“Ганҷи сухан” бо омӯзгорони адабиёт

Нишасти 157 маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар толори  мактаби навбунёди хонандагони болаёқати  шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар ба маҳфил олимону адибони маъруф омӯзгорони фанни забон ва адабиёти мактабҳои шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.

Дар даромадгоҳи бинои мактаб барои меҳмонон аз ҷониби нашриёти “Ношир” ва шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд  намоиш ва муаррифии китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобу дастурҳои методӣ оид ба усули таълим ва омӯзиши забон ва адабиёт дар мактаб, китобҳои тозанашри олимону адибони вилоят манзур шуд. Меҳмонони маҳфил дар баробари ошноӣ бо китобҳо имконияти хариди онро низ доштанд. Хонандагон ба пешвози меҳмонон аз ашъори адибони тоҷик порчаҳои шеъри қироат намуданд.

Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки ҳадафи маҳфили навбатӣ ба роҳ мондани ҳамкории устодони забон ва адабиёт бо факутети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Гузашта аз ин дар маҳфил китбоҳои дарсӣ, усули таълими адабиёт, назари омӯзгорони мактаб оид  ба ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар бахши  навгонихои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ оид  ба муҳимтарин рӯйдодҳои илмиву фарҳангии соли 2017, аз ҷумла китобҳои тозанашр  Ислом Раҳимов, номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад намуд.

Сипас, адабиётшинос Тоҷибой Султонзода, таҳти унвони” Назари интиқодӣ  ба китобҳои  дарсии адабиёт дар мактабҳо” маърӯза намуда, оид ба ғалату нуқсон ва камбудиҳои китоби дарсии “Адабиёти тоҷик синфи 7” ибрози назар кард. Баъдан   дар мавзӯи “Усулҳои муосири таълими адабиёт дар мактаб” Мирзоҳабиб Аҳмадов номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маърӯза намуда, аз навгониҳои ин соҳа ибрози назар кард. Баъдан дар мавзӯи «Усулҳои мусоири таълими адабиёт дар мактаб» Мирзоҳабиб Аҳмадов номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров маърӯза намуда, аз навгониҳои ин соҳа ибрози назар кард. Оид ба  мавзӯъҳои зикрёфта байни  омӯзгорону устодон баҳси илмиву методӣ рӯи кор омад ва омӯзгорон пешниҳодҳои мушаххаси худро  дар беҳдошти таълими адабиёт дар мактаб баён карданд.

Дар бахши “Минбари шеър” Нурмуҳаммад Ниёзӣ - Шоири Халқии Тоҷикистон  дар бораи рисолати шоир дар ҷомеа изҳори назар карда, бо шеърҳои нави хеш ҳозиринро шод сохт. Сарояндаи хушадо Маҳкамхоҷа Баҳоваддинов бо суруди дилнавоз  ба маҳфил шукуҳи тоза бахшид.

Абдураҳмон Раҳимов

Add comment


Security code
Refresh