Боздиди намояндагони вилояти Суғд аз Боғи фарҳангиву истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд

Рӯзи 21 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати намояндагони вилояти Суғд аз Боғи фарҳангиву истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд боздид намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ҳамчун рамзи эҳтиром бар пояи муҷассамаи мутафаккирони тоҷику ӯзбек - Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ки дар ҳудуди боғ қомат афрохтааст, гулчанбар гузоштанд.

Аҳли зиёи вилоятҳои Суғду Самарқанд аз эҷодиёти ин шоирони номвар, ки рамзи дӯстии мардумони тоҷику ӯзбек маҳсуб меёбанд, шеърҳо қироат намуданд.

Худи ҳамин рӯз намояндагони вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба маҷмааи Ҳазрати Хизр ташриф оварда, оромгоҳи нахустин Президенти Ӯзбекистонро зиёрат намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh