Оғози тантанаҳои наврӯзӣ дар вилояти Суғд

Рӯзи 17 марти соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои идона бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ оғоз ёфт. Дар ин рӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии гурӯҳе аз шоиру нависандагон ба чанде аз шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, дар тантанаҳои наврӯзӣ ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар тантанаҳои наврӯзии маҳаллаҳои Раззоқ ва Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо сокинони маҳаллаҳо таъкид намуд, ки бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон Наврӯзи хуҷастапайро ба таври васеъ ҷашн мегиранд. Аз рӯи анъанаи дерин дар остонаи иди мубораку фархундаи Наврӯз ҳар як фард ботини худро аз кинаву кудурат пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд.

Дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд Раиси вилоят ва аҳли зиё ҳамзамон ба намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дасти пазандагони моҳир - муҳассилини макотиби маҳалла шинос шуданд. Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони маҳалла, махсусан бо мӯйсафедон сӯҳбати самимӣ намуда, аз онҳо дуои неки наврӯзӣ гирифт. Дар сари деги суманак баҳри ободии диёр ва шукуфоии Ватан дасти дуо бардошта шуд.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва ходими давлатию ҷамъиятӣ, собиқадори меҳнат Биҳоҷал Раҳимова дар бораи файзу фазилатҳои неки Наврӯз ибрози андеша намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh