Ҷашни хилқати инсон

Аҳли форс  иде, ки хоса байни дигар идҳо фархундаву шоиста доштанд,  ҷашни Сада буда, онро бо шукўҳу шаҳомат Обонрўзи моҳи баҳман, ҳоло мутобиқ   ба охирҳои моҳи январи румиён  медонанд, ҷашн мегирифтанд.

Бино ба нишондодҳои Абӯрайҳони Берунӣ, соли порсҳо аз 12 моҳ ва ҳар моҳ аз 30 рўз иборат буда, ҳар рўзи моҳ номи хосе  дошт ва  номи рўзи даҳуми моҳҳоро Обонрўз мегуфтаанд ва  баҳманмоҳ ёздаҳумин моҳи онҳо будааст.      

Пайдоиши ҷашни муборак-Садаро, ки ниёгон хеле бо арзиш медонистанд, асос ба ривояте  намуда, ба номи шоҳи замони Пешдодиён ҳушанг фарзанди Саёмак, ки набера ва парваридаи Каюмарс аст, мепайванданд. Дар фаҳмиши аҳли қадими порс Каюмарс нахустинсон, саромади занҷираи шоҳҳои сулолаи Пешдодиён дониста мешавад, ки баъд аз он зимоми ҳукм насиби ҳушанг гашта. Гӯё ҳушанг рўзе ҳамроҳ бо зердастонаш  ҳангоми шикор ба море дучор меояд ва ў чун  сӯйи мор санг меандозад, санг бар санге бархӯрда   оташаке падид меояд, алафҳои хушк месўзанд ва ин боис ба кашфи   оташ мегардад. Ва  он рўзро ҳушанг рўзи тавлиди оташ - Сада гуфта ва аз он даврон инсон  баҳри поси ин рўз  оташ афрӯхта, ба он саҷда кардааст.

Роҷеъ  аз даврони ҳушанг мерос омадани ин иди аҷдодӣ, тамоми шаб оташ афрўхта, атрофи он шодию сурур намудан ва давраҳои пасин низ қадр намудани онро Фирдавсии бузургвор дар “Шоҳнома”-и безаволи худ ба қалам додааст.

Дар устураву дабираҳои ҳифзмонда нигоштаанд, ки ҳушанг муддати зиёде зимоми ҳукмро дар даст дошта ва дар ин даврон инсон ба тамом тағйири ақл кардаст. Инсон, маҳз дар замони ҳушанг,  ғайр аз он ки оташро шинохт ва истифода намуд, инчунин ром намудани ҳайвонот, шуғлҳои кишоварзӣ ва бофандагиро низ омўхтааст.  ҳама гуна ҳунарҳои қадимаи ба оташ рабт дошта: оҳангарӣ, кулолгарӣ ва пўхтани ғизоро низ ба замони ҳушанг тавъам медонанд. Шоири даврони сомониён Унсурӣ таъкид ба он дорад:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Суоли чаро ба ин ид “Сада” ном ниҳодаанд ва онро рўзи тавлиди оташ медонанд, моро ҳидоят намуд то равобити  ин ҷашнвораро ба он рўзҳое, ки порсиён иди Садаро ҷашн мегирифтанд, бо назардошти фаҳмиши аҳли он замон ва истифода аз усулҳои таҳқиқии илми воҷашиносӣ зери таҳлил гирем. Дар китобҳои муқаддаси тамоми дин ва оинҳои баъдина: Таврот, Инҷил ва Қуръон нисбати офариниши олами моддӣ  оварда шуда, ки  офариниши дунё ва инсон дар шаш рўз сурат гирифта,  бо офариниши инсон хотима ёфтааст.  Дар ойини зардуштӣ, ки қадимтарин аз ҳама ойинҳост, хилқати ҷаҳон аз тарафи Офаридгори бузург Аҳурамаздо дар шаш марҳала, дарозои як сол давом ёфтааст. Бино ба ривоятҳо “ҳурмузд нахуст осмонро дар бадали чил рўз, аз рўзи урмузд, ки  оғози моҳи фарвардин мебошад, ба офаридан пардохт ва чун тамом кард, баъд ба панҷ рўз диранг кард (ором гирифт). Баъд он гоҳ обро дар муддати панҷоҳу панҷ рўз офарид ва панҷ рўз диранг кард. Севум, заминро дар ҳафтод рўз офарид ва боз панҷ рўз диранг кард. Чаҳорум, гиёҳу дарахтонро дар бисту панҷ рўз офарид ва панҷ рўзи дигар диранг кард. Панҷум, гови муқаддас (гӯсфанд)-ро дар ҳафтоду панҷ рўз офарид ва панҷ рўз диранг кард. Шашум, Каюмарс (нахустинсон)-ро дар ҳафтод рўз офарид, яъне аз оғози рўзи Ром аз моҳи Дай то рўзи Анирон аз моҳи Исфандормуз, он гоҳ боз панҷ рўз диранг кард”.

Ҳамин тариқ Офаридгор пас аз он, ки тамоми васоити ҳаётии инсонро муҳайё намуд, баъд инсонро офаридааст. Рўзҳои офариниши инсон аз рўзи Роми моҳи Дай, ки мутобиқ ба рўзи   21-уми декабр оғоз ёфта, бо пуррагӣ мукаммал гаштани он то рўзи охирони моҳи Испандармуз Анирон, мутобиқ ба 20 март давом ёфтааст. Яъне, аз ин овардаҳо маълум мегардад, ки муддати офариниши инсон бино ба “Бундаҳишн” ба муҳлати ҷашни иди Сада мувофиқ меояд  ва аз ин рў шояд  ба фаҳмиш ва андешаи аҳли қадимаи порс, иди Сада ҷашни хилқати инсон бошад, ки аз ин сабаб онро аҷдодон “Сада” ном ниҳодаанд.

Овардаҳои фосилаи хилқати нахустинсон Каюмарс дар “Бундаҳишн”, ки ба ҳангоми ҷашни Сада мувофиқ меояд ва таҳлили мантиқии сохтори воҷаи “сада” нишон медиҳад, ки Сада ҷашнвораи пос доштани рўзи хилқати инсон мебошад. Чун, парастандагони Зардушт аз байни чор унсури табиӣ: оташ, хок, об ва ҳаво, танҳо оташро асос ва мояи  пайдоиши модиёт ва ҳаёт, ҷумла ҳаёти инсонӣ медонистанд, шояд аз ин рў иди Садаро рўзи тавлиди оташ  низ пиндоштанд, зеро дар ин оин оташ  ҳақиқати ҳаёти азалии инсон низ дониста мешавад.

Обиддин ТУХТАСУНОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба  номи   академик Бобоҷон Ғафуров 

Add comment


Security code
Refresh