Наврӯзи куҳан зи нав ҷавонӣ дорад!

Ривоят кардаанд, ки дар Наврӯз ҷоми симине, ки пур аз ҳалво буд, барои Пайғамбар армуғон оварданд ва он ҳазрат пурсид, ки ин чист?

Гуфтанд: Имрӯз рӯзи Наврӯз аст. Пурсиданд, ки Наврӯз чист? Гуфтанд: Иди бузурги эрониён аст. Фармуд: Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд аскара зинда кард.

Пурсиданд: Аскара чист? Фармуд! Аскара ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда ва сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон гуфт: «Бимиред», мурданд. Сипас ононро зинда кард ва абрҳоро амр кард, ки ба онон биборанд. Аз он ҷост, ки пошидани об дар ин рӯз расм шуда, сипас ҳалворо тановул кард ва ҷомро миёни асҳоби худ қисмат карда гуфт: «Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз бувад».

Наврӯзи куҳан зи нав ҷавонӣ дорад,

Дар кӯҳназамин тоза замоне дорад,

Ҳар бор зи омадаш замин гирад ҳусн

З-ин ҳаст, ки умри ҷовидонӣ дорад.

Оғози зиндагии пурнишот, пурумед, пурорзу. Табиат зинда мешавад, дилҳо ба ҷӯш меоянд. Дилбарона, ошиқона навоҳо дорад. Навояш фораму ва навоҳо ҷилобахшанд.

Иди моҳу Хуршед, иди Манучеҳру Ҷамшед, иди Зардушти накӯшиор, иди Монии арҷангнигор, иди Ҷомоспу Гаршоспҳо, иди Фаридуну Ардашери Бобакону Виштоспҳо, иди Куруши Кабиру Томирису Ҳашарёршоҳу Доро, иди Фирдавсиву Фаррухиву Абушакури Балхиву Манучеҳрии Домғонӣ ва Хайёму Сино, иди Эраҷ Мирзову Деҳхудову Нодири Нодирпуру Содиқи Ҳидоят, иди Маҳмудҷони Воҳиду Лоиқу Бозору Мӯъмин Қаноат ва Фарзона. Иди баҳору шудгору киштукор, иди кишоварзони хокпоши хоксор ва иди тамоми халқҳои дунё.

Наврӯз, туӣ иди ориёӣ! Туӣ нишонаи намирандагии рӯҳи аҷдоди мо! Эй рамзи ободӣ, биё, эй иди куҳанэҷод. Биё, эй иди навсозу навпардоз. Биёву сурати замину сирати замон ва сиришти одамонро навӣ бахшой.

Мавлуда ФАЙЗУЛЛОЕВА,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh