Таҷлили 100 солагии Воҳид Асрорӣ

19 декабри соли равон дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров конфронси илмию амалӣ бахшида ба таҷлили 100-солагии ходими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Воҳид Асрорӣ баргузор шуд. Дар конфронс Мурод Муродов, профессори кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ, Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Илҳом Ҷамолов, раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Дилбар Самадова, мудири шуъбаи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров иштирок доштанд.

Конфронсро Хайрулло Сабуров, муовини ректор оид ба корҳои  илми донишгоҳ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Воҳид Асрорӣ умри худро пайваста дар ҷустуҷӯ ва таҳқиқ гузаронида, дар ҷодаи омузгорӣ ва рӯзноманигори шогирдони зиёд тайёр намудааст.

Сипас, аз ҷониби Мурод Муродов дар мавзуи «Воҳид Асрорӣ ва мактаби илмию адабии ӯ», Дилбар Самадова дар мавзуи «Профессор Воҳид Асрорӣ ва рушди журналистакаи тоҷик», Субҳон Аъзамов Субҳон, мудири кафедраи адабиёти муосири факултети филологияи тоҷик дар мавзуи «Воҳид Асрорӣ адабиётшинос ва фолклоршиносӣ соҳибмактаб» маъруза намуданд.

Мурод Муродов китоби маҷмӯи мақолаҳои журналистони ҷумҳуриро таҳти унвони «Асрори сухан» ба кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума тақдим кард.

Конфронси мазкур бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академак Бобоҷон Fафуров ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гузаронида шуд. 

Мижгона Шукурова,
донишҷӯи  курси 4 ихтисоси рӯзноманигории
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh