Санъат барояшон ишқ аст!

Умарҷони Абдусаттор 9-уми марти соли 1988 дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Баъди хатми синфи 9-уми мактаби миёнаи деҳааш ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи мусиқии шаҳри Исфара супорида, нозукиҳои санъати мусиқиро аз бар кард. Соли 2005 ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд ва шуъбаи сарояндаи мардумии ин боргоҳи ҳунарро бомуваффақият хатм мекунад. Аз устодон Исроил Файзиддинов, Абдураҳим Шерматов, Лутфулло Файзиев дарси мусиқии Шашмақомро аз бар кардааст.

Фаррухи Абдуманнон 14-уми октябри соли 1987 дар деҳаи Устомуллои шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Баъди хатми синфи 9-уми мактаби миёнаи деҳааш дар Коллеҷи мусиқии шаҳри Исфара таҳсилро идома додааст. Риштаи дӯстиаш бо Умарҷони Абдусаттор дар ҳамин дабистон оғоз гашта, ин дӯстиву ҳамкорӣ дар саҳнаи эстрадаи тоҷик дуэтро бо номи «Сорбон» ба бор овард. Замони донишҷӯӣ риштаи дӯстии онҳоро боз ҳам мустаҳакамтар намуд, гурӯҳ низ рӯз то рӯз муваффақтару маҳбубтар гашт. Фаррухи Абдуманнон ва Умарҷони Абдусаттор, ҷавонҳои боистеъдод ва дар айни замон таҷрибакорони сабкҳои мусиқии ПОП-эстрадӣ 10 сол аст, ки ба мухлисони савту навои эстрадӣ сурудҳои нав ба наву дилнишинро пешниҳод намуда, мухлисону ҳаводорони зиёде пайдо кардаанд. Имсол, ки бо пешниҳоди Президенти мамлакат «Соли ҷавонон» эълон гаштааст, баҳри ин ҷавонони соҳибистеъдод чӣ гуна сол буд, онҳо чӣ дастовардҳоеро ноил шуданд? Дар ин хусус суҳбате доштем бо Умарҷон ва Фаррух, ки фишурдаи онро манзури хонандагони рӯзнома месозем.

-Умарҷон, Фаррухҷон, чаро маҳз ҷодаи санъатро интихоб кардед? Сарояндагӣ барои Шумо чист? Ишқ, касб ё чизи дигар?

Умарҷони Абдусаттор: - Санъат ҳамеша бароям ишқ буд ва мемонад. Аз хурдӣ ба сурудан муҳаббат доштам. Дар ёд надорам кай ин эҳсос дар ман рӯ зада бошад, фикр мекунам ман бо ҳамин ишқ таваллуд шудаам. Ҳамзамон мехоҳам бигӯям, ки муҳит ва тарбия дар афзунии ин муҳаббат мусоидат кардааст. Ман аз шодравон падарам миннатдорам, ки бароям ҳама шароитро муҳайё мекарданд. Падар чунин андеша доштанд, ки фарзандро бояд аз хурдӣ дар фазои майлу хоҳишҳои ояндааш тарбият кард. Муҳаббати ман нисбат ба сурудану навохтанро эҳсос намуда, падарам бароям асбобҳои мусиқӣ мехариданд. Барои сайқали маҳорати ман аз мутахассисон маслиҳат мепурсиданд. Аввалин асбоби мусиқии падарам бароям харида фортепиано буд.

Фаррухи Абдуманнон: - Албатта, то ба касби худ муҳаббат надошта бошӣ, муваффақ нахоҳӣ буд. Барои ман низ ҳофизӣ пеш аз ҳама ишқ аст ва сипас касб. Ба фикрам барои мутахассиси касбӣ шудан бояд кори худро бо тамоми вуҷуд дӯст дорӣ.

 - Ростӣ, чаро гурӯҳро «Сорбон» унвон кардаед?

Умарҷони Абдусаттор: - Вақте мо ҳамкориро оғоз кардем ва аввалин сурудҳои якҷояи хешро ба дӯстон шунавонида, барои таъсиси дуэт муътақид шудем, фикри чӣ ном гузоштани гурӯҳ ба миён омад. Он вақт мо, як гурӯҳ ҷавонон аз Конибодому Исфара, аз ҷумла Муҳиддини Музаффар ва Фарҳоди Ғаффорпур мухлиси асарҳои нависанда Сорбон гашта будем. Маслиҳат кардем, ки номи гурӯҳро ба ифтихори ин нависандаи маъруфи тоҷик «Сорбон» унвон кунем.

- Дар таҷрибаи дуэтҳо мо зиёд шоҳиди таҷрибаҳое шудаем, ки пас аз муддати ҳамкорӣ ва дар аксар вақт маъруфият пайдо кардан аксаран парешон мешаванд. Ба мисли дуэтҳои «Эҳсон», «Боло», «Иқбол»… Ба дуэти шумоён чунин таҷрибаҳои талх таҳдид намекунанд?

Фаррухи Абдуманнон: - Мо дар алоҳидагӣ ҳеҷ коре карда наметавонем. Агар кунем ҳам, бароямон мушкил меафтад. Ҳамон як кори тадвини оҳанг, сабти садо, навор бардоштан, боз дигар корҳоро бояд як худат иҷро намоӣ. Аммо ин хуб аст, ки мо ду нафарем ва дар якҷоягӣ метавонем ин корҳоро анҷом диҳем. Шуруъ аз интихоби матни воло, оҳанги ҳирфаӣ, таҳияи клип дар сатҳи олӣ бо маслиҳати ду нафар беҳтар аст. Вале таҷрибаи парешонии дигар гуруҳҳо ба фикри ман, ин якдигарро дуруст нашинохтан аст. Умед ва талош мекунем, ки мо ду дӯст дар «Сорбон» то охир як ҷо бошем.

