Иштироки намояндагони аҳли зиё ва фарҳанги вилояти Суғд дар чорабинии наврӯзии вилояти Самарқанд

Дар доираи амалӣ намудани нуктаҳои Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон, ки зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расиданд, бо ибтикори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва даъвати роҳбарияти вилояти Самарқанд санаи 20 марти соли равон гурӯҳи иборат аз 18 нафараи олимону адибон, аҳли фарҳангу ҳунар ва кормандони ВАО-и вилояти Суғд барои иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ ба вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуданд.

Дар ин бора Тоҷибой Султонӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ чорабинии «Шоми дӯстӣ»-ро, ки ба шарафи меҳмонони тоҷик дар тарабхонаи «Хонатлас»-и шаҳри Самарқанд баргузор гардид, муовини Раиси вилояти Самарқанд оид ба масъалаҳои туризм, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Мӯнис Восиев оғоз бахшида, меҳмонони тоҷикро аз номи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев табрику таҳният гуфта, аз ташаббусҳои сарварони ду кишвар, робитаҳои дерина, пайвандҳои маънавию рӯҳонӣ ва расму оинҳои муштараки ду халқи ба ҳам дӯст ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки мардуми Самарқанд чун тамоми мардумони дигари кишвари Узбекистон ба ин воқеаи таърихӣ баҳои баланд дода, то ҳанӯз таҳти таъсири ин шодию нишот қарор доранд.

Аз номи намояндагони ҷониби Тоҷикистон нахуст ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба сухан баромада, паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва мардуми вилоятро бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ба кулли мардуми кишвари ба мо дӯст расонид. Таъкид гардид, ки Наврӯзи имсола Наврӯзи таърихӣ ва созанда ба ҳисоб меравад, зеро бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев таҳкими равобит байни халқҳои мо аз нав барқарор гардид. Ин тадбир имконият медиҳад, ки муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо боз ҳам тақвият пазируфта, ба хотири таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни илму маърифат мо бо аҳли зиё ҳамкории судмандро ба роҳ монем.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони вилояти Суғд, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод аз таърихи пайвандҳои маънавии байни ду халқ, аз ҷумла хизматҳои қофиласолори назми классикии тоҷик, устоди шоирони форсигӯй Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар рушди фарҳангу адабиёти форсии тоҷикӣ ва мақоми давлатӣ касб намудани забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро хизматҳои беназир анҷом додааст, сухан гуфт.

Шеърхонии Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва бахусус ҳунарнамоии аҳли фарҳангу ҳунари тоҷик устод Ҷӯрабек Муродов ва Насиба Узоқова на танҳо аҳли ҳунару санъати Самарқанд, балки меҳмонони хориҷиро низ тасхир намуд.

Санаи 21 март тантанаҳои Наврӯзӣ бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Алишери Навоӣ ҷараён гирифт. Ҳайати намояндагони вилоят дар якҷоягӣ бо ҳайати олимони узбек нахуст ҳамчун рамзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи шоири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ва сардафтари адабиёти узбек Алишер Навоӣ гулдастаи тару тоза гузоштанд.

Шавкат Мирзиёев зимни суханронии худ дар бораи хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳои дуҷониба, ташаббусҳои чаҳонӣ, истиқболи бародарона ва гарми Пешвои миллат ва мардуми тоҷик бо меҳри зиёд сухан гуфт.

Намояндаи вилоят Ҷамшед Ҷӯразода паёми табрикии ҷониби Тоҷикистонро ба мардуми кишвари Узбекистон расонида, аз номи аҳли зиёи Тоҷикистон ба сарвари ҳар ду давлат барои сиёсати созандае, ки ба якдигарфаҳмӣ нигаронида шудааст, изҳори сипос намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh