Таассурот пас аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Қурбони АЛИМАРДОН, директори генералии  ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»

-Умуман, таассуроти ман ҳамчун иштирокчии сафари мазкур хеле зиёд аст. Пешвози гарму самимии хурду бузурги Самарқанд, сатҳи баланди меҳмононавозӣ ва эҳтироми аҳли сокинон нисбат ба меҳмонони тоҷикистонӣ дар сатҳи олӣ буд. Ободии шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои атрофи он хеле назаррас ва мафтункунанда буданд. Кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, роҳраву гулгаштҳо, мавзеъҳои таърихӣ тозаву озода ва бениҳоят дилрабову ҷолибанд.

Шаҳр бо саъю кӯшиши роҳбарияти вилояти Самарқанд ва бо заҳмату меҳнати аҳлона ва якдилонаи мардуми меҳнатқарини он обод шудааст.

Ман ба чунин хулоса омадам, ки мо низ дар кишвари худ ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ бештар машғул шуда, дар доираи ташаббуси 1300 Рӯзи ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани мамлакати биҳиштосои худ ҷидду ҷаҳд намоем ва дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои қабули меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла меҳмонон аз Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон ҳамеша омода бошем.

Додохон Очилов- раиси Раёсати Асотсиатсияи «Кедр»:

  Дар доираи гуфтушунидҳо ва шартномаҳои байни вилоятҳои Суғд ва Самарқанд, ки қаблан ба тавсиб расида буд, бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли чанд рӯз дар шаҳри Самарқанди бостонӣ Рӯзҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он корхонаҳои истеҳсолии Ширкати Ассотсиатсияи сохтмончиён ва коркарди чӯби «Кедр» низ иштирок намуда, маҳсулоти худро ба намош гузоштанд. Аз ҷумла Корхонаи муштараки туркӣ-тоҷикии «Силкоат боя», ки истеҳсоли зиёда аз 40 намуди маҳсулотро ба роҳ мондааст, Корхонаи фаръии «Арча», ки зиёда аз 200 намуд, аз ҷумла дарҳои байниҳуҷравӣ, тирезаҳои гуногун ва дигар маҳсулоти аз фаршиву сақфӣ, ки пурра бо чӯб коркард мешавад, корхонаи «Силкоат руф» болопӯшакҳои (бомҳо) полимерӣ ва аз қуми квартс омодашуда ва «Силкоат Сӯва» ки аксари ашёи хоми онҳо дар заминаи маҳсулоти ашёи хоми ватанӣ истеҳсол мегарданд, дар ин намоишгоҳ ба маърази сокинону меҳмонони вилояти Самарқанд гузошта шуда буд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бори аввал маҳсулоти коргоҳи нави «Арча мебел», ки асосан самти фаъолияти хешро барои истеҳсоли мебелҳо барои муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, барои соҳаи тиб, мебел барои ширкатҳову хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти маъмуриву маишӣ нигаронида шуда, алҳол васлу насби таҷҳизот, корҳои бунёдии он идома дорад, бо намунаҳои истеҳсолоти хеш дар намоишгоҳ ширкат доштанд.      

Аслан Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон садсолаҳо байни ҳам равобити дӯстиву хешутаборӣ дошта, ба тиҷорат машғул буданд. Мутаассифона, бо сабабҳои мухталиф даҳсолаҳои охир  ин муносибатҳо, алалхусус аз ҷиҳати иқтисодӣ коҳида буданд. Хушбахтона, чанде пеш бо ибтикору кӯшишҳои пай дар пайи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон, зимни ташрифи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтушунидҳо баргузор шуда, ин муносибатҳо тадриҷан барқарор гардида истодаанд. Барои ширкатҳои ватанӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулот машғуланд, ин фоли нек аст, чунки иқтидорҳои ҳамаи коргоҳҳои Ширкати мо қодир аст нафақат талаботи дохили ҷумҳурӣ, балки бо дарназардошти фурӯши маҳсулоти истеҳсолаш ба кишварҳои дигар аз ҷумла, Қирғизистону Қазоқистон, Афғонисону Покистон, Ӯзбекистону Туркманистон ва инчунин Федератсияи Россия дар назар аст. Масалан, иқтидори коргоҳҳои мо барои 65 миллион нафар ба назар гирифта шудааст.

Аз ин лиҳоз, муносибатҳои кунунии ҳамсоядавлатҳои мо натанҳо ба ширкати мо, ҳамчунин ба ҳамаи корхонаҳои саноатии вилоят аз  ҷиҳати дарёфти бозор, тақвияти иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон  басо ҳатмист. Чунонки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш солҳои охир таъкид медоранд,  имрӯз соҳибкори истеҳсолӣ дар самти фаъолияти хеш ду вазифаи асосӣ, ин ҳам бошад аввал таъмин намудани талаботи рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти ватанӣ, истеҳсоли маҳсулот содиротивазкунанда ва дуввум, ба хотири нигаҳдории иқтисодиёт ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ тақвият дода шавад.

Имрӯзҳо барои соҳибкорон ва саноатчиён ҳамаи шароитҳо муҳайё аст. Аз 5 коргоҳи мо 3 адади он дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ Суғд қарор дошта, аз имтиёзҳои зиёд ҳам аз ҷиҳати андозбандӣ ва ҳам истифодаи инфрасохтор бархурдор аст.

Бо ин мақсад иштироки Ширкати мо бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ дар чунин намоишгоҳҳо басо саривақтӣ буда, пайдо кардани шарикони иқтисодӣ барои бастани шартномаҳои ҳамкорӣ моҳияти яке аз ҳадафҳост.

Маҷмӯан гирем, аз ҷониби Ширкати мо ба наздик 2,5 миллион сомонӣ шартнома баста шуд. Бовар дорем, ки ин қадамҳои аввалин буда, минбаъд низ муносибатҳои байнидавлатӣ боз ҳам густариш ёфта, имконоту талабот боз ҳам беҳтару бештару мегардад.

Абдуаҳад Тоҷибоев - директори генералии «Доро-инвест»:

 -Пеш аз ҳама миннатдориамонро ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мерасонем. Шод ҳастам, ки дар қатори гурӯҳи калони намояндагони вилоят бо сарварии роҳбарияти вилояти Суғд дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзидем.

Пеш аз ҳама бояд зикр намоям, ки бозшавии гузаргоҳҳои марзӣ ва барқароршавии робитаҳои мардумони тоҷику ӯзбек ин самараи сиёсати оқилонаи роҳбарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аст.

Дар ин сафар дилгармии мардуми вилояти Самарқанд ҳис карда мешуд, чунки моро дар сарҳад хеле хуш истиқбол намуданд. Аз ин маълум гардид, ки онҳо дер боз интизори мо будаанд. Ҳангоми вохӯрие, ки байни соҳибкорони ҳамсоякишварҳо ба амал омад, ҳадафҳои асосӣ алалхусус тақвияти ҳамкориҳо ба назар мерасид. Баҳри ҳамкориҳои минбаъдаи тарафайн барои пешрафти соҳоти мухталиф гуфтушунид баргузор гардид.

Инчунин зимни сафар аз якчанд корхонаи шаҳри Самарқанд дидан намудем, ки яке аз он корхонаи “СамАвто” мебошад, ки дар он истеҳсоли автобус ва мошинҳои боркаш ба роҳ монда шудааст, шинос шудем, ки он барои вилояти мо хеле мувофиқ аст.

Ҳамзамон аз фаъолияти гармхонаи “Паст Дарғом саховати” дидан кардем. Бояд гуфт, ки ин гармхонаро соҳибкори муваффақ Баҳруллоҷон, ки дар шаҳри Самарқан фаъолият мебарад, ташкил намудааст. Бо ӯ чанд сол пеш шинос будем, дар давоми 11 соле, ки байни мо робитаҳо набуда, ӯ ба як қатор пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Вақте аз гармхона дидан намудем дар ҳайрат мондем, ки ин соҳибкор ба фаъолияти хуби соҳавӣ муваффақ гаштааст.

Дар суҳбати дӯстона ва тадбиркорона ба хулоса омадем, ки ин амали соҳибкори самарқандиро соҳибкорони вилояти Суғд низ пайгирӣ намоянд.

Мавриди зикр аст, ки якдилию ҳамфикрӣ бошад, ҳар давлат ва ё ҳар як соҳибкор, чӣ дар Ӯзбекистон ва ё чӣ дар Тоҷикистон фаъолият мебарад, як мақсаду маром доранд. Яъне ҳадафҳои ҳар яки мо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва хизмат баҳри ободонии Ватан мебошад.

Ман ҳамчун иқтисодчӣ гуфта метавонам, ки агар сафи соҳибкории хурду миёна чӣ қадар зиёд шавад, он вақт пояи ҳамкориҳо ду тараф мустаҳкам гашта, ҷойи кор таъмин мешаванд ва соҳибкории хурду миёна  пеш меравад ва мардум бо кор ҷалб мешаванд.

Имрӯз вилояти мо аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла   маҳсулоти ширию гӯштӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст. Умедворем, ки минбаъд низ муносибатҳо густариш ёфта, соҳибкорони ҳарду давлат дар соҳоти мухталиф алалхусус тиҷорат ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил мешаванд.

Мӯъминҷон Муллоев, корманди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ:

- Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибати дeстона бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон қавӣ гардид. Аз ин ҷост, ки санаи 20 апрел баҳри иштирок дар Рeзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуруҳи калони намояндагони вилоят ба шаҳри Самарқанд ташриф оварданд. Моро мардуми меҳмоннавози Самарқанд, алалхусус фарҳангиёни шаҳр бо нону намак самимона пешвоз гирифтанд. ҳарду ҷониб аз хушнудӣ ашки шодӣ мерехтанд, зеро расидан ба рӯзҳоро мардум дербоз интизор буданд.

Баробари ин миёни доираҳои тиҷоратии ду вилоят Бизнес-форум ва намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ташкил гардид, ки маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, намунаҳои ҳунарҳои миллии ду вилоят ба намоиш гузошта шуд.

Дар Боғи фарҳангиву истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд барномаи ҷолиби консертӣ баргузор гардид, ки бо рӯҳияи баланд тамошо кардем. Самарқанд хеле ободу зебо ва мардуми он ҷо низ моро хуш пазируфтанд.   

Add comment


Security code
Refresh