Раҷаббой АҲМАДЗОДА: маънавиёт - нерӯи таконбахши рушди ҷомеа

Мулоқоти Раиси вилоят бо зиёиён

25 апрели соли равон дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо зиёиёни вилоят бахшида ба 140-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарони ташкилоту идораҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, олимону адибон, аҳли санъату ҳунар ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз нақши зиёиёни кишвар дар таҳкими маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллиамон ҳарф зада, фаъолияти як қатор муассисаҳои илмиву фарҳангӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, аз ҷумла осорхонаву китобхонаҳоро мавриди таҳлил қарор дод.

- Мулоқоти имрӯзаи мову шумо дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуда буд ва ба ифтихори гиромидошти фарзанди фарзонаи миллат, 140 – солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ баргузор мешавад, - зикр дошт Раиси вилоят.

- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиён барҳақ таъкид намуданд, ки зиёиёни асил равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар пешрафти рӯзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерӯи инсонӣ нақши арзанда мебозанд.

Ин суханон башорат аз он аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёиёни мамлакат эътимоду боварии комил доранд ва ҳар ташаббусу иқдоми ононро, ки ба манофеи миллату давлат, таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллат, эҳёи арзишҳои миллӣ марбут мебошанд, ҷонибдорӣ ва амалӣ менамоянд.

 Воқеан, тарғиби бузургтарин дастовардҳои халқамон дар даврони соҳибистиқлолӣ вазифаи аввалиндараҷаи зиёиён маҳсуб ёфта, онҳо бояд ба хотири таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азиз, инчунин, забон, фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллӣ ҳамеша саъю талош варзанд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот зикр намуд, ки маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар меҳани азизи мо заминаҳои воқеии парвариши ҳуввияти аслии миллӣ ба вуҷуд омаданд. Шарти асосии бақои давлату миллат дар ваҳдату ҳамгироӣ, дӯстдории Ватан, ҳифзи амнияту дастовардҳои моддӣ – маънавӣ ва дар таҳкиму пос доштани арзишҳои миллист. Боиси қаноатмандист, ки насли муосир, бахусус зиёиён бо тамоми ҳастӣ ба хотири ояндаи миллат саъю талош меварзанд ва аз хидмат ба халқу Ватан ифтихор доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз саҳми фарзандони нобиғаи миллат дар олами мутамаддин ҳарф зада, зикр дошт, ки дар байни онҳо устод Садриддин Айнӣ бо рӯзгору пайкори созанда ҷойгоҳи махсуси худро доштанд.

- Боиси сарфарозии ҳамагон аст, ки имсол 140-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ходими барҷастаи илму адабу фарҳанг, нахустин Қаҳрамони Тоҷикистони навин аллома Садриддин Айниро бо ибтикори Пешвои муаззами миллат таҷлил менамоем, - таъкид дошт Раиси вилоят.

Ин абармарди олами илму адаби ҷаҳон барои эҳёи миллати тоҷик хидматҳои шоиста намуда, ҳанӯз дар ҳассостарин марҳалаи таърихӣ бо таълифи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» аз ҳастии пурифтихори тоҷикон хабар додааст.

Рӯзгори ибратомӯз ва мероси арзишманди ин нобиғаи сатҳи ҷаҳонӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳури Тоҷикистон сари вақт ва ҳадафманд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди қадршиносиву арҷгузорӣ қарор гирифт.

8-уми сентябри соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни шахсиятҳои адабиву фарҳангӣ ва таърихиву сиёсии давлати навин нахустин шуда устод Садриддин Айнӣ сазовори унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дониста шуд. Ин ғамхории Сарвари давлат на танҳо сазовор қадр кардани хизматҳои устод Айнӣ аст, балки баҳои арзанда додан ба нобиғае мебошад, ки осори ӯ минбаъд дар тарбияи ҳисси худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ дар насли наврасу ҷавон, умуман тарбияи маънавии ҷомеа саҳми сазовор дорад.

То ба имрӯз дар кишвари мо барои гиромидошти хотира ва исми шарифи устод Садриддин Айнӣ корҳои бузурге анҷом ёфтаанд. Ноҳияи аз ҷиҳати ҳудуд калонтарини вилояти Суғд номи устодро дорад.

Ҳамчунин, Театри опера ва балет дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Боғи фарҳангу фароғатии пойтахти мамлакат номи устодро гирифтаанд.

Маҳз, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар даврони Истиқлолият асарҳои безаволи устод Садриддин Айнӣ аз нав ба табъ расиданд. Муҷдаи шодиовар он буд, ки соли 2005 китоби гумгаштаи устод «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» аз рӯи дастнависи ягонаи муаллиф ҳамчун ҷилди 14-уми «Куллиёт»-и устод нашр гардид.

Ҷашни устод Садриддин Айнӣ ҳам дар замони зиндагӣ ва ҳам пас аз даргузашти ин алломаи миллат ботантана таҷлил мегардад. Аз ҷумла, соли 1978 садумин солгарди зодрӯзи устод бо қарори махсуси ЮНЕСКО дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта шуда буд.

Ҳастии маънавию эҷодии устод Айнӣ ва пайкорҳои судманди ӯро ҷаҳони мутамаддин эътироф кардааст. Ин шахсияти машҳур чун классики адабиёти муосири Машриқзамин шинохта шуд. Иштирокчиёни Конфронси дуюми мамлакатҳои Осиёву Африқо соли 1962 дар шаҳри Қоҳира дар баённомаи худ якдилона чунин таъкид карда буданд: «Мо дар инкишофи тафаккуру бедории худ аз осори бисёр адибону нависандагон, монанди Робиндранат Такур, Лу Син, Садриддин Айнӣ ва Тоҳо Ҳусайн миннатдору сипосгузорем».

Аз соли 1958 сар карда, ҳамасола дар рӯзи таваллуди устод Маҷлиси илмии «Солонаи Айнӣ» доир гардида, маводи он дар маҷмӯаи «Ҷашнномаи Айнӣ» интишор меёбад. Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ таъсис дода шудааст, ки асарҳои адибони муваффақ бо он қадр карда мешаванд.

Устод Айнӣ барҳақ бунёдгузори адабиёти навини тоҷик буда, дар роҳи саодати халқу миллати тоҷик ҷоннисорӣ кардаанд.

Шарқшиноси машҳур Иосиф Брагинский таърихи зиёда аз ҳазорсолаи адабиёти тоҷикро омӯхта, ба чунин хулоса омадааст ва менависад: «Халқи тоҷик ду устод дорад – яке устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигаре устод Садриддин Айнӣ. Агар устод Рӯдакӣ дар даврони Сомониён тавассути шеъри олӣ ба ҷаҳониён миллати тоҷикро муаррифӣ карда бошад, устод Айнӣ ибтидои асри ХХ ин халқро аз нобудӣ наҷот додааст».

Имрӯз мардуми тоҷик аз он ифтихор доранд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари зинда кардани номи бузургони миллати тоҷик, амсоли устод Садриддин Айниву аллома Бобоҷон Ғафуров худ низ кору пайкори онҳоро барои эҳёи халқу миллат идома медиҳанд. Далели равшани ин гуфтаҳо силсилакитобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар чор ҷилд, «Забони миллат - ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор» ва дигар китобу рисолаҳое мебошанд, ки дар бораи таъриху тамаддуни ориёӣ навишта шудаанд.

Боиси тафохури мо - ворисони устод аст, ки 6-уми ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айниро дар шаҳри Душанбе баъди таъмиру азнавсозӣ ифтитоҳ намуданд, ки дар ободонии он бинокорону фарҳангиёни вилояти Суғд саҳми муносиби худро гузоштанд.

Дар қаламрави вилоят ҳамасола зодрӯзи устод Айнӣ ботантана таҷлил мегардад. Моҳи апрел конфронсҳои анъанавии илмии устодону донишҷӯён дар донишкадаву донишгоҳҳо баргузор гардида, дар Рӯзи илми тоҷик ҷамъбаст мешавад.

 Дар мулоқот бо аҳли зиё Раиси вилоят мулоҳизаҳои хешро роҷеъ ба масъалаҳои муҳими муҳити маънавӣ, аз ҷумла илмомӯзӣ ва пос доштани забони давлатӣ баён намуд.

- Боиси зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар мамлакат шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ афзун гардида, ба тадриҷ сафи омӯзгорону устодони соҳибунвон меафзояд. Агарчӣ то замони истиқлолияти миллӣ дар қаламрави вилоят танҳо Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт, ҳоло шумораи муассисаҳои олии вилоят ба 8 адад расида, раванди анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳамасола густариш пайдо менамояд, - изҳор дошт Раиси вилоят.

- Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” масъулияти олимону зиёиёнро дар самти таҳқиқу баррасии ёдгориҳои таърихӣ, сарнавишти таърихии ҳунарҳои мардумӣ дучанд мегардонад, зеро мутолиаи осори таърихӣ равшан месозад, ки дар таркиби ҷашну маросими миллии мо намуди гуногуни ҳунари мардумӣ ҷой доранд, ки танҳо омӯзишу таҳқиқи илмии онҳо метавонад дар амри эҳё намудан мусоидат намояд. Баробари ин, дар қаламрави вилоят теъдоди зиёди ёдгориҳои таърихӣ, мазору обидаҳо мавҷуданд, ки барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ яке аз рукнҳои муҳим ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, олимони бостоншинос, муаррихон, муҳаққиқони дигарро зарур аст, ки дар ҷодаи омӯзиши ҳарчӣ бештари ин мероси бузурги таърихӣ саҳми назарраси хешро гузоранд.

- Дар шароити нави таърихӣ, ки ҷашнҳои куҳани аҷдодӣ чун Наврӯзу Сада ва Меҳргон эҳё ва то ба сатҳи ҷаҳонӣ расидаанд, паҷӯҳиши мақоми таърихии ҳар яке аз онҳо аз муҳимтарин вазифаҳои олимони соҳаи ҷомеашиносӣ ба ҳисоб меравад, ки ин нукта низ ба мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён ба таври махсус таъкид гардид. Дар канори ин, Пешвои миллат дар мулоқот хеле бамаврид таъкид доштанд, ки «Вақти он расидааст, ки муҳаққиқон доир ба ин се ҷашн ва дигар маросиму ойинҳои миллиамон “Донишномаи ҷашнҳои миллии тоҷикон” - ро таҳия карда, ба нашр расонанд ва суннату арзишҳои мардуми моро ба оламиён муаррифӣ намоянд».

Барҳақ, дар қаламрави Суғди бостонӣ низ чунин расму оинҳои бузурги наврӯзӣ, суннатҳои марбут ба дигар ҷашнҳо аз дергоҳи таърихӣ побарҷо ҳастанд.

Ҳамзамон, таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба масъалаи таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразм низ дар назди зиёиён, хоса муаррихону бостоншиносон вазифаҳои наверо мегузорад, то дар фосилаи солҳои оянда, яъне то замони фарорасии рӯзҳои ҷашни мазкур корҳои таҳқиқотиро дар ин самт афзун гардонида, мақом ва манзалати таърихии ин мероси бузургро ҳарчӣ бештар таҳқиқ ва тарғиб намоед, - таъкид намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади дастгирии олимону зиёиён, адибону суханварон, ҳунармандон ҷоизаҳои давлатии вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар соҳаи адабиёт ва ҳунар, Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм, инчунин ҷоизаҳои Маҳастӣ барои бонувони суханвар ва паҷӯҳишгар, Раҳим Ҷалил дар соҳаи адабиёт ва адабиётшиносиро таъсис додааст, ки давоми ҳар ду сол барои беҳтарин корҳои эҷодӣ дода мешаванд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон, аз вазифаҳои минбаъдаи аҳли зиёи вилоят ҳарф зада, аз ҷумла бобати вусъати омодагиҳо ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ, таҷлили сазовори ҷашнҳои миллӣ ва нобиғагони миллат, нашри осори баландпоя, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ фикру андешаҳои судманд иброз дошт.

Ҳамзамон, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба якчанд зиёиёни фаъол Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мукофоти пулиро тақдим дошт. Дар мулоқот намояндагони соҳаҳои илму фарҳанг ва маънавиёт, аз ҷумла Аҳмадҷони Раҳматзод - Раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шарифзода Мумин Машокир - ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Fафурҷон Ҷӯраев - раиси Шӯрои вилоятии Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон, Сайрам Исоева - Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осими Орифпур - муовини директори Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ва дигарон баромад намуда, фикру анешаҳо ва таклифу пешниҳодҳои судманд иброз доштанд.

Барномаи рангин ва пурмуҳтавои бадеӣ - ҳунарӣ мулоқотро ҳусни анҷом бахшид.

Мухтори АБДУЛЛО,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh