Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни таҷдиду навсозии Қалъаи таърихии Муғ

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, амну суботи комил ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намудааст.

Дар шаҳри Истаравшан низ бо ташаббус ва иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корҳои ободониву бунёдкорӣ идома дорад. Таҷдиду тармими Қалъаи таърихии Муғ ва бунёди амфитеатр бо 5100 ҷойи нишаст дар ин мавзеъ аз ҷумлаи корҳои бузурги ободонии мақомоти иҷроияи маҳаллист. Фармоишгари ин иншоот шӯъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан буда, корҳои пудратӣ аз ҷониби панҷ ширкати сохтмонӣ ба анҷом расонида мешавад. Айни замон дар ин иншоот 160 нафар бинокорон ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, то имрӯз 80 дарсади корҳо ба сомон расонида шудааст. Баробари бунёди амфитеатр дар ин мавзеъ 164 растаи ҳунармандон низ сохта мешавад. Бо истифода аз санъати меъмории миллӣ девораҳо ва дарвозаи қалъа наққошӣ хоҳад шуд.

Дар рафти шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ роҳбари вилоят ба масъулини вилоятиву маҳаллӣ дастур дод, ки аз маҳсулоти хушсифат истифода баранд ва ҳамаи корҳо бояд бо сифати баланд ба итмом расонида шуда, дар растаҳои ҳунармандон тамоми ҳунарҳои мардумии Истаравшани бостонӣ инъикос гардад. Зикр шуд, ки дар оянда Қалъаи таърихии Муғ ба феҳрасти мавзеъҳои таърихии вилояту ҷумҳурӣ ворид хоҳад шуд ва ба ин мавзеъ шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ ташриф меоваранд. Бинобар ин, масъулинро зарур аст, ки корҳоро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh