Наврӯз – ойини сулҳу оромӣ ва ҳамкориву дӯстӣ

Таърихи тамаддуни башар аз оғоз то имрӯз шоҳиди бавуҷудоӣ ва азбайнравии идҳои ақвоми гуногуни олам ва расму анъанаҳои марбут ба он идҳо шуда, дар ҳофизаи худ фақат номи ҷашнҳоеро сабт кардаву то ба мо интиқол додааст, ки муҳимтарин хусусияти онҳо инсонҷавҳарӣ ва табиатмеҳварӣ мебошад. Яке аз чунин идҳо Наврӯз аст, ки тибқи омори соли 2010-соли ҷашни ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ шудани ин ид 300 миллион аҳолии ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хос дар пайванд бо расму оинҳои миллии худашон таҷлил карданд. Аз 23-юми феврали соли 2010, ки ҷашни Наврӯз дар Сессияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи “Тамаддунҳои ҷаҳонӣ” ҳамчун Наврӯзи ҷаҳонӣ эътироф шуд, шумори кишварҳои ҷашнгирандаи ин иди ваҳдатшиор дар миқёси ҷаҳон бамаротиб афзуд.

Барои миллатҳои ҳавзаи қаламрави Наврӯз, бавиҷа барои мо-тоҷикон чунин вусъат пайдо кардани ҷашни Наврӯз ва дар минтақаҳои гуногуни сайёра тоҷикона садо додан ва таҷлил шудани он дар раванди ҷаҳонишавии арзишҳои умумибашарӣ боиси ифтихору сарафрозист.

Таъриху сарнавишти Наврӯз дар китоби муқаддаси “Авасто”, асарҳои “Динкарт”, “Бундаҳишн”, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайёми Нишопурӣ ва дигар осори таҳқиқиву мақолаҳои илмии донишмандони ҷаҳониву ватании асрҳои миёнаву нав инъикос шуда, дар ҳама ҷо ҳамчун ҷашни некоину хуҷастапаём, иди шикасти бадиву зулмат ва пирӯзии хубиву рӯшноӣ, бедоршавии табиату инсон ва киштукори деҳқон, рӯзи хайрхоҳиву саховат ва гиромидошти вуҷуди пирону барҷоймондагон ва дуогӯӣ ба равони ниёгон, рӯзи ҳамоиш бо ҳамсояҳо ва қадршиносиву риояти ҳаққи якдигар тавсифу таъриф шудааст, ки барҳақ инъикосгари мазмуни рангини ин ҷашни фархунда мебошад. Чунончӣ муҳаққиқони наврӯзшинос муайян кардаанд, яке аз авомили босуръат ҷаҳонишавии Наврӯз дар ҳикмати офариниши шашмарҳала ё шашрӯзаи оламу Одам, тақвиму солшуморӣ ва дигар падидаҳои марбут ба ҳастишиносиро шомил будани он аст, ки ҳама аз равзанаи динҳои ҷаҳонӣ низ ҳамсону ҳаммонанд ба назар мерасанд.

Яке аз оинҳои неки дигари Наврӯз пошидани об ба якдигар аст, ки ин расм дар байни халқҳои гуногуни олам низ бо мақсади талқини покиву озодагӣ, сериву пурӣ, фаровониву серҳосилӣ, фараҳбахшиву шодифизоӣ бо тарзу равишҳои хос баргузор мегардад. Об ҳамчун яке аз чаҳор унсур дар фарҳанги башар сарчашмаи ҳаёту зебоӣ эътироф шуда, дар боварҳои халқҳои ҷаҳон мавриди парастиш қарор мегирифтааст. Вуҷуди илоҳаҳое бо номи Аноҳито (илоҳаи обу ҳосил дар Эрони бостон), Дана ва Агидел (илоҳаи об дар бовари славянҳои қадим), Амфитрита (илоҳаи баҳр дар Юнони қадим), Исида ва Нейт (илоҳаҳои обу боду зояндагӣ ва баҳру шикор дар Мисри қадим), Кебхут (илоҳаи об дар Африқо), Сарасвати (илоҳаи обу ҳосил дар ҳинди қадим) ва дигар эзадон ин гуфтаро тасдиқ менамояд. Имрӯз, новобаста аз он ки инсоният ин ҳама бовари худ ба об ва муқаддасшумории онро дар саҳифаҳои таърихи куҳан гузоштаву ҳоло ба дараҷаи баланди тараққиёти илмӣ-техникӣ расида, барои ҳарчӣ беҳтару бароҳаттар зистан тадбирҳои муҳим андешида, онҳоро дар муддати кӯтоҳ амалӣ месозад, ҳамоно ниёзи бештаре ба табиати зинда ва бавиҷа, ба оби тоза ва ғизои солим дорад.

 Муносибати ҳамсоягиву бародаронаи миллатҳои тоҷику ӯзбек ва қирғиз, ки реша дар қаъри асрҳо дорад, дар даврони ба даст овардани истиқлолияти милливу давлатии халқҳои мазкур сатҳу сифати тоза касб кард. Хусусан, робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои дӯсту бародари Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки имрӯз таҳти ҳидояти роҳбарони воқеан дурандешу халқпарвари ин ду давлати ҳамсоя рӯ ба беҳбуд овардааст, далел аз ҷарфии иртиботу пайванди самимию мустаҳками ёриву бародарии тоҷикону ӯзбекон мебошад. Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон санаи 9-уми март дар арафаи иди Наврӯзи некоин ба кишвари мо бо сафари давлатӣ ташриф овардани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва худи он рӯз нашр кардани изҳороти тарафайн оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ, ба имзо расонидани 27 ҳуҷҷати ҳамкории дуҷониба, аз як сӯ далели дар ҳавзаи кишварҳои таҷлилгари Наврӯз аз оғоз ҳамсояи наздик будани тоҷикону ӯзбекон дарак диҳад, аз сӯйи дигар аз ояндаи неки муносибатҳои ҳамҷаворӣ муҷдарасон аст. Ҳамчунин, кушодашавии 10 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии байни давлатҳои ҳамсоя дар нимаи аввали моҳи март низ ба ҳамфарҳангиву ҳамҷавории таърихан куҳани тоҷикону ӯзбекон ва наврӯзмазҳарии тафаккури ин ду миллат далели равшан шуда метавонад.

Ба ҳам омадани сарони ду давлати бародару дӯст дар оғози фасли бедории табиат–остонаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки яқинан муҷдаи баҳори ҳамкориҳои тоза ва рушди робитаҳои ҳаматарафаро барои тоҷикистониёну ӯзбекистониён хоҳад расонид, дар чашми мардуми ҷаҳон риояшавӣ ва иҷрои оинҳои неки наврӯзиро аз ҷониби халқҳои тоҷику ӯзбек ба ҷилва овард.

Аз ин рӯ, месазад, ки ҳар як фарди фарҳангдӯсту инсонгаро барои амалисозии ҳикматҳову оинҳои неки ҷашни ҷаҳонии Наврӯз талош варзида, баҳри дар сатҳи аз ин ҳам густардатар тарғибшавии он саҳми арзандаи худро гузорад, то ин ки ҳар рӯзи сол барои ҳамаи ҳалқҳои олам рӯзи Наврӯз, рӯзи шодиву нишот, фархундаайшиву хуҷастарӯзгорӣ ва дӯстиву бародарӣ бошад.

Шодӣ Ҳасани Шарифниё,
муаллими кафедраи адабиёти
классикии тоҷики Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh