Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода оромгоҳи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро зиёрат намуд

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри бостонии Панҷакент иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода оромгоҳи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро зиёрат намуд.

Зимни боздид ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки соли гузашта беш аз 5 ҳазор нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ барои зиёрати оромгоҳи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф овардаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои боздид ба масъулин дастур дод, ки бо назардошти аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои ободонии мавзеи таърихӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба он аз имкониятҳои мавҷуда самарнок истифода намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh