Фитаҳои бегона дар фурўш: Назорат суст!

-Модарҷон, бароям корд харида диҳед?

-Корд ба ту чӣ лозим?

-Ман бо корд гардани сагони кўчаро буррида мепартоям.

-Сагони кўча магар ягон бадӣ карданд?

-Не. Ман аз телевизион ҳамроҳи бобоям филме дидам, ки як марде ҳамроҳи фарзандаш гардани сагу гурбаҳоро бурида мепартофт. Боз як чуқурии калоне кофта, онҳоро ба он ҷо мегўрониданд.

Ин ҳолати фарзандам маро парешон сохт, зеро дар ботинаш эҳсосоти бадбинона нисбат ба ҷонварон падид омада- аст. Рафтораш тамоман дигар шуда, ҳамеша ба ҳайвонҳо ва ба филмҳои дидааш тақлид мекунаду худро «зўр» мешуморад. Пас аз чанд муддат огоҳ шудам, ки ў ҳамроҳи бобову бибиаш филмҳои хусусияти ваҳшонияту зўроварӣ доштаро тамошо мекардааст. Тамоми фитаҳоро аз назари кўдак дур гузоштам ва аз хусуру хушдоманам низ хоҳиш намудам, ки чунин филмҳоро дар назди кўдакон тамошо накунанд. Барои ором кардани кўдакам ба духтури асабшинос муроҷиат кардам, - гуфт соҳибкорзан Моҳинисо Отаева.

Имрўз филмҳои характери ваҳшонияту зўроваридошта тариқи телевизионҳои хориҷӣ намоиш дода мешаванд, ки ҳангоми тамошои он шахс худро нороҳат эҳсос мекунад. Филмҳои мазкур асосан ба асаби кўдакон ва насли наврас зарари калон доранд. Тавре равоншинос Муҳаррам Раҳимова иброз дошт, кинофилм, филми тасвирӣ ва бозиҳои компутерӣ, ки дар он лаҳзаҳои куштор, сўхтор, тирпарронӣ, дуздӣ, ваҳшоният, бераҳмӣ ва амсоли ин намоиш дода мешавад, ба мафкураву асаби кўдакону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд. Майнаи инсон пас аз тамошои ин гуна филмҳо вайрон шуда, дар ҳолати нагирифтани пеши роҳи он дар ояндаи наздик кўдак ноором, камхоб мешавад. Набояд дар лаҳзаи инкишофи майнаи кўдак ба тамошои ин гуна филмҳо роҳ дод.

Дар ҷомеаи кунунӣ талабот ба филмҳои мухталиф, алалхусус туркӣ зиёд шуда, мардум онро бо шавқи зиёд харидорӣ мекунанд. То кадом андоза филмҳои мазкур ба шууру хислат ва шахсияти инсон таъсир мерасонад? Оё мавзуъ ва мундариҷаи фитаҳо пас аз воридот аз ҷониби мутахассисон таҳлил карда мешаванд? Имрўз ҳастанд нафароне, ки пас аз тамошои филм ба фарҳанг, идеологияи бегона, ба тақлиди кўр-кўрона даст зада, ба ҷамъият таъсири манфӣ мерасонанд.

Бароат Мамадҷонова, сокини шаҳри Гулистон:

-Духтарам хатмкунандаи мактаб буда, пас аз дарс бо дугонаҳояш дар хона филмҳои туркиро бо шавқи беандоза тамошо мекунад. Ростӣ, дар аввал ба рафтори онҳо аҳамият намедодам, лекин баъдтар дигаргуниро эҳсос намудам. Ў аз ҳар ҷиҳат ба қаҳрамонҳои филм тақлидкунон тарзи либоспўшии худро тағйир ва ҳатто чашму абрўвонашро оро дод. Рафтору муносибаташ бо аҳли оила дигаргун гашта, дағалона ҳарф мезад. Дар фазои ҳавасу орзуҳои дар филм тасвирнамуда бегонавор муомила мекард. Пас аз дарс бо дугонаҳояш ба сайр баромада, дер ба хона меомад ва ҳатто талаб кард, ки алоҳида зиндагӣ карданист… Ин ҳама рафтору кирдораш бароямон ғайричашмдошт намуд ва ба хулоса омадам, ки ин таъсири силсилафилмҳои туркист…

Дар давоми нўҳ моҳи соли 2017 аз ҷониби кормандони Корхонаи фаръӣ-давлатии кино ва видеои вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд зиёда аз 4 ҳазор фита мусодира карда шудааст, ки аз он 2 280 адад филмҳои хусусияти ваҳшонияту зўроваридошта ва ба мафкураи мардуми мо бегона мебошад.

Директори корхонаи фаръӣ - давлатии кино ва видеои вилояти Суғд Маҳмадназар Маҳкамов гуфт, ки алҳол дар бозорҳои вилоят воридот ва фурўши якчанд намуд фитаҳо, аз ҷумла филмҳои ваҳшоният бо номи «Пила», «Я плюю на твою могилу», «Топор», «300 спартанӣев», «Спартак», «Малолетка», бозии компютерии «Дарёи сурх» ва амсоли он манъ шудааст. Барои пешгирӣ ва паҳн кардани ин намуди фитаҳо корхонаи мо бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва кормандони бозори марказии «Панҷшанбе» аз оғози сол 16 рейди муштарак доир кард. Дар натиҷа фаъолияти фитафурўшоне, ки бе гувоҳнома кор мекунанд, қатъ гардид. Дар умум аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар давоми нўҳ моҳ 14205 адад фитаи пастсифат ва бе ҳуҷҷат мусодира шуданд.

Дар бозори марказии «Панҷшанбе» бо фурўшандаи фитаҳо Шўҳратҷон, ки дар кўчаи Шарқ қарор дошт, ҳамсуҳбат шудем. Ў гуфт, ки донишгоҳро хатм кардааст, бо сабаби наёфтани кор чанд сол инҷониб ба фурўши фитаҳо машғул аст ва бо ин роҳ зиндагиашро пеш мебарад. Солҳои пеш фитаҳои характери ваҳшониву зўроваридошта бештар ба савдо мерафту имрўз бошад, аз тарафи масъулини соҳа фурўши чунин фитаҳо манъ гаштааст. Аз ин рў, бозори мо суст шуд. Лекин ба ин нигоҳ накарда, мо фитаҳоро бо силсилафилмҳои туркӣ ба фурўш бароварда истодаем.

Бо баробари рушд ёфтани соҳаи синамо ва тақозои шароити иқтисоди бозоргонӣ алҳол телевизионҳои зиёде рўи кор омадаанд, ки ин албатта, ба нафъи ҷомеа аст. Алалхусус, телевизионҳои рақамиву кабелӣ, ки шабакаҳои зиёди мухталифро дарбар мегиранд, намоиши филмҳои гуногунмазмунро ба роҳ мондаанд, ки на ҳамаи онҳо ба фарҳангу ахлоқи шарқиёна рост меояд. Аз он ҷумла, дар шабакаҳои «НСТ», «ӯ1000», «ТВ-3» филмҳои ба шуури кўдакону наврасон таъсири манфӣ расонанда зиёд аст. Ба фикри мо хуб мебуд, ба вақту соати намоиши чунин филмҳо масъулин дигаргунӣ ворид намоянд. Ҳамчунин, волидайн низ бояд барои аз ҳар ҷиҳат эмин нигоҳ доштани фарзандашон аз тамошои чунин филмҳо мусоидат кунанд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
суратгир Инъомҷони РАБИЗОД,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh