Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд

Рӯзи 21 марти соли 2018 дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо ҳузури теъдоди зиёди сокинон чорабинии калони идона баргузор шуд.

Чорабинии наврӯзӣ дар саҳни Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ҷараён гирифт.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки бо мақсади иштирок дар тантанаи наврӯзӣ ба макони баргузории чорабинӣ омада буданд, аз хаймаҳо ва растаҳои гуногуни наврӯзӣ боздид намуда, бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ аз қабили қолинбофӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, сангбурӣ ва маҳсидӯзӣ, инчунин маҳсулоти соҳаи саноату гулҳои баҳорӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва таомҳои хоси Наврӯз шинос гардиданд. Зимни боздид аз растаҳои наврӯзӣ муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон  дастовардҳои варзишгарони вилоятро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бозиҳои гуногуни миллиро, ки кӯдакону наврасон иҷро менамуданд, тамошо карданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баъди боздид аз раставу хаймаҳои наврӯзӣ ва шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаҳои гуногун дар назди иштирокдорони чорабинии наврӯзӣ суханронӣ намуданд.

Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронии худ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  кулли сокинони вилоятро бахшида ба Иди Наврӯз табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки сокинони шарафманди вилояти Суғд соли 2018-ро, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст, бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст менамоянд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода низ кулли сокинони вилоятро ба муносибати фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуд. Тавре зикр гардид, сокинони шарафманди вилояти Суғд шукргузор аз он ҳастанд, ки бо иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди миллии аҷдодии мо - Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

-Ҷаҳонӣ гардидани ин ҷашни аҷдодӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар шароити кунунӣ воқеан ташаббусҳои Cарвари давлати мо ҳамчун ибтикори инсонгароёна ва ифодагари ниёзҳои башарият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи самимӣ пайдо намуда, мавқеъ ва мақоми кишвари соҳибтамаддуни моро дар арсаи ҷаҳонӣ боло мебардорад. Имрӯз ин ҷашни бостониву фархундаро аҳли сайёра ҳамчун нишонаи эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ, вусъати ободкориву созандагӣ ва робитаҳои неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё истиқбол мегиранд, - зикр намуд Раиси вилоят.

Таъкид гардид, ки имрўзҳо Наврўз дар кишвари азизамон Тоҷикистон хеле хубу хотирмон ҷашн гирифта мешавад. Маҳз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки арзишҳои бузурги фарҳангии кишвар нигаҳдорӣ ва пешкаши ҷаҳониён гарданд.

Дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрўз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондўстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дўст доштан ва расидан ба қадри зиндагии шоиста аст. Зеро Наврўз моҳиятан ҷашни покиву сафо ва тозагиву озодагибахш аст. Он ба табиат ва замини муқаддас файзу таровати нав ато намуда, зиндагиро эҳё месозад.

Аз файзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифта, шукўҳи он пайваста боло меравад.

Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барои иштирокдорони чорабиниҳои наврӯзӣ барномаи идонаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд ва сайру гашти наврӯзии сокинон то дергоҳ идома ёфт.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки бо мақсади хотирмон таҷлил намудани Наврӯзи хуҷастапай имрӯз ҳамзамон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайру гашти оммавӣ доир гардида истодааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh