“Навоафрўзи Аҷам”

Дар толори факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 25-солагии Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 75-солагии мавлуд ва 55-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи Халқии Иттиҳоди Шўравӣ, профессор Ҷўрабек Муродов Конфронси илмӣ- фарҳангии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Навоафрўзи Аҷам» баргузор гашт.

Конфронсро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷўразода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба чорабинии илмӣ- фарҳангӣ хайрамақдам гуфт. Мавсуф хидматҳои Ҳунарпешаи Халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷўрабек Муродовро дар муаррифӣ ва рушди санъати тоҷик шоистаи таҳсин унвон кард. Номаи муборакбодии устодону шогирдони донишгоҳ ба соҳибҷашн тақдим шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадҷонзода дар сухани табрикотии хеш ба устоди санъати тоҷик Ҷўрабек Муродов тансиҳативу сарбаландиро орзу намуда, аз ҳунар ва истеъдоди нотакрори нобиғаи санъат ҳарф зад.

Сипас иштирокдорони конфронс маърўзаи доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслидин Низомовро дар мавзўи «Ду меҳрубони миллат (оид ба пайванди фалсафӣ - таърихии сурудҳои Ҷўрабек Муродов ва ашъори Мирзо Турсунзода)» шуниданд. Маърузачӣ роҷеъ ба пайванд ва ҳамкориҳои судманди ин ду марди соҳибистеъдоди Ватан сухан карда, аз нақши боризи онҳо дар рушди санъат ва назми тоҷик ёдрас шуд.

Чеҳраи тавонои санъати мусиқии тоҷик Ҷўрабек Муродов дар маърузаи номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Султоналӣ Худойбердиев аз нигоҳи илми санъатшиносӣ бозгў шуд. Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона низ аз шеъру мусиқӣ ва саҳми Ҷўрабек Муродов дар рушди санъати мусиқии тоҷик сухан кард.

Дар қисмати фарҳангии конфронс донишҷўён ва шогирдон оҳангҳои эҷоднамудаи Ҷўрабек Муродовро суруданд.

Дар интиҳо Ҷўрабек Муродов ба қадрдонии мухлисон миннатдорӣ намуда, ҳозиринро бо сурудҳои дилнавози хеш шод гардонид.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд» 

Add comment


Security code
Refresh