Ҳунар пули устувори дўстӣ

Мо барои касбомўзиву бо шуғл таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунем, яъне муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати мамлакат ва ҳамаи сохтору мақомотҳои давлатӣ мебошад.

 Эмомалӣ Раҳмон

Вақте бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурўҳ намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва васоити ахбори оммаи вилоят сафари сайёҳии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода намудем, моро насиб гардид, ки мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисорро низ аз назар гузаронем.

Дар назди қалъа растаҳо кушода, лавозимоти рўзгор, асбобҳои мусиқӣ, бозичаҳои аз гил сохташуда ва пироҳани занонаву мардона гузошта шуда буданд. Дар дўконҳои он, ки масоҳати на он қадар калонро дар бар гирифтаанд, мардуми Ҳисор ба омода сохтани маҳсулоти халқӣ, аз ҷумлаи куртаҳои чакану рўймол, ҷўробу марҷону гўшвора, табақу чойникҳои сафолӣ, асбобҳои мусиқӣ ва ғайра машғул буда, дар як гўшаи он маводҳои тайёркардаашонро ба маърази тамошо ва фурўш гузошта буданд. Аҷоибии кор дар он буд, ки мардону занони машғули меҳнат манфиати ҳамаи он маҳсулоти омодакардаашонро маънидод мекарданд. Ба мизоҷон хосият ва хусусияти шифобахшии марҷону ангуштариву ҳалқаҳоеро, ки аз сангҳои табиии Тоҷикистон – фирўзаву лоҷувард, алмосу зумурраду ёқут тайёр шудааст, баён мекарданд.

Дар яке аз дўконҳо бошад, ду нафар бону дар паси дастгоҳ ба истеҳсоли атласу адрас машғул буданд. Баробари ононро дидан шод гаштам, зеро огоҳ будам, ки аксари бонувону духтарони ин маҳал аз Марказҳои таълимӣ - истеҳсолии вилояти мо таҷриба андўхтаанд. Боиси ифтихор аст, ки бонувони ҳунарманди мо тавонистаанд, ба гулдухтарони дигар минтақаҳо нозукиҳои касби хешро омўзонанд ва ҳоло маҳсули дасташонро пешкаш кардаанд. Вақте пас аз саволу ҷавоб пурсон шудам, Муяссара Ёдгорова аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии шаҳри Конибодом ин касбро аз бар карда, вақти бозгашт ба зодгоҳ нахуст модараш Гулнора Муҳаммадиеваро бо ин ҳунар ошно сохтааст ва ҳоло самараи меҳнаташон – чанд метр атласу адрасҳои рангобарангро барои фурўш гузоштаанд. Алҳол дар ин дўкон модар ва духтар машғули меҳнат буда, нафаре барои омўхтан кори онҳоро назорат мебурд. Онҳо аллакай чор нафарро соҳибкасб гардонида, бо ин восита вазъи зиндагии хешро беҳтар сохтаанд.

Воқеан, тайи ду соли охир бонувони пойтахт ва дигар вилоятҳо аз ҳунармандони вилояти Суғд касби аҷдодиро аз бар карда, бо матоъҳои омодакардаашон духтарону занони маҳалли хешро зебу оро дода истодаанд.

Чунин анъана дар Марказҳои таълимӣ - истеҳсолии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарозои ду сол идома дошт ва дар ҳар як боргоҳи касб 10-12 нафарӣ аз минтақаи Ҷануби кишвар ҳунар омўхтаанд.

Дар Маркази таълимӣ - истеҳсолии “Дугонаҳо”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дувоздаҳ нафар, дар Марказҳои таълимӣ - истеҳсолии шаҳри Конибодом 16 нафар аз шаҳрҳои Душанбе, Данғара, Кўлоб ва Ҳамадонӣ касби атлас ва адрасбофиро аз бар кардаанд. Бонувони хонанишин аз Қўрғонтеппаву Қубодиён бошанд, дар назди ҳунармандон Ойхон Исҳоқова, Меҳрангез Мухторова ва Санавбар Тўраева аз шаҳри Конибодом касби атласу адрасбофӣ ва қолинбофиро аз бар карда, ҳоло ҳунарашонро ба духтарону бонувони маҳалли худ омўхта истодаанд. Боиси шодмонист, ки соли пешин шаш нафар, аз ҷумла С. Тўраева ва М.Мухторова дар Маркази таълимӣ - истеҳсолии шаҳри Душанбе бо номи “Дунёи нав” сад нафар бонувонро ҳунар омўзонида, алҳол онон дар паси дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ дигаронро низ омўзонида истодаанд.

Дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ буд, ки ҳунарҳои миллӣ дар байни халқ аз нав эҳё гаштанд ва он мисоли пулест, ки риштаи дўстии маҳалҳоро боз ҳам қавӣ мегардонад.

Атлас харидоргир гашт...

Масъалаи дигаре, ки боиси ташвиш буд ва аксари бонувон дар ин масъала шиква доштанд, матои атласу адраси бонувони вилояти Суғд омодакарда ба сабаби сифати хуб ва ҷило надоштанаш харидоргир набуд. Дар ин бобат раиси Муассисаи давлатии “Мактаби эҳё ва рушди атлас ва адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ” Муҳаммадҷон Ёқубов чунин гуфт:

- Бале, солҳои пешин навъи атласу адраси истеҳсоли ватанӣ аз матоъҳои истеҳсоли Ўзбекистон ба куллӣ фарқ доштанд, яъне харидор бештар ба маҳсулоти хориҷ рўй меовард, зеро он ҷилои хоса дошт. Имрўз барои боз ҳам беҳтар кардани сифат ва ҷилои он бо корхонаҳои ҶС “Абрешим” ва ҶС “Косибон” шартнома баста шуд. Минбаъд бонувони ҳунарманд матои хешро дар ин коргоҳҳо бо арзиши на он қадар гарон барои ҷилодору оҳарӣ гардидан коркард мекунанд. Агар қаблан матоъҳои бофташуда аз риштаҳои ғафсу дағал омода гардида бошад, алҳол тибқи шартнома занону ҳунармандон аз коргоҳи “Олим - текстайлз”-и ноҳияи Мастчоҳ риштаҳои босифат ва кафолатнокро бо нархи арзон дастрас карда метавонанд.

Нақшу нигор тариқи компутер

Барои ба мақсад ноил гардидан дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “ЮНИДО”-и Созмони Милали Муттаҳид дар аксар шаҳру навоҳии вилоят ҳамроҳи мутахассисони соҳаи кимиё бо занони соҳибкор семинару машварат доир карда, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба дизайн, рангубор, аврбандӣ, сифати матоъ, омода сохтани нақшу нигор тариқи компутер корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаем. Агар солҳои пешин нақшу нигори омодакардаро ду - се нафар ҳунарманд бо арзиши 400 – 500 доллари амрикоӣ харидорӣ мекарданд ва аксари матоъҳои омодакардаашон бо ҳам монанд буданд, яъне ба бозор қариб ки ҳамаи ҳунармандон бо нақшу нигори якхела матои атласу адрасро омода месохтанд, ҳоло бошад, пас аз баргузории семинар дар шаҳру навоҳии вилоят ҳунармандон тарзи омода кардани барномаҳоро бо ёрии компутер аз худ намуда, ҳар як нафар нақшу нигори хосаи худро дорад.

- Мақсад аз эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумлаи атласу адрасбофӣ, ташкили марказҳои таълимӣ ва омўзондани занон, бо меҳнат машғул будани онон ва ба ин васила беҳтар сохтани вазъи зиндагии оилавиашон мебошад. Аз ин рў, мо тасмим гирифтем, дар марказҳои омўзишӣ кулли занони хонанишинро даъват намоем, бигзор онон нахуст иштирок кунанд, бинанд, омўзанд ва баъд ҳунари худро дар хона ривоҷ диҳанд. Зеро дар баробари дар хона бо меҳнат машғул гардидан, рўзгор ва тарбияи фарзандон низ аз назар дур намемонанд. Вақте ба меҳнат ҷалб мегарданд, тавре мегўянд, вақт бесамар намегузарад ва муноқишаю ҷудошавии оилаҳо низ камтар мегардад, -гуфт М.Ёқубов.

Дастгоҳ чӣ беҳбудӣ дорад?

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар рўз аз рўз соҳаи саноат дар кишварамон рушд ёфта истодааст. Ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ буд, ки алҳол дастгоҳҳои чўбинро ба оҳанин иваз карда истодаем. Дастгоҳҳои оҳанин чӣ беҳбудӣ дорад? Агар дастгоҳи чўбин дар шароити намӣ ва ё дигар ҳолатҳо корношоям гардад, дастгоҳи оҳанин мустаҳкам аст, муҳлати истифодабарии он низ дарозтар мебошад.

- Мақсаду мароми мо аз чунин ривоҷ додани фаъолият, - қайд кард дар поёни суҳбат раиси Муассисаи давлатии “Мактаби эҳё ва рушди атлас ва адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ” Муҳаммадҷон Ёқубов, - ба меҳнат ҷалб сохтани бонувони хонанишин мебошад.

Воқеан, самараи меҳнати ҳунармандон аст, ки имрўз матои атлас ва адрас дар бари бонувону духтарон зебанда гардидааст ва тибқи маълумоти фаврӣ имсол тахминан 167 ҳазор метр матоъ бофта шуда, наздик 95 фоизи он, яъне зиёда аз 159 ҳазор метр фурўхта шудааст.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh