Дӯстии мо азалӣ мемонад!

Рӯзҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам дар шаҳри Панҷакент гурӯҳи калони меҳмонон аз вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Мӯнис Восиев ба вилояти Суғд ташриф оварда, бо ҷойҳои таърихии ин сарзамин шинос шуданд. Таассуроти хешро бархе аз онҳо чунин баён доштанд:

Ҳасан Норбеков, раиси Хазинаи ҷамъиятии “Нурой”-и шаҳри Самарқанд:

- Пеш аз ҳама, мехоҳам сипоси худ ва ҳамроҳонамро ба кулли мардуми сарбаланди ҷумҳурии ба мо ҳамсояву дӯсти Тоҷикистон дар симои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонам, ки дар ҳамҷоягӣ бо Президенти муҳтарами мо Шавкат Мирзиёев орзуву омоли чандинсолаи ду халқи ба ҳам бародару дӯстро амалӣ намуданд. Мо боз ба дидори якдигар расидем, ки ин хизмати бузурги ду Сарвари давлат дар назди таърих аст. Бинобар ин ҳам мо баробари Президенти худ Шавкат Мирзиёев, Президенти Шумо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро низ дӯст доштем.

Баҳодури Убайдуллоҳ, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд”: - Таърих гувоҳ аст, ки халқҳои тоҷику ӯзбек шоха ва баргҳои як дарахти азиманд, ки решаи ин чинори азим аз умқи таърих сарчашма мегирад. Мо аз ин сафари худ басо шоду мамнун ҳастем ва таассуроти нек бардоштем, ки зодгоҳи Одамушшуаро Рӯдакии бузургвор - Панҷакенти бостон ва зодбуми шоири классики тоҷик Шайх Камол - шаҳри қадима, вале ҳамешаҷавони Хуҷандро дидан насибамон гардид. Ободиву сарсабзии се шаҳри қадима - Панҷакенту Истаравшан ва Хуҷанд моро тасхир кард. Боздид аз Қасри фарҳанги Арбоб, толори он ва Осорхонаи Иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик бароямон басо муассир буд. Ба чунин хулоса омадам: он биное, ки бо меҳнати ҳалоли аҳли заҳмат бунёд шудааст, то абад барои тинҷиву оромӣ ва хушбахтии мардум хизмат мекунад.

Мардон Мавлонов, ҳунарманди шоистаи Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон:

- То он замоне, ки дарвозаҳо кушода буданд, мо ба Тоҷикистон бисёр рафтуомад доштем, хусусан, бо ноҳияҳои наздисарҳадӣ риштаи хешутабориамон мустаҳкам буд. Дар чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон бисёр ширкат меварзидем. Сурудхонии Ҳофизи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон Маъруфхоҷа Баҳодуров, Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев ва дигаронро бисёр дидаву шунида, лаззат мебурдем. Робитаи фарҳангиамон басо мустаҳкам буд. Амри тақдир будааст, ки як муддат дур аз ҳамдигар ва ҷудо кору зиндагӣ кардем. Шукр, сад шукри Парвардигор, ки бо инояти ду шахсияти бузургу азиз барои Тоҷикистону Ӯзбекистон робитаҳои дӯстиву бародариамон аз нав эҳё шуд.

Хосият Бобомуродова, шоира,Корманди шоистаи маданияти Ӯзбекистон:

- Таи 27 сол мо ҷисман аз ҳам ҷудо бошем ҳам, аммо рӯҳан ва бо қалбамон якҷо будем. Президенти ҷумҳурии мо муҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев барҳақ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати кушодашавии гузаргоҳҳои сарҳадӣ изҳор доштанд: «сарҳадҳо баста бошанд ҳам, аммо диламон ба ҳамдигар пайванд буд».

Аз ин пас, ҳар як шаҳрванди ду кишварро зарур аст, ки дӯстиву рафоқати азалӣ ва таҳкимгирифтаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Нагузорем, ки заррае ҳам коста гардад. Бо истифода аз фурсат барои меҳмондории олӣ, иззату икром ба мардуми тоҷик ташаккур мегӯям. Бигзор дӯстиамон ҳеҷ гоҳ рӯи газандро набинад. Марҳабо ба Самарқанди бостон! Мо интизори Шумо, бародарони тоҷикистонӣ!

Абдуғафур АМИНОВ,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh