695 нафар бонусоҳибҳунар шуданд

Муаррифгари ҳар давлату миллат, албатта, фарҳанги миллии он маҳсуб меёбад. Дар ин радиф мардуми куҳанбунёди тоҷик дорои тамаддуну фарҳанги бою ғанӣ аст, ки ҳазорсолаҳо инҷониб дар арсаи ҷаҳон шўҳратёр мебошад.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли равон низ маҳз бо мақсади муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ аст. Дар ин радиф дар ноҳияи Ашт баҳри рушду нумўи ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Тавре мутахассиси пешбари Муассисаи давлатии «Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва ҳунарҳои халқӣ» Мадина Тоҳирова изҳор дошт, бо мақсади ба ҳунаромўзӣ ҷалб намудани бонувони хонашин ва ба ин васила рушду равнақ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, сабадбофӣ, сўзанидўзӣ, дўзандагӣ, бофандагӣ, ҷўроббофӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шайдон, Ошоба, Понғоз, Меҳробод, Ифтихор, Ориён, Шодоба, Ашт, Пунук 27 маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва қолинбофии дастӣ таъсис дода шудаанд, ки аз он 19 адад атласу адрасбофӣ ва дигар ҳунарҳо ва 8 маркази қолинбофии дастӣ мебошад.

Аз инҳо фаъолияти маркази ҳунаромўзии калонсолон, коргоҳи хурди «Ҳусноро», гурўҳҳои ҳамдастии «Мумтоз», «Дилноза», «Хуморҷон», ҳамчунин омўзишгоҳи муштарак, ки дар он тамоми ҳунарҳои мардумӣ азхуд кунонда мешаванд, назаррас аст. Дар марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ 74 дастгоҳи бофандагӣ насб гардида, аз ин теъдод 49 атласу адрасбофӣ ва 25 ададаш қолинбофӣ аст. Аз теъдоди 15223 нафар зани хонашин соли 2017 ба ҷои 450 нафари нақшавӣ 695 нафар ба ҳунаромўзӣ ҷалб карда шуданд. То имрўз дар марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, ҳамчунин дар маҳфилҳои хонагӣ ба миқдори 9450 метри тўлонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки аз ин 1430 метраш қолин аст. Алҳол 9280 метр маҳсулот фурўхта шудааст ва аз он 1360 метраш қолин мебошад.

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри пешбурди ҳунаромўзии бонувон соҳибкорону саховатмандон ҷиҳати таъсис додани марказҳо ва корхонаҳои ҳунаромўзӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳамчунин, соли 2017 се нафар бонуи ҳунарманд - Зиёда Расулова, Мунира Мирзоматова ва Сайёра Ҳайитова ба маблағҳои мутаносибан 10, 5 ва 5 ҳазор сомонӣ соҳиби грантҳои Раиси вилоят гардида, имконияти васеъ намудани соҳибкориро пайдо карданд ва давоми сол 8 маркази таълимӣ-истеҳсолии нав таъсис ёфт.

Дар ноҳия мағозаи фурўши атласу адрас ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ кушода шудааст, ки ҳунармандон метавонанд маҳсулоти худро ба фурўш бароранд.

Бо ҳадафи ҳавасмандии занону духтарон ба ҳунаромўзӣ ва торафт афзун гаштани эътибор ба беҳтаргардонии сифати маҳсулот бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия озмун эълон гардид. Дар он Сабрина Шодиева адрасбофи беҳтарин дониста шуд. Зиёда Расулова дар бахши сифат ва нақшҳои беҳтарин ғолиб омад, Замира Расулова истеҳсолкунандаи аз ҳама бештари матоъ ва Ҳамроҳбибӣ Масолиева дар самти аз ҳама зиёд тарбия намудани шогирд беҳтарин дониста шуданд.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки сокинони ноҳияи Ашт аз азал мардуми ҳунарманд буданд ва алҳол низ донандаи хуби сирру асрори тайёр кардани рангубор аз решаи гиёҳҳо, баргу гули растаниҳо мебошанд, ки ин баҳри босифат гаштани маҳсулот мусоидат менамояд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh