Соли нав: Пайдоиш ва нигориш

Соли нав яке аз қадимтарин идҳост, ки инсоният ҷашн мегирад. Таърихи ҷашнгирии он ба гуфти бостоншиносон панҷ ҳазор солро дар бар мегирад.

Ҳангоми ҳафриёти аҳромҳои Мисри қадим бостоншиносон шикастапораи кӯзаеро пайдо намуданд, ки дар он “Ибтидои соли нав” сабт шуда буд. Дар Мисри қадим соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд. Дамидани Нил хеле муҳим буд, зеро танҳо он биёбонро шодоб мегардонид.

Дар соли нав мардум ҳайкалҳои худояшон - Амон, ҳамсар ва писарашро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил шино мекарданд.

Дар ин вақт одамони даруни киштӣ сурудхонӣ, рақс ва шодиву хурсандӣ менамуданд. Баъд ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ меоварданд.

Римиёни қадим ҳанӯз то мелод ба ҳамдигар тӯҳфаҳои соли навӣ тақдим мекарданд ва шаби соли навро бо майнӯшиву базмороӣ мегузарониданд. Онҳо ба ҳамдигар дар соли нав хушбахтӣ, муваффақият ва бурдборӣ мехостанд.

Муддати дарозе римиён соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд, то даме ки Юлий Сезар тақвими наверо ҷорӣ намуд.

Дар Бобуристони қадим соли навро баҳорон ҷашн мегирифтанд. Дар давраи ҷашн шоҳ 4-6 рӯз аз шаҳр берун мерафт. Вақте ки шоҳ набуд, мардум метавонистанд ба чӣ коре хоҳанд машғул шаванд. Баъд аз чанд рӯз шоҳу дарбориёнаш дар тан либосҳои идона бармегаштанд ва халқ низ ба кори худаш бар мегашт. ҳамин тавр, ҳар сол одамон ҳаётро аз нав сар мекарданд.

Соли нав дар Англия дар асрҳои миёна дар оғози моҳи март ҷашн гирифта  мешуд. Бо қарори парлумон аз соли 1752, рӯзи ҷашнгирӣ ба 1-уми январ гузаронида шуд.

Дар замони қадим соли навро аксари вақт дар баҳор ҷашн мегирифтанд. Зеро дар ин давра табиат аз нав зинда мешуд. Дар Русия низ соли навро якуми март таҷлил мекарданд.

Дар асри 14 Калисои ҷомеаи Маскав қароре баровард, ки мувофиқи он соли нав 1-уми сентябр аз рӯи тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд ва танҳо дар соли 1699 Петри 1 баъди аз Аврупо бар гаштан, бо фармони махсусаш солшумориро аз 1-уми январ сар кунонд ва ин рӯзро рӯзи ид хонд.

Иди соли навро дар Фаронса метавон иди “Сафедиҳо” номид. Дар рӯи миз шамъдонҳои сафед бо шамъҳои сафед, меваҳои тару тозаи бо шакар рӯйкашшуда гузошта мешаванд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон анъанаи ҷашнгирии соли нави

Мухбирахон Дадобоева,
омўзгори гимназияи “Нур”- и
Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов
ноҳияиБобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh