Меҳвари фаъолият: Муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ

Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми соддаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рўихати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол мекунад. Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтаринро муҳайё кардааст, - таъкид шудааст дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар.

Имрўз агар дар қаламрави вилояти Суғд 22 ширкати сайёҳӣ амал намояд, аз ин теъдод 11 ададаш дар шаҳри Панҷакент воқеъ аст. Зеро, ин минтақа аз мавзеъҳои таърихиву қадимӣ маҳсуб ёфта, бо табиати нотакрор ва таърихи бою рангин диққати сайёҳони оламро ба худ кашидааст.

Фаъолияти ин ширкатҳои сайёҳӣ ва «Шўрои Зарафшон оид ба сайёҳӣ» имрўз баҳри қабул ва гусели сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ равона карда шудааст.

Ҳар сол, шуруъ аз соли 2008-ум баҳри муаррифӣ намудани соҳаи сайёҳии шаҳри Панҷакент ва водии Зарафшон намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва «Шўрои Зарафшон оид ба сайёҳӣ» дар Ярмаркаҳои байналмилалии сайёҳӣ, аз он ҷумла, дар шаҳри Берлини давлати Олмон иштирок менамоянд.

Соли 2016-ум Ширкати сайёҳии «Куҳандиз» дар Намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ширкат варзида, дар байни 35 давлат бо маводҳои таблиғотӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, шаҳри Панҷакентро чун макони сайёҳӣ муаррифӣ намуд. Барҳақ, мавзеъҳои таърихии Саразм, Мақбараи Муҳаммад Башоро, Панҷрўд, Мақбараи устод Абўабдулло Рўдакӣ дурдонаҳои таъриху тамаддун ва санъати миллати тоҷик ва табиати мафтункунандаи минтақаи Ҳафткўл ганҷи сарзамини Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Водии Зарафшон бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва тамаддуни бояш метавонад дар бозори сайёҳии ҷаҳонӣ дар марҳалаҳои миёна ва ниҳоӣ рақобатпазир бошад. Бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент, ки қисмати Шоҳроҳи бузурги Абрешим аст, ба ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷа мусоидат намуд.

Пойгоҳи кўҳнавардию сайёҳии «Артуч» яке аз ширкатҳои сайёҳии шаҳр маҳсуб ёфта, фаъолияти он ба қабулу гусели сайёҳони хориҷиву ватанӣ равона карда шудааст. Чанде пеш дар ин ҷо ҷавонони фаъоли шаҳру деҳот истироҳат намуданд.

Давоми соли 2017 ба шаҳри Панҷакенти бостонӣ 1745 нафар сайёҳии хориҷа ва 476 нафар шаҳрванди дохили кишвар ба сайру саёҳат ва тамошо омада, бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангии он шинос шуданд.

Дар робита бо «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» давоми соли равон дар самти равнақу такомул бахшидани ҷалби сайёҳони хориҷа, беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он амалигардонии силсилаи тадбирҳо ба нақша гирифта, афзун гардонидани шумораи ширкатҳои сайёҳӣ меҳвари фаъолият қарор дода шудааст.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh