Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмуни вилоятии “Хомаи созанда-2017” 150 000 сомонӣ мукофотпулӣ супорид

Рӯзи 6 феврал пас аз нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷлисгоҳи Осоишгоҳи “Баҳористон” маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни вилоятии “Хомаи созанда-2017” баргузор шуд.

Тавре мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят Музаффар Юнусов дар ҳузури хабарнигорон таъкид намуд,  Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо воситаҳои ахбори омма ҳамкории хубу самаранок дошта, барои дастгирии моддию маънавии рӯзноманигорон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

-Дар ин раванд дар вилоят бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, таъмини инъикоси беҳтари муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят, нашри маводи баландмазмун дар мавзӯъҳои махсуси аҳамият ва арзиши иҷтимоидошта ва дастгирии журналистон озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони “Хомаи созанда” баргузор мегардад, - таъкид намуд, Музаффар Юнусов.

Иттилоъ дода шуд, ки чун анъана соли 2017 низ ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ озмуни “Хомаи созанда” эълон гардида буд. Ба озмуни мазкур 84 нафар хабарнигорони расонаҳои хабарии вилоят, инчунин рӯзноманигороне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии марказӣ намояндагӣ мекунанд, мавод пешниҳод намуданд. Дар натиҷаи баррассии маводҳои озмун аз ҷониби комиссияи босалоҳият 38 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор шуданд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба се нафар собиқадори соҳа Файзулло Атохӯҷаев, Муҳаррам Юсуфова, Мирзоҳамдам Шариф ва 38 нафар ғолибони озмуни “Хомаи созанда-2017” дар маҷмӯъ 150 000 сомонӣ мукофотпулиҳоро супорид.

Журналистони шинохта андешахои хешро оид ба баргузории озмун ва таъмини шаффофияти он иброз дошта, барои дастгирӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh