Қонуншиканон беҷазо намемонанд!

Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз 1-уми сентябри соли 2017 қувваи ҳуқуқӣ ба худ касб кард, то ин ҷониб дар шаҳри Хуҷанд қонуншиканиҳо хеле кам ба қайд гирифта шуд. Ин далели қонунсолории кишвари мо буда, дар як вақт тағйиру иловаҳо ба Қонуни миллӣ саривақтӣ ва нишонрасанд.

Прокуратураи шаҳри Хуҷанд ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар соли 2017 мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ин давр аз тарафи Бахши кор оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 1499 тӯйи домодиву арусӣ, 859 хатнасур, 172 маъракаи чил ва 92 маъракаи сол ба қайд гирифта шудаанд. Соли 2016 бошад, 1428 тӯйи домодиву арўсӣ, 843 хатнасур, 187 маъракаи чил ва 92 маъракаи сол гузаронида шуда буд. Дар соли 2017 ҳангоми баргузории маъракаҳо 4.425.200 сомонӣ харҷ шудааст. Дар соли 2016 бошад, ин рақам 4.689.500 сомониро нишон медод.

Тибқи сархати 3-и моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маросими домодталабон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешавад. Дар ин давр ҳолатҳои риоя накардани ин талаботи Қонун ошкор шуданд.

Чунончӣ, З.Юнусов-сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 12-ум ҳамчун соҳиби маърака талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дағалона вайрон намуда, 22 июли соли 2017 аз соати 10 то соати 13 дар қаҳвахонаи “Чор плюс” маъракаи домодталбонро бо иштироки 60 нафар баргузор намудааст.

Оид ба ин ҳолат 25 июли соли 2017 нисбат ба соҳиби маърака З.Юнусов бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз ва барои баррасӣ ба Суди шаҳр ирсол гардид, ки номбурда бо қарори суд ба маблағи 5000 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Ҳамчунин, дар ин давр ҳолатҳои бархилофи Қонуни мазкур аз ҷониби шаҳрвандон зиёд даъват кардани шумораи меҳмонон ошкор гардид.

Чунончӣ, М.Собиров - сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 32 ҳамчун соҳиби маърака талаботи моддаи 9–и ҳамин Қонунро дағалона вайрон карда, 22 июли соли 2017 аз соати 11 то соати 14 дар тўйхонаи “Тоҷикистон” маъракаи хатнасури писарашро бо иштироки 79 нафар меҳмон баргузор намудааст.

Оид ба ин ҳолат нисбат ба соҳибмаърака М.Собиров ва роҳбари тарабхонаи “Тоҷикистон” А.Р. Ярматов бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз ва барои баррасӣ ба Суди шаҳр ирсол гардид, ки бо қарори суд номбурдаҳо ба маблағи 5000 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Инчунин Х.Холматов - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов ҳамчун соҳиби маърака талаботи моддаҳои 9 ва 13-и Қонунро дағалона вайрон намуда, 8 июли соли 2017 аз соати 11 то 14 дар тарабхонаи “Анситу” маъракаи хатнасури набераашро бо иштироки зиёда аз 60 нафар меҳмон бе бастани шартномаи хизматрасонӣ бо тарабхона баргузор намудааст.

Оид ба ин ҳолат низ санаи 10 июли соли 2017 нисбат ба соҳиби маърака Х. Холматов ва роҳбари тарабхонаи “Анситу” М.Мирзоазимов бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз ва барои баррасӣ ба суди шаҳр ирсол гардид, ки Х. Холматов ва М. Мирзоазимов бо қарори суд ба маблағи 5000 сомонӣ ҷарима шуданд.

Дар ин давра ҳолатҳои риоя накардани талаботи Қонуни танзим вобаста ба гузаронидани маъракаи зодрӯз ва ҳоҷиталбон низ ошкор карда шуд. Чунончӣ, Т.Наҷмиддинов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва талаботи моддаи 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дағалона вайрон намуда, 22 июли соли 2017 аз соати 11 то соати 14 дар тарабхонаи “Бахт” бо баҳонаи маъракаи хатнасури писараш зодрӯзи модарашро бо иштироки 60 нафар меҳмон ҷашн гирифтааст.

Инчунин, санҷиши гузаронида муайян намуд, ки Т.Алимуҳаммедов - сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 13, ҳамчун соҳибмаърака талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя накарда, 8-уми октябри соли 2017, тахминан соати 12 дар манзили истиқоматиаш маъракаи ҳоҷиталбони хешовандонаш А. Маннонов ва М.Мирзобоеваро бо даъвати зиёди меҳмонон баргузор намудааст.

Нисбат ба қонунвайронкунандагон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, ба Суди шаҳр ирсол шудааст.

Ҳамин тариқ, таҳлилҳо собит намуданд, ки вобаста ба ин масъала 11 пешниҳод, 22 истеҳсолоти интизомӣ, 20 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шудаанд.

Прокуратураи шаҳри Хуҷанд иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, баҳри ошкор ва пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ чораҳои мушаххас меандешад. Баробари ин бояд ёдовар шуд, ки то вақти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзим дар ҷомеа қонуншиканиҳои зиёд ба назар мерасиданд. Аммо тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, баъди он то андозае маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд шуда, бештар масъулиятшиносӣ зоҳир мегардад.

Фаридуни НУРУЛЛО,
ёрдамчии прокурори
шаҳри Хуҷанд
Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh