Саёҳат бо имконият рўҳафзо гардад!

Бо иқдоми бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, дар ин самт корҳои амалӣ, дарёфти захираву имкониятҳои соҳа маҷрои нав мегиранд.

Гузашта аз ин Президенти кишварамон аз солҳои ба даст овардани ваҳдату ҳамгироӣ ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, дараҳои Варзоб, Ромит ва ноҳияи Балҷувонро минтақаи сайёҳӣ муаррифӣ намудаанд. Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашт. Баҳри рушди соҳа барномаҳо қабул ва роҳандозӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, соли 2009 «Барномаи давлатии рушди сайёҳӣ барои солҳои 2009-2019» қабул гардид. Соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳӣ мустақил шуд ва ваколатҳову имкониятҳояш бештар гаштанд.

Кишвари мо дорои имкониятҳои зиёди сайёҳӣ мебошад. Агар як ба худи пойтахт - шаҳри Душанбе назар андозем, рўз аз рўзу сол ба сол обод, гулафшон ва сарсабз гашта, иморатҳои бошукўҳ ҳусни онро дучанд карда истодаанд.

Дар манотиқи кишвар роҳҳои наву замонавӣ бунёд гаштанд. Тоҷикистон, ки то ин вақт дар радабандии роҳҳои автомобилгард аз зинаи 100-ум боло буд, ҳоло дар ҷои 70-ум қарор дорад. Якбора чунин ҷаҳиши бузург, албатта, боиси нуфузи кишвар мебошад. Аз рўи тадқиқоти яке аз созмонҳои бонуфуз оид ба тараққиёти сайёҳӣ кишварамон дар ҷаҳон дар бобати саёҳати кўҳнавардӣ дар ҷои 7-ум қарор дорад.

Раводиди содакардашудаи электронӣ, ки 109 мамлакатро дарбар мегирифт, ба 146 мамлакат расонида шуд. Агар соли 2016 ба Тоҷикистон аз 102 давлат сайёҳон омада бошанд, соли 2017 миқдори ин давлатҳо ба 146 расид, ки 15,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Тоҷикистон дорои захираҳои бои сайёҳӣ аст, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, анъана, расму русум, хўрокҳои миллӣ, ҳунармандӣ, иқлими хос, обҳои софу зулоли Искандаркўл, Зоркўл, Сарез, Ромит, Явроз, Варзоб, Чилдухтарон, Саразм, кўҳҳои Фон, Ҳафткўл, Чилучорчашма, Хоҷаобигарм, Обигарм, Гармчашма, Шоҳамбарӣ, Зумрад, Сари Хосор номгўи нопурраанд, ки диққати ҳазорҳо дўстдорони сайру саёҳатро ба худ кашидаанд.

Боиси хурсандист, ки Сарвари давлат имтиёзҳои зиёдеро барои ширкатҳои туристӣ фароҳам овардаанд, ки на дар ҳама давлатҳо ҳастанд.

Мо ба сайёҳони хориҷӣ бояд ба таври шоиста табиати дилфиреб, обҳои зулол ва ёдгориҳои таърихию фарҳангиамонро муаррифӣ намоем. Обҳои гарму минералӣ барои даҳҳо беморӣ шифобахш буда, теъдоди растаниҳои доругӣ ба 3,5 ҳазор навъ мерасанд. Сайёҳон барои табобат, истироҳат ва сайру тамошо мамлакати моро интихоб менамоянду хато намекунанд. Метавонем сайёҳиро дар соҳаҳои гуногуни он, ба мисли қаиқронӣ, аспсаворӣ, кўҳнавардӣ, экологӣ, табобатӣ, кишоварзӣ, таърихӣ, тиҷоратӣ ва амсоли инҳо ривоҷу равнақ диҳем, Тоҷикистон чун ҷавҳари кашфношуда метавонад ҷои дўстдоштаи сайёҳони олам гардад. 8497 пирях ва дарёҳои софу зулол, дар замоне, ки инсоният бо душворӣ ба масъалаи об рў ба рў истодааст, афзалияти дигаре барои кишварамон маҳсуб мешавад. Аммо барои ҳамаи ин пеш аз ҳама тайёр кардани кадрҳо аҳамияти махсус дорад. Аввалан барои ширкатҳои сайёҳӣ фароҳам овардани шароити сармоягузорӣ зарур аст.

Ба соҳибкороне, ки дар ин ҷода кору фаъолият мекунанд, пешниҳоди як қатор имтиёзҳо лозим аст. Чӣ тавре дар Паёми навбатиашон Президенти мамлакат эълон доштанд, онҳо аз боҷи гумрукӣ ва арзиши иловашудаи андоз озод карда мешаванд. Зеро дар соли 2020 бояд ташрифи сайёҳон ба зиёда аз 1 миллион нафар расонида шавад. Ҳамчунин, ширкатҳои ҳавоӣ низ дорои чунин имтиёзҳо мегарданд, ки ин ба пастшавии арзиши роҳ оварда мерасонад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар 5 донишкада мутахассисони соҳаи сайёҳӣ тайёр мекунанд. Пеш аз ҳама, онҳо бояд фарҳанги хизматрасониро ба сайёҳон баланд бардошта, 2-3 забонро донанд, миллат, боигарӣ, урфу одати онро муаррифӣ карда тавонанд. Ташкили хатсайрҳои нав, тармиму таҷдиди инфрасохтор, омода намудани маводи иттилоотӣ, раводиди соддакардашуда, такмили қонунгузорӣ, қабулу роҳбаладӣ, муаррифӣ, тарбия, таълим ва бозомўзии кадрҳои ҷавон метавонанд, миллати моро дар хориҷа чун миллати бофарҳанг нишон диҳад. Сангтарошӣ, гилембофӣ, нақшу нигор, кандакорӣ, кошинкорӣ, заргарӣ, зардўзӣ, адрасу атласбофӣ, чакандўзӣ, ресандагӣ ва даҳҳо дигар ҳунарҳои миллӣ метавонанд диққати сайёҳонро ба худ кашанд. Сохтани меҳмонхонаҳои хурд-хурд дар фосилаҳои муайян талаби рўз аст. Барои онҳое, ки дар соҳаи сайёҳӣ кор мекунанд (чӣ хусусӣ ва чӣ давлатӣ) ташкили курсҳою семинарҳои бозомўзӣ ба манфиат аст.

Тоҷикистон дар минтақа дорои зарфият ва потенсиали беназир аст. Маблағҳои барои сайёҳӣ сарфшуда боз пас баргашта, ба ғанӣ шудани буҷа ва пешравии иқтисодиёт мусоидат менамоянд. Мардум соҳиби ҷои кор гашта, сафи бекорӣ рў ба коҳиш меорад, сатҳи зиндагӣ ба маротиб боло меравад, дар соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, сохтмон, саноат, ҳунармандӣ, табобат, меҳмонхонаҳо, роҳбаладӣ ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд.

Аллакай баъди эълони соли рушди сайёҳӣ Кумитаи сайёҳӣ портали худро бо 3 забон-русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ тайёр расонида, қадами аввалро монд. Бақайдгирии сайёҳон аз 3 ба 10 рўз расонида мешавад. Чунин иқдомҳои созанда бисёранд.

Ҳасан АЛИМЗОДА,
ноҳияи Айнӣ

Add comment


Security code
Refresh