Мутахассисон намерасанд

Дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар соли 2017 гузориш дод.

Қайд гардид, ки муассисаҳои фарҳангии вилоят бахшида ба Соли нав, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи модар, Соли ҷавонон, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ, 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фестивал - озмуни «Атласу адраси тоҷик», Рӯзи Президент, кастинг - озмунҳои «Навозандагони созҳои мусиқӣ», «Сурудҳои ватандӯстона», «Шашмақомсароён», «Рақсҳои кӯдакона», «Ганҷи ҳунар», «Осорхонаи беҳтарин», Фестивал-озмунҳои «Сапеда», «Бӯстон-2017», «Парвин» ва оид ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» силсилаи чорабиниҳо, вохӯриву баромадҳо, намоишҳои театрикунонидашудаву мизҳои мудаввар, конфронсу семинар, фестивал-озмунҳо, намоиши асарҳои рассомону барномаҳои консертӣ гузарониданд.

Дар 29 мактаби мусиқӣ, рассомӣ ва санъати бачагона омӯзгорони соҳибтахассус ба шогирдон нозукиҳои санъатро омӯзонида, ҳунармандон дар муассисаҳои фарҳангӣ маҳфилҳои ҳунарҳои бадеӣ, аз қабили кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, адрасу атласбофӣ, кандакориву гаҷкорӣ, фалаксароӣ, шашмақомхонӣ, эстрадӣ таъсис ва ҳунарҳои мардумиро ба ҷавонону наврасон омӯзониданд. Ҳамчунин, боғҳои фарҳангию фароғатии бархе аз шаҳру навоҳӣ таъмиру азнавсозӣ ва барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон омода карда шуд.

- Ҳарчанд муваффақиятҳои соҳаи фарҳанг дар вилоят назаррасанд, аммо нарасидани мутахассисони соҳибтаҷриба мушкилии моро дучанд мегардонад. Имрӯз мо ба ҳунармандони касбӣ, устои равшанидиҳандаи саҳна, пардозгар, овозхонҳои ҷанри опера ва дигарҳо эҳтиёҷи калон дорем. Масъулини соҳа, устодони муассисаҳои таълимиро мебояд, ки ҷавонону наврасони лаёқатмандро дарёфт ва бо онҳо корбарӣ намуда, барои рушди соҳаи фарҳанг ҳисса гузоранд.

Алҳол фарҳангиёни вилоят ба чорабинии идонаи наврӯзӣ, ки дар шаҳри Панҷакент баргузор хоҳад шуд, омодагии ҳамаҷониба доранд,- иброз дошт сардори Раёсат.

Рӯзноманигорон дар фарҷом ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд» 

Add comment


Security code
Refresh