Сирки Тошканд дар Хуҷанд

Таҳти роҳбарии Нарзинисо Алиева гурӯҳи 27 нафараи ҳунармандони сирк ва ромкунандаи ҳайвонҳои ваҳшии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Хуҷанд барои намоиши ҳунари волои хеш омадаанд. Омадани сирки Тошканд воқеаи муҳим ва зарурӣ ба шумор меравад, зеро мардум ин рӯзро интизор буданд.

Тавре роҳбари сирки давлатӣ қайд кард, дар сирки шаҳри Тошканд 400 нафар ҳунарманд ҳайвонҳои гуногуни ваҳшӣ, аз ҷумла хирс, паланг, мор, асп, маймун ва саг фаъолият доранд. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ҳунармандони сирки Тошканд, гирандагони ҷоизаҳои байналхалқию ҷумҳуриявӣ омаданд.

Онҳо бо завқи баланд маҳорати касбии хешро пешкаши аҳли нишаст карданд.

Баргузории сирк дар шаҳри Хуҷанд барои наслҳои калонсолу ҷавон воқеаи фараҳбахш гардид.

12 нафар ҷавондухтару писарон машқи ҳавоӣ, роҳ гаштан дар болои арғамчин ва дигар бозиҳои ҳайратангезу хатарнокро намоиш доданд.

- Аз намоиш ва ҳунари баланди онҳо ба завқ омадам ва хушҳол аз он ҳастам, ки ин намоиш дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд. Ҳарчанд ҳунармандон хеле ҷавон бошанд ҳам, тавонистанд дар муддати кӯтоҳ бо фарҳанг ва ҳунари худ ҳамагонро мафтун созанд, зеро аксар машқҳову ҳаракатҳояшон ба ҳаёти онҳо хатар дошт. Хеле хуб мебуд, ки падару модарон фарзандҳояшонро ба чунин чорабиниҳо ҷалб созанд, зеро сирк ҳам ҳунар ва ҳам санъат аст, - гуфт омӯзгор Нуринисо Раҳматова.

Бояд қайд кард, ки моҳҳои декабр ва январ дастаи ҳунармандони сирки Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Нарзинисо Алиева дар пойтахти кишвар ҳунарнамоӣ карда, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани Ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ мушарраф гаштанд.

Роҳат Абдуҷалилова,
омӯзгори мактаби таҳсилоти
миёнаи умумии №7, шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh