Мефахрам, ки зодаи Тоҷикистонам!

Муддати 30 сол интизори ин рўз будам, то мардум боз бо ҳам муносибати дўстона пайдо кунанду равуо дар ду кишвар бе мушкиливу муаммо паси сар гардад. Ниҳоят ба ин рўз ҳам расидем, ки мардуми тоҷику ўзбек бо ҳам пайвастанд, - гуфт Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Нарзинисо Алиева.

Тўли 50 сол ин зани ҳунарманд дар сирк фаъолият кард ва муддати ин солҳо дар мамлакатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ҳунарнамоӣ дошт ва бештари умраш дар Ҷумҳурии Ўзбекистон гузаштааст. Ин зани ҳунарманд фарзанди ду миллат аст, зеро падараш тоҷику модараш ўзбек мебошанд.

- Соли 1965 аз Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳ ба шаҳри Маскав рафтам. Пас аз хатми донишгоҳ то пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ дар саҳнаи сирки давлатии Тоҷикистон фаъолият кардам. Сипас, дар сирки шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон кор кардам, - афзуд ў.

Соли 1994 директори сирки Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон Баҳром Маҷидов ҳунари воло ва маҳорати баланди санъаткории Нарзинисо Алиеваро дида, ба кор даъват кард. Ҳамин тавр, аз соли 1995 инҷониб ин зани некўсиришт дар сирки Тошканд бо 400 нафар ҳунармандони сирк фаъолияти корӣ дорад.

- Аслан соҳаи тибро хатм кардааму чанд муддат дар муассисаҳои тиббӣ фаъолият бурдам, вале меҳру муҳаббат ва орзуи деринаам, ки ҳунари саҳнаи баланди сирк буд, боло гирифт. Ниҳоят, аз паси касби дўстдоштаам шудам. Барои интихоби ин касб падарам муддати ҳабдаҳ сол бо ман сухан накарданд. Пас диданд, ки санъати сирк он қадар мушкил ва на ҳар кас метавонад ба қуллаи баланди ин ҳунар соҳиб шавад, ба ман фотеҳа доданд.

Имрўз ин оиларо оилаи ҳунармандон номидан мумкин аст, зеро ҳам шавҳару ҳам писар ва ҳам арўси хонадон дар сирк фаъолият мебаранд. Нарзинисо Алиева худро зани хушбахт эҳсос мекунад, зеро ҳам дар оила ва ҳам дар ҷодаи касб ба комёбиҳои зиёде ноил шудааст.

Бо вуҷуди ба синни 72 расидан роҳбари сирки Тошканд аст ва маҳорати касбии худро метавонад ба насли ҷавон омўзонад. Имрўз ў шогирдони зиёдеро тарбия кардааст ва ба натиҷаҳои баланд комёб гаштани ҳар яки онҳоро дида, худро инсони хушбахт эҳсос мекунад. Зеро медонад, ки натиҷаи меҳнати шабонарўзиаш самар дода истодааст.

- Шаҳри Хуҷанд нисбат ба солҳои пешин куллан тағйир ёфтааст, хиёбонҳо ва кўчаҳои шаҳр хеле зебову обод гардидаанд. Мардум бештар табассум мекунанду бо рўҳияи болида умр ба сар мебаранд. Мағозаи хўроквориву фурўши либос ва дигар лавозимоти рўзгор хеле зиёд гардидааст. Хешу ақрабои худро пас аз солҳои тўлонӣ дида, хеле болидахотир шудам. Мардуми тоҷик моро бо самимияти афзун пешвоз гирифтанд, - гуфт Нарзинисо Алиева.

Дар айёми баҳорон ин зани некўсиришту матинирода ҳамаи модарону хоҳарони Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо Иди Модар ва Наврўзи хуҷастапай табрику муборакбод мегўяд ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорад.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh