“Суруди Модар-алла”

Бо мақсади баланд бардоштани худшиносию худогоҳии ҷавонон ва ҳамчунин дар замири онҳо бедор кардани ҳисси ватандўстию меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, мустаҳкам намудани эҳтирому садоқат ба Модар, Ватан ва рамзҳои давлатӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бахшида ба Рўзи Модар ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров байни ҷавондухтарони вилоят таҳти унвони «Суруди Модар - алла» фестивал – озмун баргузор гардид.

Дар он намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, ташкилоту идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, донишҷўдухтарон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки даври аввали фестивал - озмун дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбии вилоят баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Дар даври ниҳоӣ ҷавондухтарони боистеъдод аз 18 шаҳру ноҳия ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар васфи суруди аллаи модар шеърҳои навэҷоди худ ва халқӣ қироат намуданд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ аз тарафи иштирокчиёни болаёқат маҳсули ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади инъикоси фарҳанги миллӣ ва тарғиби зебоипарастӣ байни ҷавонон ба намоиш гузошта шуд.

Дар ҷамъбаст ҷои якум насиби шаҳри Истиқлол, ҷои дуюм шаҳри Конибодом ва ҷои сеюм Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ гардида, онҳо ҳуқуқи иштирок дар фестивал - озмуни ҷумҳуриявиро пайдо карданд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

А.АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh