“Баҳри тоҷик” маъвои сайёҳон аст

Тоҷикистон яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола миллионҳо нафар сайёҳ мафтуни табиати биҳиштосои он мегарданд.

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушди туризмро ҳамчун самти афзалиятнок таъкид менамоянд ва танҳо дар ду соли охир зарурати онро дар 35 мулоқоту суханронии хеш иброз намуда, ба мақомоти марбута дастуру супоришҳо доданд. Ҳамчунин, зимни ироаи Паёми хеш соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд.

Шаҳри Гулистон яке аз шаҳрҳое ба ҳисоб меравад, ки таваҷҷуҳи аксарияти сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст. Мавзеъҳои тамошобоб ва истироҳативу фарҳангиаш бошад, барои ҳазорон сайёҳ диққатрабоянд. Имсол, ки соли рушди сайёҳист, масъулини шаҳр раванди корҳои ободониву созандагиро бомаром ба иҷро расонида истодаанд. Аз ҷониби онҳо нақшаи чорабиниҳои зиёд қабул карда шудааст.

Соҳаи туризм дар шаҳр рушд намуда, имкониятҳои мусоид барои истироҳату табобат фароҳам оварда шудаанд. Баҳри ба иҷро расонидани бандҳои нақшаи чорабиниҳо, ки он барномаи мушаххаси амал аст, дар якҷоягӣ бо муассисаҳои минтақаи истироҳатӣ, марказҳои солимгардонӣ ҳамкорӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар шаҳр 4 иншооти истироҳатию табобатӣ амал менамояд, ки макони ҷойгиршавиашон назди соҳили «Баҳри тоҷик» буда, барои хизматрасонӣ ба сайёҳон ва меҳмонони дуру наздик омодаанд.

Осоишгоҳҳои «Баҳористон» дорои 802 ҷой, Шифо» - 146 ҷой, «Соҳил» - 78 ҷой буда, се меҳмонхонаи ҳозиразамон «Наврўз-2000» - 15 ҷой, «Далер 777» - 12 ҷой «Соҳил» - 27 ҷой ва маркази солимгардонии «Усмонҷон» - 30 ҷой доранд, ки дар як шабонарўз метавонанд зиёда аз 1110 нафар меҳмон ва сайёҳони дохиливу хориҷиро қабул намоянд, - мегўянд масъулини соҳаи шаҳр.

Шаҳри Гулистон инчунин шаҳри сайёҳӣ ва истироҳатӣ низ муаррифӣ гардидааст, зеро дар атрофи обанбори он – соҳили «Баҳри тоҷик» минтақаи фароғатӣ-истироҳатӣ мавҷуд буда, дар он осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои умумӣ, хусусӣ ва мухталифи соҳавӣ фаъолият доранд. Бо саршавии фасли тобистон одамон аз саросари кишвар барои истироҳат ва табобат дар муҳити рўҳафзо, ҳавои тоза ба ин мавзеи хушманзара меоянд.

Бино ба иттилои масъулини ин соҳа дар шаҳр тибқи талаботи Барномаи давлатии рушди туризм Шўрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм амал менамояд, ки дар машваратҳои он бо иштироки роҳбарони муассисаҳои минтақаи истироҳатӣ, марказҳои савдову нуқтаҳои хизматрасонӣ ва мутахассисони ин самт табобату истироҳат ва фароғат бобати одоби муошират бо сайёҳон, дар сатҳи баланд нигоҳ доштани хизматрасонӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни тарғиботиву ташвиқотӣ ва монанди ин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Осоишгоҳҳои шаҳр ҳамасола бо дастгоҳҳои нави ҳозиразамони табобатию ташхисӣ, варзишию солимгардонӣ муҷаҳҳаз гардида, баҳри ба талабот ҷавобгў ва сифати баланд истиқболу гусели меҳмонону сайёҳон ва табобатгирандагону истироҳаткунандагон чорабиниҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад.

Барои тарғибу ташвиқ намудани анъанаҳои миллӣ дар осоишгоҳҳои шаҳр дўкони фурўши маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, тоқию ҷома, табақу коса, маснуоти ороишӣ ва дигар ҷиҳози миллӣ ҷой дода шудаанд.

Инчунин, сайёҳон ва истироҳаткунандагон метавонанд аз ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ оид ба тенниси калон, баскетболу волейбол ва майдони бозии футбол истифода намоянд.

Дар соли рушди сайёҳӣ шаҳри Гулистон бо ҳамаи имкониятҳои мавҷуда метавонад, қабули зиёди сайёҳонро нисбат ба солҳои пешин зиёдтар ба роҳ монад. 

 Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh