Иштироки Раиси вилоят дар чорабиниҳои наврӯзии сокинони шаҳри Бӯстон

Рӯзи 17 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва гурӯҳе аз аҳли зиё ва ходимони давлатию ҷамъиятии вилоят дар тантанаҳои  наврӯзии сокинони маҳаллаи “Озодӣ”-и шаҳри Бӯстон ширкат варзиданд.

Нахуст Раиси вилоят аз растаҳои гуногун боздид намуда, бо тасвирҳои инъикоснамудаи рассомони ҷавон ва маҳсули дастранҷи занону бонувони ҳунарманди шаҳр шинос гардид.

Мусаллам аст, ки яке аз суннатҳои писандидаи наврӯзӣ дастгирии бепарасторону ниёзмандон маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни тантанаҳои идонаи наврӯзӣ дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Раиси вилоят ва ҳайати меҳмонон хатнасури 10 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманду бесаробон сурат гирифта, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Сипас, суҳбати гарму самимии Раиси вилоят бо бонувони ҳунарманди шаҳр, ки бо густурдани дастурхони идонаи миллӣ, омода намудани таомҳои хоси хони наврӯзӣ ва пешниҳоди ҳунарҳои аҷдодии миллӣ ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати тоза зам намуда буданд, сурат гирифт.

Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои суҳбат бо мардум кулли сокинони шаҳри Бӯстонро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи Аҷам, ки бо талош ва кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳониро касб намуд, таҳтият гуфта, аз рушди бомароми Тоҷикистони маҳбуб ёдовар гардид.

Зимни суҳбат бо Раиси вилоят собиқадорони меҳнат, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, пирони хирад ва шахсони барӯманди шаҳр сипосмандии хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сулҳу субот, эҳёи суннатҳои қадима, аз ҷумла Наврӯзи бостонӣ баён доштанд.

Барномаи рангини ҳунармандони варзидаи кишвар ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh