Зиндагӣ дар фазои сулҳу оромӣ

Дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории наздисарҳадӣ бо мақсади таъмини сулҳ ва рушди устувор” бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ҷавонон ва бонувони Ҷамоатҳои наздисарҳадии Ворух, Лаккон, Чоркӯҳ ва Сурхи шаҳри Исфара, Овчӣ – Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳампешагони худ аз Ҷамоатҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон сари як дастархон нишаста, дар мавзӯъҳои мухталиф сӯҳбат ороста, табодули касбу кор менамоянд. 

- Баргузории мизи мудаввар, силсилатренингҳо, семинарҳо, таҷлили иду ҷашнвораҳо, омӯхтани расму оин ва ҳунарҳои миллии ҳамдигар ва бо ҳам муошират намудан имкон медиҳад, ки риштаҳои дӯстии сокинони ҳамсояҷавор рушд ёбанд, - қайд кард сокини Ҷамоати деҳаи Ворух Бунафша Оқилова.

- Дар ин лоиҳа иштирок ва дар ҳайати 15 нафар сех таъсис дода, алҳол ба бофтани атласу адрас машғул ҳастем. Аслан хонашинҳоро бо кор таъмин намуда, баробари фаъолияти корӣ, инчунин дар бораи ҳуқуқи худ ва вазъи зиндагии ҳамдигар огоҳ гардида, маҳсули меҳнатамонро ба бозорҳои наздисарҳадӣ ба фурӯш мебарорем, - мегӯяд сокини Ҷамоати деҳоти Сурх Малика Боқиева.

Сокинони Ҷамоатҳои наздисарҳадии ду давлат ансамбли фолклории “Пайванд”-ро таъсис доданд, ки дар он сурудҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ садо медиҳанд. Раиси Шӯрои занони Ҷамоати деҳоти Хистеварз Муҳаррам Ҷӯраева оид ба дӯстии ду халқ чунин изҳор медорад, ки клуби интернатсионалистон, ки солҳои қаблӣ амал мекард, имрӯз онро эҳё гардонидем. Мо аз урфу одатҳои ҳамдигар воқиф мешавем.

Сокини деҳаи Мақсади Ҷумҳурии Қирғизистон Улпия Сатторова аз қавӣ гардидани риштаи дӯстии халқҳо, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва табодули он, ки дар ду ҷониб тоҷикону қирғизҳову ӯзбекон зиндагӣ доранд, қаноатманд буда, чун қаҳрамонмодар “Зиндагонӣ дар фазои сулҳу оромӣ ва ризоият аз ҳар нафар чунин хислатҳои инсониро, ба монанди ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром, масъулият, кирдори нек ва таҳаммулпазириро талаб мекунад”, - изҳор медорад ӯ.

Минбаъд чунин занони пешқадам иқдом доранд дониш ва малакаи андӯхтаашонро ба дигар бонувон низ омӯзонанд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
”Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh