Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ-гарави тараққиёт

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли 2018-Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» бобати эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин ва ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани сафи занҳои муҳоҷир аз тарафи Роҳбари давлат дастгирӣ гардид. Қадам ба қадам ҳунарҳои аҷдодии миллим аз нав эҳё шуда истодаанд. 

Имрӯз шукрона аз даврони Истиқлолият мекунам, ки ҳама ҷо аз матоъҳои гуногун, аз ҷумла адрасу атлас фаровон шудааст ва ҳама имконияти харида пӯшидани онро доранд. Тавре моделҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ исбот карданд, дар ҳақиқат матои атласу адрас шинаму зебо буда, ҳуснорои зани тоҷик аст.

Ҳунари атласу адрасбофӣ нозукиҳои ба худ хос дошта, хушбахтона солҳои охир аз нав эҳё шуда истодааст. Нафаре, ки бо ин кор машғул мешавад, на танҳо донишу малака, балки завқ, истеъдод ва маҳорати нотакрор дорад. Кӯшиши бофанда дар ба ҳам овардани гули нақш беҳудуд аст.

Амали дигар ин ранг додани ресмон аст. Барои ранг кардани ресмон ранги махсус лозим буда, ду-се мутахассис дар як вақт дар ҳамҷоягӣ кор мекунанд. Рангҳоро ба ҳаҷми гулҳои кашида нигоҳ карда, ба дегҳои алоҳида меандозанд. Пас аз хушк шудани нахҳои рангкардашуда амали гулчинӣ оғоз меёбад. Ресмони тихканкардашударо ба дастгоҳ гузошта, пут омода месозанд. Баъди нақшбандӣ абрабандӣ ҷараён гирифта, он намудҳои гуногун дорад: «карбоси сафед», «зирагӣ», «адраскӯб», «қарха», «бодомча», «подшоҳи зангор», «подшоҳи заказ», «подшоҳи гӯлас», «бӯғма», «салла» ва ғайра.

 Адрасро аз нахи пахта тайёр мекунанд. Аз пахта 7 намуд ресмон ресида мешавад. Аввал тор мекашанд, қат мекунанд ва гул мебанданд. Нақшбандии адрас бо ҳамаи ҳафт намуди ресмон сурат мегирад. Дар дастгоҳ ду намуди сурохӣ-теғ ва гула бояд мавҷуд бошад. Ресмони хушкшударо аз теғу гула гузаронида, ба бофтан тайёр мекунанд. Баъдан бофанда бояд дӯконро ба кор дарорад ва матоъро ба истеҳсол омода намояд.

Фарқияти атлас ва адрас дар он аст, ки матои атлас 100 фоиз аз нахи пилла омода шавад, нахи адрас батамом аз пахта тайёр мешавад. То ба дасти харидор расидани шоҳи матоъҳои тоҷикӣ-атласу адрас бофандагон заҳмати беандоза мекашанд. Бар замми ин, зебогии ин матоъҳо назаррабо буда, зеби ҳар бонуи тоҷик аст.

Бояд тазаккур дод, ки аз қадимулайём бо меҳнати пурмашаққат нони ҳалол хӯрдан дар хуни миллати тоҷик ҷой гирифтааст. Ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эълон доштани Соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» хеле саривақтӣ буда, итминон дорам барои пешрафти ҳунарҳои мардумӣ ва ба ҷои кори доимӣ таъмин шудани аҳолӣ мусоидат мекунад.

Мавлуда ПОЧОЕВА,
омӯзгори МТМУ №10,
шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh