Шоири дилу дарё

Дар толори Китобхонаи вилоятии омавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бахшида ба 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Қутбӣ Киром маҳфили илмӣ-фарҳангии «Сарафрози майдони сухан» баргузор гардид.

Дар маҳфил аҳли илму адаб, шоиру нависандагон ва донишҷўёни макотиби олии вилоят иштирок доштанд. Баъди сухани ифтитоҳӣ ва хайрамақдами директори китобхона Баҳром Мирсаидов, раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод  дар бораи зиндагӣ ва осори  ин шоири ширинсухан ҳарф зада, хотироти мондагори хешро қисса намуд.

Зикр кард, ки  Қутбӣ Киром миёни хонандагони русу украин, белорусу ўзбек ва қазоқу чех низ ҳаводорони зиёд дорад. Имрўз насли ҷавон ба навиштаҳои пурмуҳтавои Қутбӣ Киром таваҷҷуҳ ва эҳтироми хос доранд.

Нуралӣ Нурзод, докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавриди «Идомаи суннатҳои шеъри классикӣ дар эҷодиёти Қутбӣ Киром» андешаҳои хешро баён дошт.

Фарҳанги мардумӣ ва инъикоси он дар ашъори шоир аз ҷониби сардори шуъбаи табъу нашри китобхона, шоир ва муҳаққиқ Шодӣ Шарафниё бозгўву баррасӣ шуд. Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Шоири халқии Тоҷикистон низ ёдномаҳои худро роҷеъ ба кору пайкори Қутбӣ Киром ва шахсияти беназири ин марди ҳунар нақл кард.

Қироати шеърҳо аз ҷониби донишҷўён маҳфилро рангину хотирмон сохт.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Cуғд»

Add comment


Security code
Refresh