- Имрӯз Шумо дар шаҳри Исфара зиндагӣ ва дар Театри ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом фаъолият доред. Дар марказ набудану дар як гӯшаи кишвар фаъолият намудан барои Шумо мушкил нест?

Фаррухи Абдуманнон: - Барои ҳунарманд муҳим нест дар куҷо фаъолият дорад, дар марказ ва ё музофот. Албатта, ҳама наметавонанд дар Душанбе ё Хуҷанд монанд ва дар ин шаҳрҳои марказӣ кору эҷод кунанд. Дигар гӯшаҳои диёрро низ бояд обод кард. Ба мо кифоя аст, ки як наврас дар як кунҷи деҳаи диёр моро дида, бо табассум салом диҳаду як мисраъ аз суруди моро сарояд.

Умарҷони Абдусаттор:-Аммо бояд бигӯем, ки мо мақсадҳои бузург дорем. Барои расидан ба ҳадафаҳои бузург муҳим талош аст, на макон. Ҳамқадами замон будан муҳимтар аз ҳама аст.

- Соли ҷавонон ҳам ба интиҳо мерасад. Ин солро гурӯҳи «Сорбон» чӣ гуна ба поён расонид?

- Умарҷони Абдусаттор: - Шарофати Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 буд, ки мо дар хеш масъулият ва илҳоми бештареро эҳсос кардем. Сурудҳои наву сабти клипҳои тоза натиҷаи талошҳои эҷодӣ буд. Моҳи марти соли равон таҳти унвони «Фарёди хомӯшӣ» дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара консерти ҳунарӣ баргузор намудем. Бахшида ба Соли ҷавонон ва 26-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон дар гулбоғи ба номи Сайфуддини Исфарангӣ консерти калон бо номи «Дили ман» пешкаши мухлисон карда шуд.

- Медонем, ки дар чанд соли охир гурӯҳи Шумо саундтрекҳои филми «Сарнавишт», «Сазои вафо» «Паймон» ва «Коса»-ро иҷро кард. Ин сурудҳо миёни шунавандагон мухлисони зиёдеро пайдо намудааст.

Фаррухи Абдуманнон: - Бале, ин филмҳо миёни шунавандагон ҳаводорони зиёд пайдо кардааст. Саундтреки филм дар баробари оҳанг матну овоз ҳамзамон бояд муҳтавои филмро баён кунад ва дар тарғибу ташвиқи филм мусоидат намояд. Ҳангоми сурудани саундтрекҳо мо бештар ҳамин масъулиятро эҳсос мекунем. Хубии кор дар он аст, ки ҳамкорӣ бо синамогарон низ зиёд мешавад ва табодули таҷрибаҳо ба такомули фаъолияти эҷодии мо кӯмак мерасонад.

- Ба фикри Шумо дар ҷодаи муаррифии истеъдоди ҷавонон чӣ мушкил пеш меистад?

Фаррухи Абдуманнон: - Яке аз мушкилии мо - ҷавонон маблағ аст. Дар баробари истеъдоду санъати асил барои муаррифии садои хубу дониши бузурги мусиқӣ маблағ ҳам, барои ситораи санъат шудан нақш мебозад. Агар маблағ бошад, метавонӣ, бо устодони варзидаи дунё тамрин гузарониву сабту тадвини мусиқиро дар студияҳои ҳирфаӣ роҳандозӣ намоӣ. Баъдан барои сабти клипнаворҳо ва пешниҳоди он ба шабакаҳои телевизионии сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам маблағ лозим аст.

- Чӣ орзу доред? Оё орзуҳои даҳ сол қаблинаи Шумо аз орзуи имрӯзатон тафовуте доранд?

Фаррухи Абдуманнон: - Орзуҳо зиёданд. Даҳ сол қабл орзуҳои ман кӯчак буданд ва кӯдакона. Орзуи суруданро доштам ва муваффақ шуданро. Имрӯз дарк кардам, ки то орзуҳо ғалатӣ ва бузург набошанд, орзу нестанд, балки нақша ва мароми зиндагиянд.

Умарҷони Абдусаттор: - Фаррухҷон дуруст мегӯянд, орзуҳо бояд боли парвози баланд дошта бошанд. Агар ту орзуи кайҳоннавард шуданро кунӣ, ҳадди ақал халабони чархбол мешавӣ (механдад). Бинобар ин орзуҳои мо ҳам хеле баланданд. Мо талоши расидан ба орзуҳоямонро дорем. Яке аз орзуҳоям ин аст, ки бо Фарҳоди Дарё дуэт сароем.

- Нақшаҳои Шумо?

Умарҷони Абдусаттор: - Ният дорем дар маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд консерти ҳисоботӣ баргузор намоем. Гурӯҳи мо тариқи шабакаи Интернет дар шаҳрҳои Россия мухлисони зиёд дорад. Мехоҳем ба ин шаҳрҳо сафари эҷодӣ намоем. Эҷоди пайвастаи сурудҳои нав ба нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замон мароми ҳамешагии мост.

- Барои суҳбат ташаккур.

Суҳбаторо
Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh