Баргузории чорабинии наврӯзӣ дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд

22 марти соли равон ба ифтихори бузургтарин ҷашни миллӣ - Наврӯзи оламафрӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чорабинии идона баргузор шуд.

Кормандони шуъбаву хадамотҳои марказии Раёсати ВКД низ бо иҷрои расму оин ва густурдани хони наврӯзӣ ин ҷашни аҷдодиро таҷлил намуданд. Дар чорабинии наврӯзии кормандони мақомоти милитсия Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва сардори Раёсати ВКД дар вилоят Қудратулло Назарзода иштирок намуданд. Бо иҷрои суннатҳои неки наврӯзӣ - оростани хаймаҳои идона ва намоиши ҳунарҳои миллӣ кормандони мақомоти милитсия бори дигар собит намуданд, ки мардуми тоҷик дорои тамаддуни бойу рангин мебошад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо собиқадорони мақомоти милитсия аз саҳми онҳо дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартибот, тарбияи кадрҳои ҷавон ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар гардид.

Пас аз боздид аз хаймаҳои наврӯзӣ Раиси вилоят кулли кормандони мақомоти милитсияро бахшида ба Иди Наврӯз табрик гуфта, зикр дошт, ки кормандони милитсия вазифаи пурмасъул ва пуршарафро бар дӯш доранд. Маҳз бо назардошти нақши кормандони милитсия дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби Ҳукумату давлат ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматӣ таваҷҷуҳи хоса равона карда мешавад.

Сипас, аз ҷониби Раиси вилоят ба ғолибони аз як қатор озмунҳои варзишӣ туҳфаҳои идона тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh