Таҷлили Иди Сада дар Суғд. 100 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ба намоиш-фурӯш бароварда шуд

Рӯзи 30 январ бахшида ба Иди Сада бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят чорабинии идона ва намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, кӯчати гулу гулбуттаҳо ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ баргузор шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ кулли сокинони вилоятро ба муносибати фарорасии ҷашни Cада табрик гуфт ва рўзгори ободро таманно намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дубора эҳё гардид.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бамаврид таъкид доштанд, ки “Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд”. Пешниҳоди Пешвои миллат дар мавриди ворид гардидани ин ҷашни мубораки миллии мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО итминон мебахшад, ки чун истиқболи самимонаи Наврўзи Аҷам, бо маҷмўи фазилатҳои барҷаставу наҷиби хеш Сада ба истиқболи самимонаи мардуми олам рў ба рў гардида, минбаъд низ дар тарғиби бузургтарин фазилатҳои ахлоқӣ дар миёни ҷаҳониён таъсири пурфайзе мегузорад, - таъкид намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ёдовар шуд, ки чанд сол қабл тавассути пешниҳоди бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврўз ин ҷашни бузургу мубораки мо мақоми ҷаҳонӣ касб намуда, имрўз чун оини тарғибгари арзишҳои муҳими ахлоқӣ дар миёни мардумони ҷаҳон ба шоистагӣ таҷлил карда мешавад. Баъдтар барои эҳёи ҷашни Меҳргон ҳамчун рамзи фаровонии ҳосили марди деҳқон тадбирҳои амалӣ андешида шуд. Натиҷаи ҳамин талошҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” тағирот ворид гардида, ҷашнҳои  Меҳргону Сада низ ҳамчун идҳои хуҷастаи миллӣ ба он ворид гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати амалӣ сохтани ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти эҳёи суннат ва оинҳои куҳани таърихӣ, аз ҷумла ҷашни Сада тадбирҳои амалӣ меандешад. Имсол дар баробари дигар оинҳои  хуҷастаи ҷашни Сада роҳбарияти вилоят тасмим гирифт, ки намоиш-фурўши  ниҳолҳои ороишӣ ва мевадиҳандаро ҳамчун рамзи оғози барномаҳои нави ободониву созандагӣ маҳз дар рўзҳои таҷлили ҷашни Сада доир намояд.

Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинӣ намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абиш Холмирзоев ва ҳамроҳонаш низ иштирок намуданд.

Дар намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, кӯчати гулу гулбуттаҳо ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ 100 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, ҳамешасаб ва мевадиҳанда,  20 ҳазор бех гулҳои ороишӣ беш аз 1 тонна тухмиҳои хушсифат ва заҳрхимикатҳо пешниҳод гардидаанд. Дар баробари кишоварзони вилояти Суғд деҳқонони Ҷумҳурии Қирғизистон низ намудҳои гуногуни ниҳолҳои  ороишӣ, аз ҷумла коҷи кабуд ва санавбарро пешниҳод намуданд.

Дар ин рӯз инчунин барномаи ҷолиби фарҳангӣ низ пешниҳод гардида, ба чанде аз фаъолони намоиш-фурӯши ниҳолҳо туҳфаҳо супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh