“Ганҷи сухан”: маҳфили навбатии хотирмон

Нишасти 161–уми маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо иштироки олимону адибон ва мухлисони каломи бадеъ дар толори факултети филологияи тоҷик баргузор шуд.

Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки ин навбат маҳфил ба ду санаи таърихӣ, яке 140 солагии  Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ ва дигаре 75-солагии Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов бахшида мешавад.

Декани факултети филологияи тоҷик, номзади илмҳои филология Муҳаббат Тиллохӯҷаева меҳмононро хайрамақдам гуфт ва аз дастовардҳои илмии устодон ва донишҷӯёни факултет маълумот дод.

Дар бахши навгониҳои илмӣ  Шарифҷон Тоҷибоев-дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гуфт, ки аз ҷониби муҳаққиқон силсилаи зиёди мақолаҳои илмӣ  интишор гардид, ки миёни онҳо сухани тоза дар Айнишиносии муосир кам нест. Мавсуф маҷмӯаи мақолаҳои конфронси илмии “Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик”-ро, шоистаи таҳсин хонд.

Субҳон Аъзамзод-дотсенти донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Садриддин Айнӣ - чеҳраи мондагори адабиёт, илм ва фарҳанг” аз муҳимтарин хидматҳои устод Садриддин Айнӣ дар худшиносии миллии тоҷикон сухан гуфт. Муҳаққиқ аз қадршиносии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мавриди Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бо мисолҳои мушаххас нақл намуд. Махсусан оид ба китоби “Чеҳраҳои мондагор”, ки дар он Пешвои миллат дар баробари зикри хидмат ва мақому манзалати устод Садриддин Айнӣ  заминаеро дар айнишиносии муосир муқаррар кардааст муфассал изҳори назар кард.

Сипас бахшида ба 75-солагии Ҳунармади мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов дар мавзуи “Устоди беназири ҳунар” Абдураҳим Аминҷонов - дотсенти донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад намуд. Вай ба ҳозирин оид ба ҷанбаҳои ҳунарӣ, сабк ва услуби ҳофизӣ, зинаҳои такомули эҷод,шӯҳрати ҷаҳонии Ҷӯрабек Муродов нақли ҷолиб намуд. Ӯ гуфт, ки сабки Ҷӯрабек Муродов сабкест, ки он қобили қабули кулли мардуми манотиқи гуногуни Тоҷикистон аст.

Сипас нависанда Додохони Эгамзод як сӯҳбати озоду ҷолиб дар бораи Устод Садриддин Айнӣ ва Ҷӯрабек Муродов намуд. Вай ба мухлисони каломи бадеъ аз таснифи як романи таърихии  нави худ дарак дод, ки ба қавли худи нависанда, дар бораи Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ҳикоят мекунад ва маҳз ба хотири амалӣ намудани орзуи Устод Садриддин Айнӣ ӯ ба ин кор даст задааст.

Шоири ширинхаёл  ва боҳунари тоҷик Нарзуллои Азизиён чанд шеъри тозаи худро ба аҳли нишаст эҳдо намуд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода низ дар суханронии худ аз шӯҳрати ҷаҳонии устод Садриддин Айнӣ ва Ҷӯрабек Муродов нақлҳои ҷолиб намуда, як шеъри худро қироат намуд.

Монтажи адабии донишҷӯёни факултети филология аз рӯзгори  рӯзгори  устод Айнӣ, ки дар заминаи осори нависанда рӯи саҳна омадааст ба маҳфил рӯҳи тоза бахшид. Суруду оҳангҳои дилнишини сарояндагон Самеъҷон Машарипов ва Фазлиддин анҷомбахши нишасти навбатӣ гардид.

Фирӯза Қайюмова,
номзади илмҳои филология

Add comment


Security code
Refresh