷикӣ бедор карданд. Шоҳрух Юнусов - донишҷўи Консерваторияи шаҳри Милани Итолиё низ санъати волои миллии тоҷикиро дар ин чорабинӣ муаррифгар шуд.

 Муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Мадина Ҳомидова, иштирокчии Фестивали ҷавонон ва донишҷўён гуфт, дар ин чорабинӣ пазироии меҳмонон, бемуболиға, дар сатҳи олӣ буд ва барои ҳайати вилояти Суғд чаҳор нафар волонтёрон мутасаддӣ таъин гаштанд, ки баҳри иштироки пурра ба тадбирҳои Фестивал ва пурмазмун гузаштани чорабинӣ мусоидат намуданд. Ҷавонони вилоят дар бисёр самтҳо, аз ҷумла, барномаҳои интеллектуалӣ, мубоҳисавӣ, индустрияи кино, санъат, ҳунар, дизайн ва бисёр дигарҳо кишвари моро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, дар намоишгоҳи соҳаи рақс сарбалетмейстери Кохи ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакии маркази вилоят Қобилҷон Бобоев рақси миллии тоҷикиро ба ҳаводорон пешниҳод карда, соҳиби ҷоиза гардид. Омўзгори мактаби рақами 4-и шаҳри Хуҷанд Фаридун Муҳсинзода дар мавзуи рушди волонтёрӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар барномаи мубоҳисавӣ иштирок карда, сазовори ҷойи якум шуд ва ба курси бозомўзии яксола дар мамлакати Федератсияи Русия роҳхат гирифт. Дар маҷмуъ, ҳайати иштирокчиёни вилоят дар ин Фестивал фаъолнокии ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҷиҳати намоиш додани фарҳангу тамаддуни бою қадимӣ, санъату ҳунари миллӣ, баҳри баланд бардоштани нуфузу эътибори мамлакатамон талош карданд ва соҳиби унвонҳои ифтихорӣ гардиданд.

Маротибаи нуздаҳум доир гардидани Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷўён бори дигар собит сохт, ки ояндаи сайёраи Замин дар дасти ҷавонон-ин нерўи муқтадиру созанда аст ва маҳз онҳо қодиранд табиат, обу хок ва сарсабзии онро баҳри наслҳои минбаъда дар шакли солим ва тоза пешкаш намоянд.

Ба неруи ҷавонон ҳамчун ояндасоз такя ва эътимод намудани Президенти мамлакат ва маҳз барои боз ҳам баланд бардоштани қадру манзалати ҷавонон дар пешбурди ҷомеа соли равонро Соли ҷавонон эълон кардан низ баҳри он аст, ки эшон дар ниҳоди худ масъулияти баландро баҳри тақдири ояндаи кишварамон дарк ва баҳри шукуфоӣ, пойдорӣ ва бақои миллату сарзаминамон саъю талош варзанд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh