“Ганҷи сухан” дар соли нав

Нишасти 158-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки беш аз 200 нафар олимону адибон, устодон, донишҷӯён  баргузор  гардид.

Маҳфилро сарвари он Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида зикр кард, ки нишасти имрӯза ҷамъбасти фаъолияти маҳфил дар соли 2017 мебошад. Сипас,  муовини  ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуфаттоҳ Раҳимов аз мақому мавқеи маҳфил дар ҷомеаи имрӯза изҳори назар намуд.

Директори маркази тадқиқотии минтақавии ҷаҳон, дотсенти кафедраи муносибатҳои хориҷӣ ва дипломатияи Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон Азизҷон Раҳмонов оид ба Паёми Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масоили амнияти миллӣ маърӯза намуд.     

Номзади илмҳои филология, дотсентНасимҷон Ҳамробоев оид ба мавзӯи “Робитаҳои адабии Арабу Аҷам дар қарнҳои VIII-IX” дар заминаи тададқиқоти доктори илмҳои филология, профессор Низомиддин Зоҳидӣ маърӯзаи пурмӯҳтавои илмӣ кард.

Шоираи хушбаён  Адиба дар суханронии худ аз мақоми зан дар ҷомеа ҳарф зада, тозатарин ашъорашро барои ҳозирин эҳдо намуд. Роҳбари  маҳфил Саидумрон Саидов дар гузоришаш фаъолияти. “Ганҷи сухан”-ро  дар соли 2017 ҷамъбаст кард ва аз нақшаҳои соли 2018 ҳозиринро огоҳ намуд.

Фирӯза ҚАЮМОВА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh