Мақсад: Камхарҷ гузаронидани маъракаҳо

“... То расму оин ва маросими милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба шарофати қабули Қонуни танзим барои соҳибмаъракаҳо дигар ҳоҷат ба фурӯши иҷбории молу ҳол, қарзу қавола аз бонку касони дигар, аз ҳама муҳимаш исрофгариҳои беҳуда, шунидани таънаву маломати якдигар, сабқати ноҷояи "ман аз ту кам не"-и байни хешу табор, ҳамсояҳо барои барпо кардани тӯю маросими дакадангу пурдабдаба намонд. Чунки миқдори меҳмонони ҳар кадом тӯю маърака, ҳатто вақту соати гузаронидани онҳо аниқ муайян гашт.

Баъди даҳ соли амал бори дигар ҳангоми баргузории мулоқоти Асос- гузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеаи мамлакат мавриди муҳокима қарор гирифтани бурду бохти рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз он шаҳодат медиҳад, ки ин Қонуни ҳимоятгари мардум, инчунин дигар санадҳои меъ-ёрию ҳуқуқии ба он вобаста ба даровардани тағйиру иловаҳо ниёз доранд.

Дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ҳат- талимкон аз хурофоту бидъат озод гардидани ҷаҳонбинии мардум, аз ҳама муҳимаш бештар гардидани диққату эътибори аҳли ҷомеа ба фарҳанги маъракаороӣ аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси татбиқи Қонуни танзим маҳсуб меёбанд. Ба забон овардани ҳамин далелҳо кофист, ки тӯли даҳ соли амали Қонуни танзим дар натиҷаи камхароҷоту муъҷаз гузаронидани тӯю маъракаҳо мардуми кишвар тибқи маълумоти оморӣ қариб 30 миллиард сомонӣ маблағи пасандозашонро сарфа намуданд. Азбаски баҳри оростани дастархони маросими хурсандию азодорӣ ба истифодаи гӯшти бисёр дигар ҳоҷат намонд, дар ин давра беш аз 1 миллиону 250 ҳазор сар чорвои хурду калон забҳ нагардида монд ва ин раванд боиси бемайлон афзоиш ёфтани саршумори чорво дар мамлакат гардида истодааст. Ба ҷои оростани маъракаҳои пурдабдаба аксар сокинон маблағҳои пасандозашонро барои соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунарҳои гуногун гардонидани фарзан- дон, ободонии манзили зист, харидани мошинҳои сабукрав ва дигар ҷиҳози замонавии рӯзгор масраф карда истодаанд, ки ин ҳама манфиати Қонуни танзим мебошад.

Тибқи тағйироти нави воридгашта дар рӯзи идҳои Рамазон ва Қурбон оростани дастархони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорию зоҳирпарастӣ ва зиёдаравӣ таъкид гардидааст. Дар моддаи 9-и Қонуни танзим бошад, баъди даровардани тағйирот тартиби нави баргузории тӯи суннатии хатнасур пешниҳод шудааст, ки аз пештара фарқ дорад. Яъне, минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида хоҳад шуд. Хатнаи фарзанд бошад, бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танду-рустӣ гузаронида мешавад.

Тибқи Қонуни танзим минбаъд доир намудани маъракаи ақиқа умуман манъ карда шудааст.

Тибқи муқаррароти нави моддаи мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарас-тор ва аз оилаҳои камбизоатро бар- гузор намоянд. Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

Ба моддаи 10-и Қонуни танзим, ки баргузории тӯйи домодию арӯсиро ба низом медароварад, низ илова ворид гардидааст ва тибқи он баробари дигар маъракаҳои қаблан манъшуда, аз қабили фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон инчунин минбаъд доир намудани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) мумкин нест. Ҳамчунин дар ҳамин модда меъёре пешбинӣ гардид, ки тибқи он падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо мас- лиҳати тарафайн метавонанд, ба ҷои додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зин- дагии минбаъдаи навхонадорон масраф намоянд.

Ҳамзамон ба моддаи 11-и Қонуни амалкунанда, ки маросимҳои дафну азодориро ба танзим медароварад, тағйироти ҷиддӣ ворид гардидаанд. Тибқи он ҳамаи маросими вобаста ба дафну азодорӣ, аз ҷумла маъракаҳои "се", "чил" ва "сол" минбаъд бе забҳи чорво ва додани таом бояд гузаронида шаванд. Дар маросими дигари манъшудаи "оши сари тахта", "душанбегӣ", "ҷумъагӣ", "ҳафт", "бист" ва "шашмоҳагӣ" низ забҳи чорво ва додани хӯрок манъ шудааст. Ҳамзамон таъкид гар- дидааст, ки тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

Мувофиқи талабу дархости аксар сокинони мамлакат ба моддаи 14-и Қонуни танзим якчанд иловаҳо ворид карда шудаанд. Аз ҷумла, вақти баргузории тӯю маъракаҳо минбаъд дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-и пагоҳ то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 муқаррар гардидаанд. Давомнокии ҳар кадом тӯю маърака 3 соат мебошад.

Ҳамзамон тибқи талаботи нави Қонуни танзим шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор шудаанд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ эҳтиром гузошта, онҳоро аз таъсирҳои манфии замони муосир муҳофизат намоянд. Бояд тазаккур дод, ки ин нукта бесабаб ба Қонуни танзим илова нашудааст. Аз қади- мулайём барои мардуми мо хислати бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ хос набуд ва бинобар ҳамин ҳам тӯли ҳазорсолаҳо забони аҷдодӣ ва урфу одатҳои гузаштагонамон то ба имрӯз омада расидаанд.

Вале ба туфайли равандҳои ҷаҳонишавӣ, тараққиёти босуръати техникаю технологияи нав, телевизиону дигар воси-таҳои ахбори электронӣ, барои аксарият дастрас шудани интернету шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан, дар байни ҷавонону духтарони мо алҳол ҳисси тақлидкорию бегонапарастӣ торафт авҷ гирифта истодааст. Дар натиҷа ҳангоми доир шудани маросими ақди никоҳи давлатии навхонадорон, баргузории тӯйҳои домодию арӯсӣ бо "ташаббус"-и наворбардорони тақлидкор, барандаҳои ба қавли худашон "касбӣ"-и тӯйҳо, продюссерони ширкатҳои навбаромади хизматрасон баҳри зебу ороишдиҳии тӯйхонаю тарабхона ва манзилгоҳҳои мардум одатҳои аҷоибу ғароиби халқу миллатҳои ғайр ва дар аксар маврид кирдорҳои хунуки ба одоби тоҷиконаи мо бегона ва беҳаёёна, аз қабили барои аксу наворгирӣ аз ҷониби домод рӯи даст бардоштани арӯс, якдигарро бешармона ба оғӯшгириҳои онҳо, дар кӯчаҳои васеъ атрофи ҷуфти навхонадор бо суръати ниҳоят тез то дуд баровардани резинаи чархҳо давонидан ва давр занонидани мошинҳо, ҳангоми гусел ба хонаи домод ба зону афтода, бӯсидани пои волидайн аз ҷониби арӯс, овони ба хонаи домод даромадан гулдастаро ба паси сараш ҳаво додани келин ва аз сари домоду арӯс пошидани пати гулҳои зиёд, иҷрои "рақси сафед" дар базм аз ҷониби арӯсу домод ва ғайраю ҳоказо расм шуда истодаанд, ки номгӯи нестдарҷаҳони чунин навгониҳоро боз худи ҳамон даст-андаркорҳои "тӯйҳои замонавӣ" медонанд. Фақат ҳаминаш мондааст, ки дар вақти базм меҳмонон ҳангоми табрики навхонадорон қадаҳҳо дар даст аз ҷой хеста "горко", яъне "ширин шавад" гӯён доду фарёд зананду арӯсу домод дар пеши назари мардум якдигарро бӯсобӯсӣ намоянд.

Ин ҳама ҳавою ҳавас ва падидаҳои нозеб, ки теша ба решаи анъана ва расму оинҳои миллии мо мезананд, тақлиди кӯр-кӯрона ба филмҳои ҳиндию туркӣ ва аврупоӣ, клипҳои ҳофизони эронӣ, хулласи калом бегонапарастӣ мебошаду бас. Ҳол он ки дар чунин мавридҳо мо, тоҷикон одатҳои қадимаи аз ҷониби пирони дуогӯи оила бо фотеҳаи нек ба хонаи бахт гуселонидани навхонадорон, барои ширин шудани зиндагиашон ба онҳо нӯшонидани шарбат ва аз сарашон пошидани қанду қурс, зери пояшон густурдани пойандоз, атрофи гулхан бо нақшхонӣ ва сурудани "Ёр-ёр" давр занонидани домоду арӯс ва дигар урфу одат, расму таомулҳои анъанавӣ ва хос миллӣ доштему дорем ва минбаъд низ бояд онҳоро риоя намоем.

Ҳангоми шарҳу тавзеҳи тағйироти ба Қонуни танзим воридгашта ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки ба моддаи 481-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иловаҳо дохил шудаанд. Тибқи онҳо ҷавобгарии шахсони мансабдор ва воқеӣ барои риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим боз ҳам пурзӯр карда, андозаи ҷарима нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 5000 сомонӣ мебошад, ба шахсони мансабдор ба андозаи 500 ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 700 нишондиҳанда, ки мутаносибан ба 25000 ва 35000 сомонӣ баробар аст, ба соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин низ ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки 35000 сомониро ташкил медиҳад, ҷарима муқаррар гардидааст. Инчунин барои дағалона ва ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим ба шахсони воқеӣ ба андозаи 600 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 30000 сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи 800 нишондиҳанда, яъне 40000 сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробари 50000 сомонӣ мебошад, ҷарима муайян шудааст.

Дар ин мақола, ки роҷеъ ба шарҳу эзоҳи тағйироту иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" воридгардида таълиф гардид, бо овардани иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни хотима бахшиданиам: "...Ба халқи шарифи худ, хусусан ба падару модарон муроҷиат менамоям, ки маблағи ёфтаи худро ба ҷои ба маросими беҳудаву нодаркор ва серхароҷот барбод додан ба ғизои дурусти оилаи худ, беҳбуди шароити зист ва таълиму тарбияи шоистаи фарзандони худ сарф намоянд".

Мазбутҷон ВОҲИДОВ,
собиқадори матбуот ва
хизмати давлатӣ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh