Наврӯз - мероси гузаштагони мо

Ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дорад ва аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, дорои арзишу сифатҳои нек аст. Аз ҷумла, ваҳдату ҳамраъйӣ ва дӯстиву рафоқат аз муҳимтарин ойинҳои ин ҷашни фархунда дониста мешавад, ки мардуми мо ба он арҷ мегузоранд.

Ин мероси пурарзиши ҳастӣ тавлиди нахустшодии башар аст, яъне расидан ба остонаи рӯзгори нав, равзанаи кушоишу ҷӯёишҳои тозаи ормонҳост. Наврӯз бо фарорасии баҳор кошонаҳои моро нуру зиё мебахшад ва дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввалин рӯзи сол, яъне, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони ҳукуматдории Сомониён бо шукӯҳи тоза идома ёфтааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ёдовар шудаанд.Ҷашни Наврӯз дар аҳди Сомониён хеле бошукӯҳ таҷлил мешуд. Ҳангоми гузаронидани ин ҷашн амирони сомонӣ дар қасрҳои хеш базмҳо меоростанд ва беҳтарин шоирони қасидагӯй дар васфи Наврӯз ғазалу қасидаҳо месуруданд. Дар бораи Наврӯз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хисрав ва дигарон ашъори дилписанде ба ёдгор мондаанд. Дар замони Сосониён Наврӯз ҳамчун иди расмии давлатӣ пешвоз гирифта мешуд ва шоҳони сосонӣ онро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд.

Наврӯз дар замони Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва ҳатто, баъди истилои муғул аз тарафи халқи меҳнаткаш ботантана ид карда мешуд, мардум ба пешвози Наврӯз тайёрӣ медиданд, хонаҳоро рӯбучин карда, тоза нигоҳ медоштанд ва оро медоданд.

Ҳафриёти бостоншиносӣ дар Панҷакенти қадим, хоса деворнигораҳои бозёфтшуда, исбот менамоянд, ки ин ҷо ҷашни оғози сол ва бедоршавии табиат Наврӯзро аз қадим таҷлил менамуданд ва бесабаб саҳнаҳои ҷашнро рассомони Суғдзамин рӯи деворҳо акс намекарданд. Ҳоло дар Осорхонаи миллӣ деворнигорае, ки аз Панҷакенти қадим бозёфт шуда буд, нигоҳдорӣ мешавад, ки он ҷо саҳнае аз иди Наврӯз тасвир гардидааст. Рассоми суғдӣ шояд манзараи нишасти идонаи ашрофзодагонро тасвир кардааст. Яке аз ин мардони олимартаба дар як даст ҷом ва дар дасти дигар гули бодом дорад, ки рамзи иди Наврӯз мебошад. Либосҳояшон хеле зебою мунаққаш ба назар мерасанд.

Наврӯз ҳамчун нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигаҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих мебошад. Боиси ифтихор аст, ки имсол Наврӯзи Аҷам дар Панҷакенти бостон, ки таърихи 6000 - сола дорад, бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Бигузор, ҳар яке аз мо низ мисли ин ҷашни зебову фасли эҳё афкору ният ва ҳадафҳои созанда дошта бошем.

Мо аҳли кормандони Муассисаи давлатии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ тасмим гирифтаем, Наврӯзи Аҷамро дар гирди деги суманак, ки рамзи Наврӯз аст, бо дилу нияти пок ва орзуҳои нек ҷашн гирем.

Зебинисо Отабоева,
китобдори Осорхонаи
ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии
ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh