Нигаҳбони вафо шуд Қасри Арбоб!

Арбоб. Дар он қасре, ки бунёдгузораш дукарат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, пири деҳқонони тоҷик Саидхоҷа Ўрунхоҷаев буд, ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири халқи тоҷик фоли нек гардид. Иҷлосияи тақдирсози Шўрои Олӣ бошад, кишварро аз машаққати зиёде раҳоӣ бахшида, киштии қисматро ба дасти ҷавонмарди меҳанпараст ва хирадманд Эмомалӣ Раҳмон супурд. Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи моро ба сўи сулҳ ва ваҳдати миллӣ равона сохт. Қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид кард. Метавон гуфт, ки ин Иҷлосия халқи моро ба оянда бовар кунонд ва мо онро сарнавиштсоз номида, 25-солагиашро ҷашн мегирем.

Қасри Арбоб нусхаи Қасри Пётр дар Хуҷанд

Қасри Арбоб қасри тақдиру ваҳдату шуҳрат, дўстӣ, умеду бахту тахти миллат гаштааст.

Имрўз он қасри бошукуҳ файзу таровати худро боз ҳам бештар кардааст. Мавзеи қаср макони таърихӣ, ҷои истироҳатӣ, тамошогоҳи пиру ҷавон, сайргоҳи навхонадорон, ҷавонону кўдакон гаштааст. Ҳудуди беш аз панҷоҳгектараи қасри Арбоб дорои толори бошукуҳу барҳаво ва зиёда аз 600 ҷои нишаст буда, чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангию сиёсӣ дар ин макони таърихӣ баргузор мегарданд.

Мегўянд, ки Қасри Арбоб ба қасри маъруфи Петергофи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия монандӣ дорад. Назар ба иттилои таърихнигорон Арбоб нусхаи Қасри Пётр дар Хуҷанд аст. Зеро, андешаи сохтани бино низ ҳангоми тамошои қасри муҳташамии шаҳр дар тафаккури Саидхоҷа Ўрунхоҷаев ҷой гирифта буд. Иқдоми пешгирифтаи раиси ҳамонвақтаи колхози «Москва»-и ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод баъди меҳмони чандвақтаи ин шаҳри Ленинград шудан боло гирифт. Солҳо гузаштанд, даромади колхоз боло рафт, имконият фароҳам омад, ки корҳои сохтмонӣ шуруъ ёбанд. Саидхоҷа Ўрунхоҷаев озими шаҳри Душанбе шуд. Меъморон сарҷамъ омада, тарҳи биноро кашиданд. Соли 1951 сохтмон оғоз ёфт. Давоми шаш сол бинокорону меъморон, сохмончиёну кандакорон, наққошону пардозгарони деҳаҳои гирду атроф бурдборона заҳмат кашида, бинои қасрро бо сифати баланд ба истифода доданд. Ин қасри бошукуҳ давоми 55 соли мавҷудияташ бе таъмири асосӣ барои мардум хизмат намуд. Баъдан ба истиқболи 20-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдом ва дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии қаср таъмир гардида, бо назардошти арзиши бузурги меъморию таърихии офаридаҳои устоҳои пешина азнавсозӣ шуд ва ҳунармандон кўшиш карданд, ки нақшу нигор ва рангубори аслии сақф ва деворҳои онро нигоҳ доранд. Дар толори давраи барқароркунии баъдиҷангӣ ва сохтмони Қасри Арбоб аксҳои бунёдгарони ин иншооти бузург гирд оварда шудааст, ки бинандаро ба тамошо кардан водор месозад. Маҳсули дастони наққошону кандакорон, ки ба ҷои музди кор номҳояшон дар сақфи биноҳои гулкорӣ нақшбандӣ шудаанд, шаҳодатгари дастони пурэъҷози сардори бригадаҳои сохтмон Бақохон Махсумов, гаҷкор Устозокир Қодиров, кандакорон Устомақсуд Солиев, Устораҳимшех Раҷабов, Устоочил Риёзов, дуредгарон Абдуалӣ Fаниев, Абдулаҳад Бойматов, Ўрунбой Дўстматов, Отабек Ашрафов, наққошон Саидхон Абдуллоев, Абдурауф Аминҷонов, усто Абдураҳими шайхбурҳонӣ ва дигарон буд, ки Қасри Арбоб то кунун симои таърихиашро нигоҳ доштааст.

“Ман ба шумо сулҳ меоварам”

Толори осорхонаи «Тоҷикистон дар масири 26-соли Истиқлолият», ки бахшида ба Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12) дар Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанги Арбоб» азнавсозӣ гардидааст, шуруъ аз шиноснома, харита ва матни вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон то Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосия, нашрияҳои даврӣ, аксҳои бақайдгирӣ ва баромади вакилони мардумӣ, меҳмонон дар толор, нишоти вакилон дар «Оши оштӣ», баррасии лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатӣ, иқтибос аз баҳсу андешаҳо, аксҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки рафти Иҷлосияро наворгирӣ мекунанду суҳбатҳои судманд анҷом медиҳанд ва ҳатто, дастгоҳҳои наворбардориву аксбардорӣ, қолину таҷҳизоти сабти овоз то курсиву минбари баромад ва дигар ашёҳое, ки он замон истифода шудаанд, имрўз чун нигораҳо толорро зеб медиҳанд.

Раиси Маҷлиси миллии ҳамонвақтаи давлати Туркия Ҳисомаддин Чиндурок суханони меҳромези худро дар шахсияти Раиси Шўрои навтаъин чунин баён намудааст: «Аълоҳазрат! Шуморо ба муносибати Раиси Шўрои Олӣ интихоб шуданатон аз сидқи дил табрик менамоям. Изҳори умед мекунам, ки Тоҷикистон минбаъд ҳам аз рўи принсипҳои муосири демократӣ тараққӣ мекунад, рушд меёбад. Дилпурам, ки дар давраи кори Шумо равобити таърихии дўстонаи мамлакатҳои мо боз ҳам бештар мустаҳкам мешаванд». Ё намояндаи мамлакати Канада чунин гуфтааст: «Хушбахтии халқи тоҷик аст, ки ў се арзишоб, нон ва ваҳдатро дорост, ки он зич ба номи фарзанди шарафмандаш Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст».

Дар осорхона суханҳои меҳромези Раиси Шўрои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Белорус Александр Павлов Войтович, Раиси Маҷлиси намояндагони халқи Ҷогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Алтай Бобуев, котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Михаил Кротов, намояндаи давлати Канада Ҷорҷ Гейт ва дигарон гирд оварда шудаанд, ки ҳар яке таассуроти худро аз Иҷлосияи таърихӣ баён кардаанд.

Нигораи «Ман ба шумо сулҳ меоварам» ба қалами сеҳрноки рассом Абдураҳим Ҷабборов тааллуқ дошта, акси Президенти кишвар, ки баъди ба итмом расидани Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сўи мардум бо қосидони сулҳ-кабўтарон хеле моҳирона кашида шудааст. Дар мусаввара гўё фазои орому таскинбахш, осмони нилгуну мусаффо ҳамқадами Садри кишвар гашта, барои сулҳу осоиштагии мардуми меҳнатқарини тоҷик мусоидатгар аст. Гўшаҳои фарҳангу маориф, кишоварзию саноатӣ, сохтмону энергетика ва ғайраҳо бозгўи дастовардҳои таърихи 25 соли гузашти Иҷлосия ба шумор рафта, дар қалби бинанда эҳсосоти пурнишотеро бедор менамоянд.

Намунаи олии қаҳрамонӣ

Агар вориди толори намунаи ҳавлии тоҷикони деҳот дар солҳои 50-уми асри ХХ гардед, худро беихтиёр дар ҳамон давр тасаввур хоҳед кард. Намуди ҳавлии дарунаю беруна, ошхонаву танўрхона, кўрпаву қолин, обдаставу хумдон ва дигар ашёҳои рўзгор, ки дар он давр истифода мешуданд, дар осорхона нигоҳдорӣ мешаванд.

Ному насаб ва аксҳои абармардон аз ин хоҷагии номдор-Қаҳрамонони Иттифоқи Шўравӣ Раҳимбой Раҳматов, Фатҳулло Аҳмедов, дукарат қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ўрунхоҷаев дигар қаҳрамонони арсаи меҳнат Саидолим Оқилов, Ҳошимбой Солиев, Абдуфаттоҳ Қаҳҳоров, Абдуқосим Шарифов, Мирумар Юсуфов, Эргашбой Дадобоев, Назокат Муъминова, Бобоҷон Зокиров, Пўлодбой Оқилов, Орифҷон Бобоҷонов, Раҳимбобо Холбобоев, Маъруфбой Ёқубов, Мирзошариф Раҳмонов, Дадоҷон Тоҳиров ва дигарон, ки бо меҳнати худ дар қалби мардуми шарифи Тоҷикистон абадан нақш бастаанд, номнавис гардида, барои ояндагон намунаи олии ватандўстӣ ба шумор мераванд.

Фаъолияти минбаъдаи раисони колхоз Абдуҳамид Зоидов, Эҳсон Маҳмудов, Абдуазиз Маҳмудов, Абдухолиқ Бобоҷонов, Давлатбек Мақсудов, Аҳмадҷон Бобоев, Мунир Маъсумов, ки давомдиҳандагони кори Саидхоҷа Ўрунхоҷаев ҳастанд, дар толори махсус гирд оварда шудаанд, ки тамошобин метавонад аз он сабақи маънавӣ бардорад.

Чойхона – маскани меҳру саодат

Чойхонаи миллӣ, ки сохтмонаш моҳи сентябри соли 2011 оғоз ёфта буд, бо намуди дилрабои хеш ба қасри номдор ҳусни тоза зам кардааст. Чойхонаи боҳашамати миллӣ барои 1200 ҷои нишаст пешбинӣ шуда, аз толори асосӣ, толор барои қабули меҳмонон, толори гуфтушунид, ҳуҷраи фарҳангӣ, пешайвонҳои баҳорона, ошхона ва дигар иншооти хизматрасонӣ иборат буда, бо истифода аз санъати меъ мориву қадимаи миллӣ оро дода шудаанд.

Шоҳсутун ва болорҳои онро устоҳои забардасту номдор аз шаҳру навоҳии Исфара, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Истаравшан бо маҳорати хоси ҳунармандиашон кандакориву нақшбандии миллӣ кардаанд. Зикраш бамаврид аст, ки чойхонаи миллӣ бо унсуру анъанаҳои чойхонадории тоҷикӣ барои мардуми вилоят ва меҳмонони он хизмат мекунад.

Имрўз Маркази таълимию истеҳсолии атласу адрасбофии «Қасри Арбоб» низ аз ҷониби мардум ба хубӣ пазируфта шудааст. Матоъҳои истеҳсолкардаи занону духтарони ин маркази ҳунармандӣ бо роҳбарии Монадҷон Осимова харидорони зиёд дошта, шуҳраташ то ба кишварҳои ҳамсоя рафтааст.

Имрўз ин қасри таърихӣ, ки тақдири халқи тоҷик дар ин ҷо муайян гардидааст, макони истироҳативу фароғатист. Дар ин ҷо пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ барпо гардида, дар як вақт тамошогаҳи дилнишин ва сайру саёҳати сокинону меҳмонони вилоят мебошад.

Шоира САЛИМОВА,
Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh